Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 01:37

Раҳмон ва Фишер: Имконоти истифоданашуда зиёд дорем

13 март 2013, 13:45

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар фарҷоми мулоқоти ҳайатҳои васеи Тоҷикистону Австрия изҳор дошт, ки имкониятҳои зиёди ҳамкории ин ду кишвар айни ҳол истифода намешаванд.

Тавре дафтари матбуоти раисиҷумҳур иттилоъ медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳайнс Фишер, президенти Австрия вазъи кунунии ҳамкориҳоро баррасӣ карда, сари ин ақида омадаанд, ки “дар ин муносибот ҳанӯз имконоти бузург мавҷуданд ва истифодаи ҳарчӣ фаъоли онҳо ба манфиати тарафҳо хоҳад буд.”

Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи мулоқоташ бо Фишер ба хабарнигорон гуфтааст, “мо соҳаҳои энергетика, саноати сабук ва хӯрокворӣ, кишоварзӣ, туризм, истеҳсоли маводи сохтмонӣ, рушди шабакаи инфрасохториро ба ҳайси самтҳои ояндадор муқаррар кардем. Таваҷҷуҳи ҷониби Австрияро ба барномаву лоиҳаҳои иқтисодии худ, ки ҳамзамон аҳамияти минтақавӣ доранд, ҷалб кардем.”

Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки “ҳамоиши иқтисодӣ, ки имрӯз бо иштироки президентҳо ва дӯстони австриягии мо баргузор хоҳад шуд, имкониятҳои нави барпо кардани равобити мустақими иқтисодиро байни субъектҳои хоҷагидори тарафайн фароҳам хоҳад сохт.”

Ҳайнс Фишер дар навбати худ аз узвияти Тоҷикистон дар СҶТ истиқбол карда афзудааст, ки Австрия имрӯз метавонад дар бахшҳои энергетикаю нақлиёт бо Тоҷикистон ҳамкории зичро ба роҳ монад. Ӯ таъкид кардааст, ки барои сарозер шудани сармоя ба Тоҷикистон ва рушди ҳамкорӣ пеш аз ҳама таъмини волоияти қонун зарур аст.

Сафари кории Ҳайнс Фишер ба Тоҷикистон то 14-уми март идома дошта, дар назар аст, ки аз Душанбе ба Қирғизистон раҳсипор шавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!