Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:28

Аслиддин Ҳабибуллоев -- мураббии калони дастаи миллӣ

13 март 2013, 09:24

Аслиддин Ҳабибуллоев, собиқ дарвозабон, мураббии калони дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футбол дар сабқати интихобии Ҷоми АФК дар Бишкек, ки аз 17 то 21-уми март баргузор хоҳад шуд, таъин гардидааст.

Торнамои Федератсияи футболи Тоҷикистон менависад, Ҳабибуллоев муваққатан дар ин мақом Мубин Эргашевро иваз кардааст, ки моҳи гузашта раҳбари дастаи футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд таъин шуд. Ба иттилои манбаъ, ба далели он ки Эргашев ҳоли ҳозир дар дастаи футболи «Хуҷанд» ноиб надорад, наметавонад бо дастаи миллӣ ба Бишкек равад.

Дар ҳамин ҳол, Федератсияи футболи Тоҷикиcтон мегӯяд, футболбозони дастаи миллии Тоҷикистон тамринҳои худро дар шаҳри Қайроққум аз сар гирифтаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!