Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:42

Ҷавонони мусулмон тасмим доранд, як анҷуман баргузор кунанд

7 май 2011, 07:34

Дар назар аст, ки  Кунгураи панҷуми онҳо имсол дар моҳи июл дар пойтахти Тотористан, шаҳри Қазон сурат пазирад.

Дар ин бора ба хабарнигори «Озодагон» аз  Кумитаи тадорукоти ин Анҷуман маълумот доданд. Дар ин ҳамойиш намояндагони мусулмони аз 18 то 30 солаи кишварҳои мусулмонӣ ширкат хоханд кард.

Тавре дар баёнияи масъулини ин Анҷуман омадааст, ҳадафи онҳо ба ҳам овардани ҷавонони мусулмон, баррасии мавзӯву мушкилоти онҳо ва ба роҳ мондани ҳамкориву қаробати байни ҷавонони мусулмон мебошад.

Гуфта мешавад, барномаи ин Анҷуман мубоҳисаву мизҳои гирд, маърӯзаву сабқатҳо ва корҳои амалӣ оид ба Ислом, ҳамчунин вохӯрӣ бо рӯҳониёни саршиноси Исломро низ дарбар мегирад.

Дар давраи амали Анҷуман хадамоти матбуотии он фаъол шуда, нашри ҳаррӯзаи рӯзнома, намоиши филмҳои мусулмонӣ низ анҷом хоҳад шуд.

Сарпарастии Анҷуманро Раёсати муносибот бо ташкилотҳои динии назди Президенти Тотористон ва дигар муассисахои давлативу динӣ ба ӯҳда гирифтаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!