Бахшҳо
16 мар 2013 11:48Тоҷикистон / Сиёсат

Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Тошканд, кадрҳо ва хидматҳои Русия

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни ифтитоҳи бинои нави Вазорати умури хориҷӣ, аз афзалияту камбудҳои фаъолияти ин ниҳод сухан ронда, ба дипломатҳои тоҷик зимни муносибат бо Маскав, Тошканд, Чин, Эрон, ва Амрикою Аврупо дастурҳои мушаххас дод.

Ҷаноби Раҳмон таъкид кард, ки “чун кишвари татбиқкунандаи сиёсати «дарҳои кушода» ягон давлатро ба ҳайси давлати бадхоҳ арзёбӣ карданӣ нестем ва тавре ки ман борҳо иброз доштам, бо тамоми кишварҳои дунё муносибатҳои дӯстиву ҳамкориҳои беғараз ва мутақобилан судмандро густариш хоҳем дод.”[/i]

“Бо ҳамсояҳо дар асоси эҳтироми тарафайн кор мекунем”

Дар мавриди баҳсҳои минтақавӣ ва муносибат бо ҳамсояҳо Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки [i]“Тоҷикистон дар муносибатҳои байнидавлатӣ бо кишварҳои ҳаммарз ва минтақа сиёсати дӯстӣ, ҳамсоягии нек, адами мудохила ба корҳои дохилии якдигарро пеш мебарад. Дар равобит бо Узбакистон муҳим ва зарур будани муносибатҳои баробар, мутақобилан судманд, беғараз ва устувор омилҳои муайянкунанда ба ҳисоб мераванд. Мо сиёсатамонро бо ин кишвари ҳамсоя ҳамеша дар асоси эҳтироми мутақобил, ҳамкории созанда ва хайрхоҳӣ пеш хоҳем бурд. Умумияти ҳадафҳо ва вазифаҳое, ки дар назди давлатҳои минтақа қарор доранд, зарурати рушду тавсеаи муносибатҳоро аз рӯи эътимод, дӯстӣ ва ҳамкории судманд бо кишварҳои Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон тақозо мекунад. Мо якҷоя ва дар ҳамкории созандаву ҳусни эътимод бо якдигар метавонем бар зидди таҳдиду хатарҳои глобалии муосир дар минтақа муқовимат ва истодагарӣ намоем.[/i]

“Хидматҳои Русияро фаромӯш накардаем”

Дар идома ӯ ба маносибат бо Русия низ ишора карда ва афзуд, "мо бо кулли кишварҳои иттиҳоди давлатҳои мустақил муносибатҳои ҳасана дорем, саъй бояд кард, ки аз ин омилҳои мусбат ва созанда ба беҳтарин шакл истифода шавад. Кишвари мо муҳимтарин нақши созандаи Русияро ҳангоми ҳаллу фасли низои дохилӣ дар Тоҷикистон ва истиқрори сулҳу субот дар ин сарзамин аз ёд набурдааст. Қабл аз ҳама табиист, ки барои тақвияти бештари муносибатҳои иқтисодӣ ҷидду ҷаҳд хоҳем кард. Дар масъалаи равобит бо Чин бошад, раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки бо Чин ҳамкориро бештар мекунем, чун қавлу амалаш як аст.”

Норозигии Раҳмон аз сафоратхонаҳо: “Бояд кадрҳои арзанда соҳиби вазифа шаванд”

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар суханронии худ гуфт, ки сафирон ва сафоратхонаҳое, ки ба онҳо роҳбарӣ мекунанд, танҳо аз як Вазорати корҳои хориҷӣ намояндагӣ намекунанд. Онҳо намояндаи роҳбари давлати Тоҷикистон дар назди роҳбари давлати дигар буда, манфиатҳои миллии тамоми кишварро дар хориҷи он муаррифӣ ва ҳимоят менамоянд. Аммо ҷаноби Раҳмон гуфт, "мутаассифона, сифату мазмуни аксари номаҳои иттилоотие, ки аз сафирону намояндагиҳои дипломатии мо мерасанд, моро ҳанӯз қонеъ карда наметавонад. Бояд қайд кард, ки дар масоили кадрӣ мо камбудиву норасоиҳои зиёд дорем, ҳам дар мавзӯи омода кардани кадрҳои лоиқу кордон, сатҳи баланди касбидошта, донандагони умдатарин масоили ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва дигар самтҳои касби байналмилалӣ ва ҳам дар масоили ҷобаҷогузории кадрҳо. Имрӯз мо бояд ба ин масъалаҳо ҳам дар дастгоҳи марказии вазорат ва ҳам дар сафоратҳову намояндагиҳо диққати ҷиддӣ диҳем, то беҳтарин кадрҳои мо ба вазифа соҳиб шаванд. Дар масоили хизматрасониҳои консулӣ ба шаҳрвандон, алалхусус атбои хориҷӣ, шикояту мушкилоти зиёд ба чашм мерасад. Гумон мекунам бо ин масъала, ки ба сатҳи обрӯву манзалати Тоҷикистон бевосита таъсир мерасонад, бояд ҷиддан муносибат намоем ва камбудиву норасоиҳои мавҷударо аз байн бардорем."

Дар охир, раисиҷумҳур аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хост, ки ҳарчи бештар бо расонаҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дошта бошанд, то тавонанд симои воқеии кишварро муаррифӣ ва ба ҳар гуна сарусадоҳои беасос дар расонаҳои хориҷӣ нуқта гузорнад. Эмомалӣ Раҳмон баъди ироаи дастуроти дигар ба дипломатҳои тоҷик дар корашон муваффақиятро орзу намуд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)