Бахшҳо

Тахтаҳои иттилоотӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе насб гардиданд

Дар пешайвон ва толорҳои фурудгоҳи байналмилалии Душанбе тахтаҳои иттилоотӣ барои мусофирон омода карда шуд.



Тавре ба «Озодагон» аз маркази матбуотии   фурудгоҳи байналмилӣ иттилоъ дод, ки акнун мусофирон оид ба раванди бақайдгирӣ пеш аз парвоз, аз назорати махсус,  раванди бақайдгирии баъд аз парвоз, хизматрасониҳои толорҳои тиҷҷорӣ ва толори меҳмонони махсус, оид ба интиқоли бор, бағоҷ ва дигар қавоиди вобаста ба ҳавопаймоӣ маълумоти муфассал гирифта метавонанд.  Ба қавли номбурда, дар тахтаи иттилоотӣ инчунин рӯйхати ширкатҳои ҳавопаймоие, ки бо фурудгоҳи Душанбе ҳамкорӣ доранд, мавҷуд аст. Дар сурати пайдо шудани ҳамагуна масъалаи вобаста ба ширкатҳои интиқолдиҳанда мусофирон метавонанд аз рақамҳои телефонӣ дар маълумотнома омада бо масъулини ширкати зарурӣ дар тамос шаванд. Ин шакли хизматрасонии иттилоотӣ барои мусофирон дастрас ва аз чанд ҷиҳат муфид буда, дар саривақт  гирифтани иттилоъ кӯмак мерасонад. Албатта ҷаҳони пешрафта барои пахши иттилои расмӣ аз экранҳои калонҳаҷми электронӣ истифода мебаранд ва мусофири вориди толорҳо шуда иттилои заруриро барои худ бо пахши тугмача дарёфт менамояд. Аммо моҳияти коғазу қалам ҳеҷ гоҳ аз байн намеравад, зеро ҳар чизе, ки навишта шуд, дар зеҳнҳо зуд ҷой мегирад. Бинобар ин метавон гуфт, ки додани иттилоъ тариқи тахтаи иттилоотӣ беҳтарин навъи хизматрасонӣ ба шумор меравад, афзуд манбаъ.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)