Раҳмон ва Бердимуҳаммедов таҷлили Наврӯзро баррасӣ карданд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 12-уми март, дар суҳбати телефонӣ бо президенти Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов масоили ҳамкорӣ ва таҷлили иди Наврӯзро баррасӣ кардааст.
Тавре дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, сарварони ду кишвар дар мавриди вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва масоили муҳими ҳаёти минтақа мубодилаи афкор намуданд. Ба иттилои манбаъ дар суҳбат ба масоили баргузории ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки имсол дар шаҳри Ашқобод доир мешавад, диққати хосса зоҳир гардидааст.
Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов изҳори боварӣ кардаанд, ки вохӯриҳои дар доираи ҷашн доиршаванда имкон медиҳанд, масоили зиёде ба манфиати мардумони Тоҷикистону Туркманистон ва дар маҷмуъ минтақа ҳал гарданд. Ҷашни расмии Наврӯз имсол дар Ашқобод, маркази Туркманистон, баргузор хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |