Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 03:16

Пулис духтари 19-соларо ба дуздӣ муттаҳам мекунад

14 март 2013, 16:22

Мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Рудакӣ сокини 19-солаи шаҳри Ваҳдат, Санаева Меҳрангезро бо иттиҳои дуздии 1400 доллари амрикоӣ боздошт кардааст.

Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, Санаева Меҳрангез рӯзи 12-уми марти соли равон тахминан соати 14:30-дақиқа бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматии Қурбонова Раҷабмоҳ Ҳамдамовна соли таваллудаш 1968, сокини деҳаи Сабзикори ноҳияи Ваҳдат шуда, аз онҷо 1400-доллари амрикоӣ пули нақдашро дуздида, ғайб задааст.

Манбаъ мегӯяд, дар натиҷаи корҳои ҷустуҷӯи дузди эҳтимолӣ дастгир шудааст ва айни ҳол аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!