Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 04:55

"Нурӣ ва Тоҷикистони муосир". Ёдбуди муассиси Ҳизби Наҳзати Исломӣ

13 март 2013, 14:04

Ба муносибати 66-умин солрӯзи таваллуди Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, муассиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар қароргоҳи ин ҳизб дар Душанбе маҳфиле оғоз ёфт. Ин маҳфил "Андешаҳои устод Нурӣ ва Тоҷикистони муосир" унвон дошта, дар он аъзои ҲНИТ, донишмандон ва наздикону дӯстонаш иштирок мекунанд.

Сайид Абдуллоҳи Нурӣ 15-уми марти соли 1947 дар деҳаи Оштиёни ноҳияи Сангвор чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ӯ фарзанди чоруми Нуриддин Саидов (1900-1982), раиси ҷамоати деҳоти Арғанкӯл, ба шумор меояд. Соли 1953, пас аз он ки ноҳияи Сангвор барҳам дода шуд, мардуми ин минтақа ба водии Вахш кӯчонида мешавад ва хонаводаи Нурӣ низ дар совхози «Туркманистон», воқеъ дар ноҳияи Вахш, маскан мегиранд.

Гуфта мешавад, Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аз замони таъсиси ҲНИТ дар миёнаҳои даҳаи 1970 раҳбарии онро бар ӯҳда дошт. Дар замони даргириҳои дохилии солҳои 1992-1997 раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин буд ва ба назари коршиносон хизмати ӯ ин буд, ки тавонист гурӯҳҳои мухталифи мухолифини ҳукуматро зери як ливо қарор бидиҳад.

Наздикони Сайид Абдуллоҳи Нурӣ мегӯянд, базудӣ сайт ё торнамое низ ба хотири ӯ дар шабакаи ҷаҳонии Интернет фаъол хоҳад шуд, ки тамоми осори илмӣ, сӯҳбатҳо, муроҷиатҳо ва аксҳову видоеҳояшро дар бар мегирад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
БУЗУРГИИ ИН МАРДИ ШОДРАВОНРО МО ДАР ТОЧИКИСТОН КАМ МЕДОНИСТЕМ.БАРОИ ОН КИ БУЗУРГВОРИХОИ ШАХСИ БУЗУРГРО КАСЕ ДАРК МЕСОЗАД,КИ ХУД ШОГИРДИ ЯГОН ИНСОНИ БУЗУРГЕ БОШАД.Ё ИН КИ АЗ КУЧАИ БУЗУРГОН ГУЗАШТ КАРДА БОШАД.АФСУС,КИ ТОЧИКИСТОНИ БУЗУРГИ МО,БУЗУРГМАРДОНИ ПАЙГАМБАРСИФАТ ДОШТ.МО ТАНГНАЗАРУ КУНДЗЕХНУ ТОРИКФИКР ВА БУЗУРГПАРХЕЗ БУДЕМ.МО ШОГИРДИ ХАР КИ ШУДЕМ,ШОГИРДИ ХАРЧИ ШУДЕМ,ШОГИРДИ ХУД БО ХУД ШУДЕМ,ШОГИРДИ САРХУШИВУ САРМАСТИ,ШОГИРДИ ГУМРОХИВУ ЧОХИЛИ,БЕАНДЕШАГИВУ БЕКЕШИ ШУДЕМ.ШОГИРДИ ДУНЁИ ИШКУ ОШИКИ,БАХСУ КИНА,КИБРУ ГУРУР,ХУДПАРАСТИ,ЧУДОСОЗИИ МИЛЛАТ ВА ДУШМАНИ КОТИЛИ ХУД ШУДЕМ.ДАР ОХИР ХУДРО БО ХУД УСТОД ГУФТЕМУ ХУДРО САРЗАНИШ КАРДЕМ,ХУДРО БО ХУД ШОГИРДИ ХОМУ ХИРААКЛ ШУМОРИДЕМ.ВАЛЕ БА ХАМИН ГУНА ШАХСОНИ БУЗУРГ МИСЛИ УСТОДИ ШОДРАВОН САЙИД АБДУЛЛОИ НУРИ ШОГИРДИРО НАХОСТЕМ,УСТОДИРО НАПАЗИРУФТЕМ.РУЗЕ РАСИД,КИ ИН ИНСОНИ БУЗУРГ ХОСТ,КИ МО ШОГИРДИ МИЛЛАТУ ДИНУ ОИНИ ХУД БОШЕМ,ШОГИРДИ ДОНИШГОХИ БУЗУРГИ ВАТАНШИНОСИВУ МИЛЛАТГАРОИИ ХУД,СОХИБВАТАНХОИ ТОЧИКИСТОН БОШЕМ.МО,КИ ХУД МОИЛИ БУЗУРГИ НАДОШТЕМУ НОИЛ НАШУДЕМ,ДОНИШГОХИ БУЗУРГИ УРО ПОРА-ПОРА КАРДЕМ,ШОГИРДОНИ АХРИМАНУ ИБЛИС ШУДЕМ,РАМЗИ ШОГИРДИВУ УСТОДПАЗИРИРО РЕШАКАН КАРДЕМ..ХОЛО ДАР ТОЧИКИСТОН ОЁ ШОГИРДУ УСТОД МОНДА БОШАД?АКНУН,БИЁЕД АЗ ПАРВАРДИГОРИ ОЛАМ ТАЛАБ СОЗЕМ,КИ ЧОИ УСТОДРО ДАР ЧАННАТ НИХАД.ПАС АЗ САРИ У МО АКНУН УРО УСТОД МЕГУЕМ.ШОЯД,КИ РУХАШ ШОД ШАВАД,КИ ШОГИРДХОЯШ ВАТАНДУСТУ УСТОДПАЗИР ШУДААНД.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худованд Рахмату магфират кунад устод Сайид Абдуллоҳи Нуриро! омин у бехтарин шахсият буд

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!