Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 16:31

Азимов: Барои Тоҷикистон виза не, шиносномаи хориҷӣ ҷорӣ мешавад

14 март 2013, 16:56

Анвар Азимов, сафир оид ба корҳои махсуси Вазорати умури хориҷии Русия, изҳораташро дар бори ҷорӣ намудани виза бо кишварҳои Осиёи Миёна рад карда, афзудааст, ки ӯ виза не шиносномаҳои хориҷиро дар назар доштааст.

Ӯ дар суҳбат бо хабаргузории РИА “Новости” изҳор доштааст, ки Русия бо шариконаш аз кишварҳои ИДМ эҳтироми зиёдро қоил аст ва ягон бор масъалаи ҷорӣ намудани виза бо ин кишварҳо матраҳ набуд. Ӯ шарҳ додааст, ки зимни баромадаш аз тариқи шабакаи “Дожд” на виза балки шиносномаҳои хориҷиро гуфтааст, ки бо дастури Владимир Путин, барои тамоми хориҷиён ҷорӣ хоҳанд шуд.

Қаблан Азимов, ки дар барномаи “Госдеп-3” аз тариқи шабакаи “Дожд” суҳбат мекард, изҳор дошт, дар муҳлати муайян бо Тоҷикистону Узбакистон ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна низоми равододид ҷорӣ мегардад: “Дар ин бора раисиҷумҳур Владимир Путин изҳор дошта буд. Ба фикрам, аз соли 2015 сар мешавад.” Акнун Азимов таъкид мекунад, ки ин шабака суханҳояшро бурида пахш кардааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти Русия мегуфтанд, нияти ҷорӣ намудани виза бо кишварҳои Осиёи Миёнаро надоранд. Константин Ромадановский, сардори Хадамоти муҳоҷирати Русия, визаро бо кишварҳои Осиёи Миёна хилофи аҳдофи гузоштаи Владимир Путин гуфт, ки ният дорад, тавассути созмони Иттиҳоди Авруосиё ҳаракати бемонеаи пул, нерӯи корӣ ва сармоягузоронро дар минтақа таъмин намояд.

Аммо бархе аз сиёсатмадорон ва ҷомеаи шаҳрвандии Русия барои коҳиш додани муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва интиқоли маводи мухаддир пешниҳод доранд, ки бо Осиёи Миёна виза ҷорӣ гардад.

Аз Тоҷикистон ба Русия ҳамасола то 1,5 миллион муҳоҷири корӣ мераванд ва маблағи интиқолдодаи онҳо сарчашмаи асосии муътадилии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Фатхиддин

  • 24 апрел 2013 17:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Гумонам,чори шудани виза хуб аст.Зеро мардум ба пули ночиз кор мекунанд ва саломатии худро аз даст медиханд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!