Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 07:15

Ихтилоф дар заминаи мазҳабӣ дар шаҳраки Шардара

13 март 2013, 09:02

Бино ба иттилои Иттиҳоди мусалмонони Қазоқистон имоми масҷиди шаҳраки Шардара, дар вилояти Ҷануби Қазоқистон, бо далели ба қавоиди мазҳаби ҳанафӣ мувофиқат накардани намозгузории як нафар садди ибодати ӯ шудааст. Он нафар аз болои имом ба ҳукумати ноҳия ва шӯъбаи маҳаллии ҳизби «Нур Отан» шикоят бурдааст.

«Бахтиёр Алипбоев, роҳбари шӯъбаи сиёсати дохилии ҳизб имомро даъват карда, гуфтааст, ки амали ӯ ҷоиз нест. Имом баъди ин мулоқот аз шахси шикоятбурда пузиш хостааст»,-омадааст дар иттилоияи Иттиҳоди мусалмонони Қазоқистон.

Иттиҳоди мусалмонони Қазоқистон ва Кумитаи мусалмонон оид ба ҳуқуқи инсони Осиёи Марказӣ ба Бахтиёр Алипбоев изҳори ташаккур намуда, амали ӯро барои бештари мансабдорон намунаи ибрат хондаанд. Ин ду ниҳод дар изҳороти муштараке аз мири вилояти ҷанубии Қазоқистон ва роҳбари ҳизби «Нур Отан» хостаанд, Алипбаевро ҳамчун роҳбари боистеъдод, ки қудрати ҳалли низоъҳои мушкили иҷтимоиро дорад, қадр намоянд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ихтилоф дар заминаи мазҳабӣ дар шаҳраки Шардараи Казокистон зидди шариати Ислом аст. 4-мазхаби ахли суннат ва чамоат мавчуд аст, ки пайравии дилхохи он дуруст аст. Мазхаби Ханафия ягона мазхаби сахех нест. Бехтараш биёед дар таълиму тарбияи исломи кушиш кунем.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шардара Чордараи точикист!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!