Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 21:29

Ду нигоҳи ба ҳам муқобил дар бораи қазияи Абдуллоҷонов (ВИДЕО)

16 март 2013, 17:12

"Абдумалик Абдуллоҷонов, собиқ нахуствазири Тоҷикистон, ки дар гузашта бо номи “наҳанги ҷумҳурӣ” ёд мешуд, ҳоло дар сиёсати Тоҷикистон “моҳичае” ҳам нест, ки мавзӯи мулоқоти президентҳои Украина ва Тоҷикистон бошад",-мегӯяд Сӯҳроб Шарифов, вакили парлумон ва раиси пешини Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон.

Шарипов рабт доштани боздошти Абдуллоҷоновро ба интихоботи раёсати ҷумҳури соли ҷорӣ рад кард, зеро ба гуфтаи ӯ Абдуллоҷонов дар ҳаёти имрӯзаи кишвар нақше надорад: “Имрӯз Абдуллоҷонов дар Тоҷикистон на фигураи иқтисодӣ асту на сиёсӣ. Худашро шаҳрванди Тоҷикистон ҳам намегӯяд. Вай ягон имконияти хаёлию воқеии саҳм гузоштан дар интихоботи президентии кишвар надорад. Аз омаданаш барои Тоҷикистон на гарм асту на хунук. Вай дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон “наҳанг” як тараф истад, имрӯз “моҳича” ҳам нест.”

Инчунин Суҳроб Шарипов изҳор дошт, қазияи истирдоди Абдуллоҷонов то ҳадде ҷиддӣ ва таҳдидовар ба амнияти Тоҷикистон нест, ки мавзӯи баҳси сафари Виктор Янукович, раисиҷумҳури Украина ба Душанбе бошад. Дар мавриди ин сафар, ки рӯзҳои 17-18-уми марти соли ҷорӣ дар назар аст, Суҳроб Шарипов афзуд, “ин сафар корӣ ва давлатӣ аст, ки зимни он ҳамкориҳои Украинаю Тоҷикистон баррасӣ мешаванд. Украина базаи истеҳсолии бақувват барои таъмини иншооти бузурги энергетикии кишвар дорад. Ин масоил дар маркази диққати сарони ду давлат хоҳанд буд. Масъалаи истирдоди Абдуллоҷонов, фикр мекунам, умуман баррасӣ намешавад. Ин дар салоҳияти додситонии Тоҷикистон ва додгоҳи Украина аст. Баъдан дар Украина чун дар дигар кишварҳо низоми додгоҳӣ аз фаъолияти президент ҷудо аст ва баробари ин, он таҳаввулоти демократие, ки дар Украина сурат гирифтаанд, ба президент имкон намедиҳанд, ки ба қазияи Абдуллоҷонов дахолат кунад. Ин қазия то ҳадде ҷиддӣ ва таҳдидовар ба амният нест, ки мавзӯи мулоқоти сарони ду давлат бошад.”

Интихоботи президентӣ чигуна хоҳад гузашт? Оё ҲХДТ рақиб надорад? Агар ҲНИТ ба қудрат ояд, оянда чӣ хоҳад шуд? Гуфтугӯи моро бо Сӯҳроб Шарифов дар шакли матну видео мунтазир бошед. Ба зудӣ дар www.ozodagon.tj ё www.ozodagon.tj

Ба гуфтаи Шарипов аз Абдуллоҷонов имрӯз сиёсатмадор “тарошидан” ин як афсона аст, “чун аввал тибқи қонунгузории Тоҷикистон ин ғайриимкон аст ва баъдан нуфузи ӯ минималӣ аст, шояд хешу табораш ягон гапашро гӯш кунаду тамом. Суғд ҳам дар ин даҳсолаҳо дигар шудааст, элитаи нав пайдо шудааст ва ӯро ба он ҷо роҳ намедиҳанд, чун он ҷо рақобати ҷиддӣ аст ва ин хуб аст. Рақобат хуб аст, агар дар доираи қонун бошад.”

Ин дар ҳолест, ки Шокирҷони Ҳаким, муовини раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон ва доктори илми ҳуқуқ, боздошти Абдуллоҷонов ва талоши Душанбе барои истирдоди ӯро ба интихобти қарибулвуқӯи президентӣ рабт медиҳад. Ӯ мегӯяд, ҳарчанд Абдуллоҷонов аз нигоҳи қонунҳои Тоҷикистон ҳаққи иштирок дар интихоботро надорад, вале мақомот тоҷик бо зиндонӣ кардани ӯ дастдарозияшонро ба мухолифон ва ҳамин тавр сокинон нишон додан мехоҳанд.

Ин мусоҳиби мо мегӯяд, ҳарчанд Абдуллоҷонов беш аз 15 сол берун аз Тоҷикистон зиста ва бо сиёсату иқтисоди он коре надошт, вале зоҳиран ҳанӯз маъруфияти худро аз даст надодааст. Боқии сӯҳбати Шокирҷони Ҳакимро дар ин навори видео бубинед:




Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири пешини Тоҷикистон, ки баъд аз соли 1998 дар Иёлоти Муттаҳида ба сар мебурд, дар оғози моҳи феврали соли ҷорӣ дар фурудгоҳи Брисполи Украина аз сӯи пулиси байналмилалӣ ё Интерпол боздошт шуд. Мақомоти тоҷик ӯро дар куштор ва чанде дигар аз ҷиноятҳои вазнин муттаҳам медонанд ва аз Украина хостаанд, ки ӯро ба Душанбе таслим кунад. Додгоҳи ноҳияи Шевченкои шаҳри Киев, маркази Украина, рӯзи 15 март ҳукм кард, ки Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири пешини Тоҷикистон, то як сол дар боздоштгоҳ хоҳад монд. Ин ҳукмро додрас Владимир Бугин эълон карда ва гуфтааст, дар ин муддат масъалаи истирдоди Абдуллоҷонов ба Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд.

Аммо пештар аз ин, Созмони авфи байналмилал (Amnesty International) бо пахши баёнияе гуфт, боздошт ва талаби истирдоди Абдуллоҷонов ба интихоботи президентии моҳи ноябри соли 2013 дар Тоҷикистон рабт дорад. Amnesty International таъкид кардааст, ки дар арафаи интихоботи президентӣ, ҳукумати Тоҷикистон маъракаи густурдае пеш гирифтааст, ки барои саркӯб ва хомӯш намудани мухолифини он равона шудааст. Ин созмон афзудааст, Абдуллоҷонов дар сурати истирдодаш ба Душанбе мавриди шиканҷа ва ноадолатиҳои судӣ қарор хоҳад гирифт.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои чи садо намешудаги? Э як видеокамераи нагз харед, э мардум!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!