Бахшҳо
15 мар 2013 15:56Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Амиршоева: "Дидаву дониста набояд фарзанди "инвалид" ба дунё орем"

Саодат Амиршоева, вакили Маҷлиси Намояндагон, ки манъи никоҳи хешутаборӣ дар Тоҷикистонро пешниҳод кардааст, мегӯяд, ин масъала ҳанӯз 15 сол пеш дар Кодекси оила ворид ва бояд мавриди амал қарор мегирифт. Зеро ба қавли ӯ, издивоҷҳои хешутаборӣ бештар боиси бо нуқсон ба дунё омадани тифлон шуда, мояи азияти рӯҳии худи ин кӯдакон ва ҳам хонаводаи онҳо мегарданд.

«Вақте фарзанди носолим ба дунё меояд, бар сари хонавода ва давлат бор мешавад. Гузашта аз ин, худи онҳо низ азияти равонӣ мекашанд. Ҳадаф аз ин пешниҳод танҳо наҷоти миллат ва ба дунё овардани атфоли солиму бардам аст»,-мегӯяд Саодат Амиршоева.

Ин пешниҳоди хонум Амиршоева дар нишасти охири Шӯрои Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, садо дода ва мавриди истиқболи вакилон қарор гирифтааст. Мусоҳиби мо мегӯяд, ҳоло барои таҳияи шакли дурусти ин пешниҳод дар доираи тағйиру ислоҳ ба Кодекси оила гурӯҳи корӣ аз ҷумлаи вакилон ташкил шудааст.

Саодат Амиршоева мегӯяд, бо вуҷуди он ки то кунун Вазорати тандурустӣ ва расонаҳо дар бораи пайомади издивоҷҳои хешутаборӣ зиёд гуфтанд, вале ин масъала ба ҷои ислоҳ, баръакс, бештар шудааст. Ӯ мегӯяд, танҳо роҳи ислоҳи ин вазъ қабули тағйирот ба Кодекси оила аст, ки никоҳи хешутабориро расман манъ кунад. «Чандин нафаре, ки бо хешованди худ оила барпо карданд, аз сабаби носолим таваллуд шудани фарзанд байни апаю хоҳар муноқишаҳо шудааст. Мо набояд, фарзанди «инвалид» ба дунё орему аз хонаводаи худ ҷудо ва аз пагиву хоҳарӣ даст кашем. Баръакс, бо дигарон ришати хешутаборӣ баст, то меҳру пайванд зиёд гардад. Аз ҳамин сабаб, ман зарур донистам, ки чунин қонун қабул карда шавад. Зеро, фикр мекунам, то қонун қабул карда нашавад, вазъ ислоҳ намегардад»,-изҳор дошт ӯ.

Вай ба суоли мо ки оё ягон фарзанди худро ба хешованди наздикаш надодааст, гуфт, барои шаш фарзанди худ бо хонаводаҳои дигар ришати хешутаборӣ бастааст ва аз ин пушаймон ҳам нест. «Онҳоро ба шахсони бегона бе касалии ирсӣ барои хонадор кардам. Ҳоло бошад, 16 набера дорам. Ҳамаш сиҳҳату саломатанд.» Вай дар охири сӯҳбаташ изҳори умед кард, ки сокинон аз ин пешниҳоди ӯ истиқбол мекунанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, ин пешниҳодаш бештар дар сӯҳбатҳои интихобкунандагонаш дар Қӯрғонтеппа садо додаанд. «Агар инро мардум ҷонибдорӣ кунанд, бисёр хуб мешавад, чунки ин ба хотири солимии ҷомеа мебошад ва ба фоидаи онҳост.»

Иддае аз сокинони Тоҷикистон фарзандони худро ба хеши наздикашон медиҳанд ва мехоҳанд ба ин тариқ пайванди хонаводагиро устувор кунанд. Аммо табибон мегӯянд, аксари чунин хонаводаҳо соҳиби фарзандоне мегарданд, ки аз модар бо нуқс ба дунё меоянд. Аз ҷумла, ба гуфтаи онҳо, 50 дарсади кӯдаконе, ки волидонаш хешутаборанд, мубталои бемориҳои мухталифи ирсӣ ҳастанд.
Мӯҳр
Ман хам тарафдори чунин конунхое астам,ки дар хакикат барои пешбурди ин миллат ва давлат мебошадю то замоне,ки мо ин конунро расми нанамоем ин мардум ин корро тарк наменамоянд. зеро ин аз гузаштагони мо ба тарики мерос боки монда буд ва баръакс зиёд шуда истодааст. Ин хатоги аз тарафи чавонон камтар ба назар мерасад ва хатогии кулли ин кор аз падарон ва модар вобаста аст.

Хонума Амиршоева ин раками дуругинро аз кучо гирифта бошад? Чанд оилаи точик аз хешутаборон барпо шуда ва чанд нафар фарзанд ба дунё овардаанд, чанд нафарашон нуксдор таваллуд шудаанд? Сониян, усули манъкунй рохи хал нест. Ба чои он маслихати мутахассисеро гирифта роххои пешрафти илми генетика ва зиёд кардани адади маслихатгоххои генетикиро бояд пайдо кард, то мушаххасан издивочи хешовандони беморихои ирсидоштаро пешгирй карда шавад. На ин ки издивочи хамаи холабачаву амакбачаву тагозодаву аммабачахоро кур-курона манъ кунем. Дар сурати кабули чунин конуни бемантик беш аз 1 млн мухочирин аздусар мачбур мешаванд, ки дар хорич бо дилхохашон издивоч карда баъдан ба кишвар баргарданд. Ё оилахои аз хешовандон ташкилшударо хам конунан ва ичборан аз хам чудо карданиед хонума Амиршоева? Истифодаи вожахои волое чун "начоти миллат" бо чунин пешниходхои сарсарй амали окилонае нест. Миллатро бебандуборй, беодобй,бединй,бефархангй,беилмй,бесабрй барин сифатхои солхои охир рушд ёфта истода, ки паёмадаш СПИДу сил, нашъамандиву майзадагй ва вабохои дигар аст,хеле зудтар аз байн мебарад, на издивочи хешовандон. Пешниходи бандаро хурдагирона чун ташвики оиласозии хешовандони наздик маънидод накунед. Банда чонибдори кабули карору конунхои хамачониба тахлили илмй ва баррасии комилдида хастаму халос. Вагарна чунин ба назар мерасад,ки шумо вакилон солхои охир хеле шитобкорона конун кабул мекунед ва хеле зуд тагйираш медихед.

Бубахшед халк дунйоро овозаи варзишгарони Догистону Чеченистон гирифтааст, ки бисйории онхо бо хешони наздики худ оила барпо мекунанд. Бояд хар Точикистоони аз синфи яки хондани куръони каримро шуруъ кунад ва пас оянда Точикистон кадри хазорсол пештараашро тезакак ба даст меорад. Боз суханоне хаст, ки агар сар кунам дилам токат намекунад.

Пеш аз хама салом арз мекунам! Фикру андешаи муаллимаи мехрубонро ман шахсан чонибдори менамоям. Мегуянд ки миллати чугихо бо хам никох мепайванданд ва оила ва фарзандони солим доранд, аммо фикр накардаанд ки бо ки онхо никох пайваста бошанд! Никохи чугихо бо хешу табори худ нест чунки ман инро пурсида ва низ дидаам. Мо чаро факат дигаронро тахкир менамоем, ки ин фикри Шумо нодуруст аст. Чаро кури худ ва бинои каси дигарон хастем. Чаро!!! Онхое ки мехонанд ин номаро, хохиш менамоям иштибох нафахманд. Имруз фарзандони хешу таборхои мо нокисулакл ва баъзеашон касали ва бисёрии онхое, ки бо хешу табори худ никох бастаанд бефарзанд хастанд. Мисол меорам Духтари хола бо писари хола ва духтари амак бо писари амаки худро ки яке 15 сол ва дигаре 8 сол мешавад ки фарзанд надоранду чашм аз худованд доранд, ки ба мо як фарзанд дихад.

mehroj
Asalom xonum amirshoeva baroi chi shumo qonuni xudoro poymol mekuned shumo ilmi islomi va ilmi dunyavi nadored har yak vazifador vazifai xudashro ijro mekard naqz meshud shumo dar kori oyla dori daxolat nakuned baroi chi rosiyada 20.%INVALID MEBOSHAD zero ki dar rosiya xeshu tabori man shudaast shumo vazifai xudatonro kor dor shaved ba digar qonun daxolat nakuned
фаромуши,
фаромуши,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)