Бахшҳо
15 мар 2013 09:59Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Баъд аз чанд сол ба сатҳи соли 1985 мерасем?

Маҳмадалӣ ҲАИТ, муовини раиси ҲНИТ:
“Ба сатҳи соли 1985 расидани Тоҷикистон амри маҳол аст. Чун дар он замон Иттиҳоди Шӯравӣ хеле қавӣ буду иқтисодиёташ ба дараҷаи олӣ тараққӣ карда буд. Сатҳи маънавиёту ахлоқи ҷомеа ҳам бамаротиб боло буд. Вале имрўз як Тоҷикистони фарсудаву ақибмонда аз нигоҳи иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавиёту ахлоқ дорем. Барои ислоҳи камбудҳои ҷомеа ва барои пешрафти иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон 50 соли дигар лозим аст, то ин 20 соли ҳукумати феълиро ҷуброн карду ба он сатҳ расид.”

Нуралӣ ДАВЛАТ, коршиноси масоили сиёсӣ:
“Агар Шумо дар назар дошта бошед, ки Тоҷикистон аз лиҳози тавлиди маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ кай ба соли 1985 мерасад, бо тамоми масъулият мегўям, бо ин ҳоле, ки мо имрӯз дорем, дар панҷоҳсолаҳои наздик намерасем. Ҳатто агар хоҳем ҳам. Зеро ислоҳоти иқтисодиеро, ки ҳукумат бо тависяи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор шуруъ кард, натиҷааш барои огоҳон аз қабл маълум буд. Мо ба як кишвари истеъмолгар мубаддал шудаем, на истеҳсолгар. Вазъи иҷтимоии мардум аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ хубтар шудааст, вале дар мавриди сатҳи соли 1985 орзу ҳам накунед. Харидани мошинҳои хориҷие, ки соҳибонашон дар ватани худашон барои партофтани онҳо ба партовгоҳҳо маблағ месупоранд, нишонаи беҳтар шудани зиндагӣ нест... Имрўз мошини партоби дасти сеюму чоруми хориҷӣ маънии доро шудани мардуми Тоҷикистон нест, балки ба боди фано партофтани пулҳои бо арақи ҷабин ҷамъкардаи муҳоҷирони меҳнатӣ аст.”

Табаралӣ ҒАНИЕВ, доктори улуми иқтисод:

“Дар он системаи пешинаи Шӯравӣ ҳадафҳо, талабот ва сохтори иқтисодӣ куллан фарқкунанда буд ва иқтисодиёти имрўзаи Тоҷикистон давоми он иқтисодиёт нест. Чун мақсадҳо ва Конститутсия пурра дигар карда шуд. Агар муқоисаҳо бо 10 соли ахир сурат гирад, ба мақсад наздик мешавем. Аз ин рў муқоисаҳо бояд дар шакли замонавӣ анҷом дода шаванд. Нисбат ба дигар давлатҳо бояд ин қиёс сурат гирад, то дида шавад мо дар кадом ҳолатему онҳо дар кадом ҳолат ва ба ҳисоби миёнаи ҷаҳонӣ, ки 6 нишондиҳанда муқоиса мегардаду натиҷагирии хуб ҳосил мегардад.”

Усмон СОЛЕҲ, раиси шуъбаи таблиғотии ҲХДТ:
“Замони Шўравӣ аз рўи нақша тамоми соҳаи иқтисодиёту иҷтимоиёт минҷумла маорифу тандурустӣ танзим мешуданд. Ҳозир агар омор бошад, мумкин аст, муқоиса карда шавад. Вале бояд ба инобат гирифт, ки ҷумҳурии мо чи қадар нобасомониву маҳрумиятро аз сар гузаронид. Танҳо ҷанги шаҳрвандӣ 10 миллиард хисорот ба мо ворид кард. Бо ин вуҷуд ММД-и мо ҳар сол 5 то 7 фоиз афзоиш меёбад. Пешрафт ҳаст дар ҳамаи соҳаҳо, инқадар сохтмону истеҳсолот роҳандозӣ шудааст. Дар он замон барои чанде аз маҳсулот навбатпоиҳо буду бархе молҳо ба дефитсит табдил ёфта буданд. Аммо акнун чунин мушкилот мо надорем. Ҳарчи мехоҳем, аз бозорҳо пайдо мекунем. Барои мо имрўз беҳтар аст назар ба он солҳо. Чун Шӯравӣ моро дар як қолаб нигоҳ медоштанд маошро аз 180 сум болотар намебардоштанд. Аммо имрўз ҳар кас озод асту ҳунару истеъдод дошта бошад, метавонад зиндагияшро хуб кунад.”

Барзу АБДУРАЗЗОҚОВ, коргардони театр:
“Он замон теъдоди зиёди донишҷўёне, ки донишгоҳҳои Маскаву Санкт-Петербургро бо ихтисосҳои театршинос, рассом, коргардон ва ғайра хатм карданд, миёнашон истеъдодҳои зиёде буд. Ман ҳамаи онҳоро намешинохтам. Аммо мусаллам аст, ки сатҳи онҳо бо хатмкардагони дигар ҷумҳуриҳо баробар буд. Барои он ки мо ба сатҳи он замон бирасем, бояд манобеи миллӣ ва хоҳишҳои муаяне дошта бошем. Албатта, худамон ба танҳоӣ ин корро анҷом дода наметавонем, чун мо донишгоҳҳо, муаллимон ва аҳдофи кофӣ надорем. Барои ин ба мо лозим аст, то нигоҳамонро ба ин самт бознигарӣ кунем. Дар ин сурат тибқи ҳисоби ман тақрибан баъди 15 сол мо метавонем, ҳадди ақал ба он сатҳ бирасем.”

Абдуфаттоҳ ВОҲИДОВ, коршиноси масоили сиёсӣ:
“Барои посух додан ба саволи мазкур мо бояд ба воқеияти соли 1985 назар андозем. Ман ҳамон солҳо хабарнигори рўзномаи "Ҷавонони Тоҷикистон" будам. Маошам дар як моҳ 145 рубли Шӯравӣ буд. Илова бар он, ман барои мақола ва гузоришу хабарҳои дар рўзнома чопкардаам ҳар моҳ дар ҳудуди қариб баробари маошам ҳаққи қалам мегирифтам. Акнун ба арзиши молҳо назар меандозем. Ман дар вақти хўроки пешин ҳамагӣ 1 ё 1,5 рубл сарф мекардам. Роҳкиро ҳамагӣ 3 - 5 тин (вобаста ба намуди нақлиёти ҷамъиятӣ) арзиш дошт. Нархи либос хеле арзон буд. Масалан, бо 15-20 рубл туфлии беҳтарини истеҳсоли ширкати "Цебо"-и Чехословакияро харидан мукин буд. Куртаҳои беҳтарини мардонаи чинӣ ё маҷорӣ бо арзиши 20-35 рубл дастрас мешуданд. Мо аз шими ҷинс танқисӣ мекашидем, зеро идеологияи шўравӣ ба ҷавонони шўравӣ пўшидани либоси ковбойҳои амрикоиро иҷозат намедод. Дар ҳар сурат мо бо ҳар роҳ шимҳои ҷинси амрикоӣ пайдо карда мепўшидем. Ҳамин тариқ, бо маоши дар як моҳ гирифтаи ман хеле хуб зистан мумкин буд. Илова бар он, аз сари маош чанд рубл пасандоз кардан ҳам мумкин буд. Яъне сатҳи зиндагӣ дар соли 1985 нисбат ба имрўз хеле баланд буд. Барои ба сатҳи соли 1985 расидан давлати абарқудрати шўравиро барқарор намудан, ё Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба давлати абарқудрат табдил додан зарур аст.”
Мӯҳр
mantikitarin nazar nazari Усмон СОЛЕҲ, раиси шуъбаи таблиғотии ҲХДТ ast chun harchand ki davlati ast maghlata nakardast va bo jurat sukhanashro guftaast. ammo digaron(mukholifoni siyosi) malum ast ki sukhanashon bo kina va gharaz hamroh ast
ammo nazari man in ast ki naboyad dar orzui solhoi 85 boshem balki dar orzui behtarin sharoite ki dar oyandamon tasavur mekunem boshem na ba yodi guzashtaho
ba kavli Muin GUZASHTAHO GUZASHTA!
yak rohi digar va miyonbur taghiri hukumat ast!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)