Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:46

101 соли матбуоти тоҷик ва тақдими ҷоизаи Лоҳутӣ (Акс)

11 март 2013, 19:56

Ибодуллоҳи ТОҲИР

Маҳфили бахшида ба 101 соли таъсиси матбуоти тоҷик (чопи нахустин нашрияи тоҷикӣ -- "Бухорои шариф") бегоҳи рӯзи 11-уми март дар театри ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар ин маҳфили идона хабарнигорон аз расонаҳои расмӣ ва мустақили кишвар иштирок доштанд.

Дар ин маҳфил Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистон барандагони ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутиро эълон карда, тӯҳфаҳояшро супорид. Имсол Беҳрӯзи Забеҳулло, Зафари Сӯфӣ, Саймурод Фаттоев, Илҳоми Ҷамолиён, Қаҳҳори Расулиён, Мансур Сайфиддинов, Давлатхоҷа Назиров, Гуландом Ашӯрова ва Гулчеҳра Сатторова барандаи ин ҷоиза шуданд.

Созмони журналистии "Хома" дар навбати худ нашрияи "Имрӯз Нюс"-ро "Рӯзномаи сол" ва Нуралӣ Давлатро "Хабарнигори сол" эълон карда, ба онҳо ҷоизаи таъсисдодаашро супорид. Инчунин, вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ дипломҳои Вазорати фарҳангро ба бархе аз қаламкашон тақдим кард.

Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чоиза муборак бошад ба устодони азизу мехрубонам. Аз хондани ин мавод хушхол шудам. Вокеан имсол дар руйхати чоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутиро нафарони арзанда дохил шудаанд. Инчунин "Хабарнигори сол" хам нафари арзанда гаштааст. Ба хамаи нафароне, ки сохиби чоиза гаштаанд, саломатию сарбаланди хохонам.

Матолиби ҳамсон:

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com

Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!