Бахшҳо
12 мар 2013 12:34Хабарҳои ҷаҳон

Ояндаи равобити Миср ва Исроил пас аз инқилоб

Хабаргузории “Форс” таҳқиқоти маркази стротегии "Сабо", дар мавриди ояндаи равобити Мисру Исроил дар пасманзари сари қудрат омадани исломгароён дар Қоҳираро, нашр кардааст.

Ояндаи равобити Миср ва Исроил аз ҷумлаи мавзуъоте аст, ки ба шиддат зеҳни сарони режими саҳюнистӣ ва дар айни ҳол коршиносони онро бо таваҷҷуҳ ба тағйири низом дар Миср ва руи кор омадани исломгароён дар он, даргир ва нигарон карда аст.

Пирӯзии инқилоби 25 январи Миср, ба дунболи он ба қудрат расидани ҷамоъати Ихвонулмуслимин дар ин кишвар, баҳс ва ҷадалҳои бисёре дар бораи ояндаи равобити Миср ва Исроил ба роҳ андохт ва ин баҳсу ҷадалҳо беш аз ҳар чиз миён доираҳои саҳюнистӣ ба чашм мерасад, ки нисбат ба вазъияти муоҳидаи сулҳ байни Қоҳира ва Телавив (Кемп Девид), ба шиддат нигарон нишон медоданд.

Аммо сарфи назар аз муоҳидаи Кемп Девид он чи беш аз пеш бар нигаронии режими саҳюнстӣ меафзуд, инзивои минтақаӣ ба дунболи аз даст додани муҳимтарин шарики минтақаиаш, яъне режими Ҳусни Муборак буд. Чун Телавив интизор дошт, ба ҳамон тартиб ки режими ҳоким дар Миср тағйир карда, сиёсати хориҷияш дар ду арсаи минтақаӣ ва байналмилалӣ ба таври ом ва нисбат ба қазияи Фаластин ба таври хос, шоҳиди тағйир ва таҳаввулоте бошад ва дар ин миён афкори умумии Миср нақши муҳиме дар шаклдиҳии сиёсати хориҷии ин давраи кишвари Миср иҷро мекарданд.

Ин масъалаҳо, ҳамон тавр ки гуфта шуд, саволоти бисёреро дар бораи ояндаи равобити Исроил ва Миср ва ба вижа дарбораи паймони Кемп Девид, ба вуҷуд овардаанд ва посух ба онҳо ниёзманди таваҷҷуҳ ва маҳдудиятҳои ҳоким бар сари роҳи тағйир ва таҳаввули равобити ду тараф, ба вижа низоми ҳоким дар онҳост. Дар ин байн шароити минтақаӣ ва байналмилалии таҳмил шуда бар ду тараф, аз ҷумлаи сабабҳое ҳастанд, ки бар равобити Миср ва Исроил таъсиргузор ҳастанд. Аз ҷумлаи ин сабабҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ метавон ба мавридҳои зер ишора кард:

- Таҳаввулоти арсаи минтақаӣ

Тағйир ва таҳаввулоти минтақаӣ аз ҷумлаи муҳимтарин авомили таъсиргузор бар равобити Миср ва Исроил аст. Ҳамзамон бо афзоиш ва пур рангтар шудани нақши Эрон ва Туркия дар минтақа ва ба хусус дар масъалаҳои арабӣ ва ба хусус баҳори арабӣ, ки минтақа ба таври куллӣ ва Миср ба таври хос, шоҳиди он буд, ба назар мерасад, ки Миср бори дигар нақши гузаштаи худ дар ҷаҳони арабро боз ёбад ва ин пеш аз ҳар чиз боиси оғози давраи ҷадиде дар равобити Қоҳира - Телавив хоҳад шуд.

- Паёмадҳои инқилоби арабӣ бар Исроил

Тағйир ва таҳаввулоти минтақаӣ бар гузинаҳои стротегии Исроил дар дарозмуддат таъсироти хатарноке бар ин режим хоҳад гузошт, ки муҳимтарини ин таъсиротро метавон дар мавориди зер хулоса кард:
1) Афзойши инзивои минтақаии Исроил дар натиҷаи фурупошии равобити суннатии минтақаии он.
2) Ояндаи тавофуқномаи сулҳи Миср ва Исроил, ки дар ин хусус Исроил нисбат ба ояндаи ин тавофуқнома бимнок аст.
3) Нигарониҳои амниятӣ ва идомаи набуди субот дар ҷаҳони Араб.

- Нигоҳи куллӣ ва ҷомеъ ба ояндаи равобити Миср ва Исроил

Бо вуҷуди ихтилофи назар ва дидигоҳи коршиносон ва таҳлилгарон дар қиболи равобити ду тараф, бо ин ҳол онҳо бар ин нукта иттифоқи назар доранд, ки равобити ду тараф дар оянда уфуқи чандон равшане нахоҳад дошт ва дар ин байн авомиле чанд бар сиёсатҳои Миср нисбат ба Исроил таъсир мегузорад:

1: Шурои олии ниозмии Миср: Равобити низомии Миср ва Исроил пештар бар қудрати боздорандагии мутақобил бар асоси бандҳои мазкур дар тавофуқномаи сулҳи имзо шуда байни ду тараф, устувор буд ва ҳар гуна вайронкунии ин бандҳо аз ҷониби ду тараф, ҷанг байни Қоҳира ва Телавивро ба дунбол дорад. Таҳлилгарон дар ин шароит бар ин боваранд, ки Миср дар шароити кунунӣ худро даргири ҷанг бо Исроил нахоҳад кард.

2: Авзои дохилии Миср: авозои дохилии Миср аз ҷумлаи сабабҳои таъсиргузор ва таъйинкунанда дар раванди сиёсати хориҷии ояндаи Миср аст. Дар ин байн сарусомон додан ба авзои дохилӣ, ниёзманди сарфи вақти бисёр тавассути раҳбарони ҷадиди Миср аст. Ин дар ҳоле аст, ки бояд ба вазъяти иқтисодии Миср, ки рекорд ба сар мебарад ва нақши мардуми ин кишвар дар таъйини сиёсатҳои ҷадиди ин кишвар ва ҳузури муҷаддади он дар арсаи сиёсати хориҷиро нодида гирифт.

3: Таҷдиди назар дар сохтори иқтисодии Миср: низоми ҷадиди ҳоким бар Миср ба хубӣ медонад, ки иқтисоди қудратманд яке аз муҳимтарин омиле аст, ки тақвияти нақши минтақаии Мисрро ба дунбол дорад, ба ҳамин далел раҳбарони кунунии Миср дар андешаи эҳёи дубораи иқтисоди ин кишвар ҳастанд.

4: Нақши Амрико ва таъсири он бар равобити Миср - Исроил: сулҳ байни Миср ва Изсроил яке аз муҳимтарин муваффақиятҳои дипломотияи Амрико дар давраи ҷанги сард ба шумор меравад ва пойбандии Миср ва Исроил ба ин тавофуқномаро бояд раҳоварди ҳимоятҳои саховатмандонаи Амрико, ба хусус дар арсаи молӣ аз Миср ва Исроил, он ҳам ба далелҳои стротегӣ, мулоҳиза кард.

-Чархиши сиёсати Миср ба суди Фаластиниён

Миср пеш аз фурупошии режими Муборак талош дошт қазияи фаластиниро бар асоси моҳияти равобити худ бо Исроил ҳаллу фасл кунад. Аммо дар марҳилаи оянда ба назар мерасад, ки қазияи фаластинӣ мавриди таваҷҷуҳи бисёр, бештари тарафи мисрӣ аст ва дар пайи он сиёсатҳои Миср дар ин давра ба суди қазияи фаластинӣ чархиш хоҳад дошт.

Тамоми омилҳое, ки дар боло зикр шуд, боис шуда, уфуқҳои равшане пеши руи равобити Миср ва Исроил ба чашм нахӯрд ва ин ҳеч гоҳ барои раҳбарони Исроил амре хушоянд нахоҳад буд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)