Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:27

Вазорати умури дохилӣ изҳороти Зоировро тафтиш кардааст

12 март 2013, 10:14

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон изҳороти Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал демократи Тоҷикистонро дар мавриди таъқибаш аз ҷониби мақомоти қудратӣ беасос хонд.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи ин ниҳод, дар суҳбат бо хабаргузории «Озодагон», гуфт, «баъди изҳороти Зоиров дар мавриди он, ки кормандони ВКД ӯро таъқиб мекунанд, бо дастури роҳбарият оиди ин масъала санҷиш гузаронида шуд. Муайян гардид, ки Бахтиёр Сафаров ва Зарина, ки Зоиров дар изҳороташ номбар кардааст, дар Вазорати корҳои дохилӣ кор намекунанд. Инчунин муайян гардид, ки ягон шаҳрванд бо номҳои Сапарова У ва Сапаров Ю ба Вазорати корҳои дохилӣ оварда нашудаанд.»

Ин дар ҳолест, ки охири ҳафтаи гузашта, Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал демократи Тоҷикистон ва яке аз номзадҳои эҳтимолӣ дар интихоботи президентии соли 2013, изҳорот дод, ки мақомот ба ҳар васила ба ӯву наздикон ва ҳамкоронаш фишор меоранд.

Ба гуфтаи Зоиров, аз 17-уми феврал инҷониб кормандони давлатӣ, аз ҷумла маъмурони пулис, ҷойи зист ва телефонхои ҳамкорони собиқ, ҳамзист ва хамсояҳояшро (аз соли 1992-1993 то инҷониб) муқаррар намуда, ба назди онҳо омадаанд ва аз чанд нафари онхо талаб намудаанд, ки алайҳи Зоиров ба мақомоти қудратӣ ариза пешниход намоянд.

“Аз ҷумла, кормандони ВКД, Бахтиёр Сафаров (тахминан 35 сола) ва Зарина (тахминан 45-47 сола), Сапарова У., Сапаров Ю. – ро аз шаҳри Душанбе ба вазорати корҳои дохилӣ оварда, талаб намудаанд, ки нисбати Зойиров ариза нависанд. Ду зани дигар бо номи Назира ва Муноҷот, сокинони пойтахтро ҳамин тавр пурсида, талаб мекунанд, ки онҳо хам ариза нависанд. Аз нохияи Ҷиликӯли вилояти Хатлон низ аз чанд шаҳрванд чунин дархост кардаанд. Аз ҳамаи номбаршудагон кормандони ВКД хоҳиш кардаанд, ки аз ҷузъиёти ин суҳбатҳо ба Зойиров хабаре надиҳанд”,-гуфт ӯ.

Зоиров таъкид мекунад, ки ҳамаи номбаршудагон собиқ ҳамзисту ҳамсояҳои ӯ будаанд: “Мо, ки то имрӯз муносибати хуб дорем, онҳо аз навистани ариза бар зидди ман даст кашиданд ва ба ман хабар доданд.” Раиси ҲУСДТ мегӯяд, ин иқдоми мақомот як фишори равонӣ буда, ба интихоботи президентии моҳи ноябри соли равон рабт дорад. Дар ҳоле ки Ҷунбиши миллӣ, як созмони сиёсии сабтиномнашуда ӯро номзади худ дар интихоботи президентӣ дониста, аз дигарон низ хостааст, ки Зоировро пуштибонӣ кунанд. Гузашта аз ин, раиси ҲУСДТ Кумитаи тадорукот барои тағйири қонуни интихоботро ташкил дода, барои ислоҳи ин қонун талош дорад.

Бо ин ҳама, дар охири изҳороташ ҷаноби Зоиров гуфта, ки ҳарчанд онҳо барои ислоҳи қонунҳо ва ислоҳоти кадрӣ талош доранд, аммо ҳадафашон "вазифагирӣ" нест.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!