Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:37

Оё мехоҳед, ҷумъа рӯзи истироҳат бошад?

14 март 2013, 12:28

Вакилони парлумони Қирғизистон аз Ҳизби «Ор-номус» дар тарҳи ислоҳҳо ба Кодекси меҳнати ин кишвар пешниҳод кардаанд, ки рӯзи ҷумъа рӯзи истироҳат эълон шавад.

Турсунбой Боқир уулу, вакили парлумони Қирғизистон гуфтааст, ин ташаббус барои ҳимоят аз ҳуқуқи мусалмонон кумак хоҳад кард. Ӯ дар шарҳи ин ҳарфҳои худ афзудааст, дар рӯзи ҷумъа аксари мардуми мусалмон маҷбур мешаванд, бо хотири парешон корашонро тарк карда, барои намози ҷумъа раванд.

Ин вакили қирғиз гуфтааст, дар сурате ки рӯзҳои корӣ шаш рӯз таъин шаванд, он вақт танҳо ҷумъа барои мардуми ин кишвар рӯзи истироҳат хоҳад буд. Агар рӯзи корӣ панҷ рӯз бошад, пас, мардум метавонанд рӯзҳои ҷумъа ва шанбе истироҳат кунанд.

Дар Тоҷикистон ҳам, ки беш аз навад дарсади сокинонаш мусалмонанд, рӯзи ҷумъа рӯзи корист. Ҳарчанд дар баъзе маҳофил дар бораи тағйири рӯзи истироҳат ба рӯзи ҷумъа суҳбатҳо шудааст, вале то ҳол расман дар ин замина талоше сурат нагирифта. Бо ин ҳол, хабарнигори «Озодагон» аз чанд раҳгузар дар хиёбонҳои Душанбе пурсид, ки то куҷо тарафдори тағйири рӯзи истироҳат аз якшанбе ба ҷумъаанд.

Бархе аз назардиҳандагон гуфтаанд, барояшон мақбул аст, ки рӯзи ҷумъа истироҳат эълон шавад. Баъзеи дигар ҳам гуфтаанд, ки тӯли чандин сол ба рӯзи якшанбе, ки дар Тоҷикистон бештар бо номи рӯзи бозор маъруф аст, одат кардаанд ва бигузор чунин бошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Jibril

  • 15 март 2013 21:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Асалому алекум дустони азиз ман шахсан тарафдори истироха будан дар рузи чума астам чунки паёмбари акрам (с) ин рузро барои муминон бенихоят сифат кардааст паёмбар фармудааст :бехтарин рузи шумо рузи чума аст дар ин руз Одам (а) халк шуд ва дар хамин руз рухашро гиританд ва дар хамин руз киёмат мешавад ва дар хамин руз барои ман салавот зиёд бифтистед . паёмбар (с) фармудааст рузи чума малоикахо дар дархои масчид меистанд ва хар шахсеки медарояд онро навишта мекунанд . Бигзор мардуми мусалмони мо аз ин ачрхои зиёд махрум нагарданд .
Посух додан
  • тоджикистони

  • 22 август 2014 11:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар хакикат хуб мешуд хам аз тарики ислом ва хам барои кор тамоми халки мусулмон ки чумхурии мо низ 97 дар 100 мусулмон аст ин рузро хам чун ид интизоранд ки дар хакикат ид аст ва аз соати 12 таёри ба намоз мебинанд ва баьди намоз у кадар илхоми кори намешавад мехохи дам гири ёба тамошо барои савобам дорад рузи якшанбе( рузи бозор) ки хозир хар руз бозорай камтар аз стандарти кории чахони мебароем ки у кадар ахмият надорад серавно бо маджлисо мо рузи душанбера кур мекнем и маджлисо рузи якшанбе мешаваду аз рузи душанбе ба хама барори кор барои хафтаи нав ва баракат хохонем !!!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!