Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:41

Мусофирбарҳои "Осиё Экспресс" ба ҳаракат даромаданд

15 март 2013, 11:01

Мусофирбарҳои хурди ширкати "Осиё Экспресс" кори худро дар хатсайрҳои маҳаллӣ оғоз кардаанд. Абдуқаҳҳор Холов, сармуҳосиби ширкати "Осиё Экспресс", ба "Озодагон" гуфт, аз 38 хатсайре, ки Саристгоҳи шаҳри Душанбе дар солҳои пешин фаъолият менамуд, имрӯз танҳо дар 12-тои он автобуси онҳо ҳаракат хоҳад кард.

«Мо дар 12 хатсайр ба фаъолият шуруъ кардем. Албатта, бештари онҳо асосан марбут ба вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи марказ мебошанд. Мо ҳоло имкони ба тамоми навоҳи марказ ҷудо намудани автобусҳои махсусро надорем ва ҳоло танҳо хатсайрҳои Душанбе-Ваҳдат, Душанбе-Ваҳдат-Файзобод, Душанбе-Ваҳдат -Обигарм ва Душанбе-Ваҳдат -Обигарм-Роғун мебошанд. Боқӣ сархатҳо марбут ба навоҳии вилояти Хатлон мебошанд. Шаҳри Қӯрғонтеппа, Ҷалолиддини Румӣ, Қумсангир, Панҷ, Данғара, Фархор Абдураҳмони Ҷомӣ ва шаҳри Кулоб»
,-афзуд мусоҳиби мо.

Дар мавриди нархи чиптаҳо ҷаноби Холов мегӯяд, чиптаҳои автобусҳои мусофиркаши ин ширкат дар асоси мувофиқатномаи Вазорати нақлиёту Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон нархгузорӣ шудаанд. Тибқи иттилои манбаъ як чиптаи хатсайри Душанбе-Қӯрғонтепа 18 сомонӣ, Душанбе-Ҷалолиддини Румӣ 25 сомонӣ, Душанбе-Дӯстӣ 30 сомонӣ, Душанбе-Ваҳдат 5 сомонӣ, Душанбе-Файзобод 10 сомонӣ, Душанбе-Обигарм 18 сомонӣ, Душанбе-Кӯлоб 40 сомонӣ, Душанбе-Абдураҳмони Ҷомӣ 15 сомониро ташкил медиҳад.

Ширкати "Осиё Экспресс", ки моҳи октябри соли гузашта Маҷлиси Намояндагон бахше аз тиҷорати онро аз андоз озод намуда буд, барои интиқоли мусофирон 40 адад автобусу сад худрави истеҳсоли Олмонро ба Тоҷикистон ворид кардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мебахшетону лекин ин нархи чиптахон дар потолокку. Душанбе-Вахдат 5 сомони? О нархи таксихои пеши Садбаргу? Газелу Хундаю Тангем ба 3-4 сомони меравад. Бовар доред, ки мардум таксира монда пеши афтобусхои шумо миёянд? wassat
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озодагон! ин ширкатхо ба таалук дорад? навишта намешудми?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!