Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:50

Профессори тоҷик чанд сомонӣ маош мегирад?

12 март 2013, 11:04

Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд маоши миёнаи ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар имсол 2 ҳазору 946 сомониро ташкил медиҳад. Ин нишондод дар соли гузашта ба 2 ҳазору 266 сомонӣ баробар будааст.

Тавре аз Вазорати маорифи Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, музди меҳнати роҳбарияту омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз ҳисоби буҷет ва суратҳисоби махсус, ба ҳисоби миёна дар соли 2012 – 2013 чунин муайян шудааст: “Мовини ректор 2409 сомонӣ дигар кормандони маъмурӣ, техникӣ ва таълимӣ 763 сомонӣ маош мегиранд.”

Манбаъ афзуд, ки музди миёнаи профессор-доктори илм дар соли равон 1461 сомонӣ муқаррар шудааст. Маоши саромӯзгор номзади илм бошад дар соли равон 902 сомонӣ, саромӯзгор бе унвон 666 сомонӣ, омӯзгор 393 сомонӣ, ассисент бо унвони илмӣ 563 сомонӣ, ассисент бе унвон бошад 523 сомониро ташкил медиҳад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хандаовар кадом омузгор ба умеди хамин маош хар сахар ба кор меравадд... омузгорони мо профессорону номзадону ассистентону ва гайрахо ин маошро дар як руз кор мекунанд факат интизор бояд шуд се давраро кабул сессияи зимистона ва тобистона. боки ин маошро метавонед ба онхо надихед хам мешавад.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!