Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 22 январ 2017, 00:42

Мурсӣ аввал ба Исломобод, баъд ба Деҳлӣ меравад

11 март 2013, 18:53

Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури Миср, барои нахустин бор аз замони ба курсии раёсат нишастанаш ба Ҳиндустон сафар мекунад.

Бино ба хабари нашрияи «Indian Express», интизор меравад, раисиҷумҳури Миср дар як сафари дурӯзаи худ 18-уми март вориди Исломобод, пойтахти Покистон, шуда, аз он ҷо рӯзи 19-ум ба Ҳиндустон биравад.

Бино ба иттилои манобеи расмии Миср ва Ҳиндустон, ин ду кишвар тасмим гирифтаанд муносибатҳои худро дар заминаи дипломатӣ ва иқтисодӣ, ба вижа дар заминаи омӯзишу фанновариҳо густариш бидиҳанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!