Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 23 январ 2017, 05:22

Зайд Саидов “МегаФон”-ро бо дипломи тиллоӣ сарафроз кард

15 март 2013, 17:34

Зайд Саидов, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии ассотсиатсияҳои соҳибкорони Тоҷикистон, имрӯз, 15-уми март, зимни як ҳамоиш дар Душанбе ширкати “Мегафон”-ро барои саҳмаш дар рушди технологияи мобилии Тоҷикистон, бо Дипломи тиллоӣ сарафроз кард.

Саидов зимни ин ҳамоиш, ки бахшида ба 10-солагии фаъолияти Ассосиатсияи дастраскунандагони алоқаи мобили Тоҷикистон доир гардид, аз ҷумла зикр кард: «Тоҷикистон – кишвари дорои релефи мураккаб буда, 93%-и ҳудуди онро кӯҳҳо фаро гирифтаанд. Ин омилҳо дар роҳи фароҳам кардани иртиботи босифати мобилӣ мушкилиҳои иловагиро пеш меорад. Бо вуҷуди ин, баъд аз анҷоми сафарҳои сершумор ба кишварҳои зиёди ҷаҳон банда метавонам сифати хизматрасониҳои иртиботи мобилиро муқоиса бикунам ва боитминон мегӯям, ки дар кишвари мо хизматрасониҳои мобилӣ дар сатҳи хуб қарор дорад».

Дар навбати худ директори иҷроияи ширкати«МегаФон» дар Тоҷикистон, Андрей Шишковский гуфт, дипломи мазкур – баҳои баланди фаъолияти мо дар ҳудуди кишвар ба ҳисоб меравад. Ӯ афзуд, ки “танҳо дар соли гузашта мо беш аз 500 истгоҳҳои нави иртиботи бесими 2G ва 3G-ро ба кор даровардем. Дар ҳоли ҳозир муштариёни ширкатро бо алоқаи боэътимод беш аз 2 000 истгоҳ, ки 170-тои онҳо дар минтақаҳои дурдасти кишвар қарор доранд, таъмин мекунанд. Мутмаинам, ки ояндаи наздик кишвари мо аз рӯйи сатҳи рушди технологияҳои мобилӣ бо давлатҳои пешсафи ҷаҳон баробар мешавад».


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!