Бахшҳо
18 мар 2013 09:39Тоҷикистон / Сиёсат / Видео

Сӯҳроб Шарифов: "Ҳамсояҳо моил нестанд, ки ҲНИТ ба қудрат бирасад" (ВИДЕО)

Абдулғании АБДУЛВАҲҲОБ

Гуфтугӯи хабарнигори «Озодагон» бо Сӯҳроб Шарифов, вакили Маҷлиси Намояндагон ва раҳбари пешини Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон.

Ин сӯҳбати мо дар ҳоле доир шуд, ки ҳафтаи гузашта ҷаноби Шарифов дар нишасте эълом кард, дар интихоботи президентӣ Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон рақиб нахоҳад дошт. Дар оғози сӯҳбат мо ҳам аз ӯ хостем, то далели ин гуфтаҳояшро шарҳ диҳад.

Сӯҳроб Шарифов: «Раҳбарони аҳзоби сиёсӣ, албатта, ҳамчун рақиб метавонанд дар ин интихобот ширкат ҷӯянд. Бар асоси қонуни интихобот ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки синнаш ба 35 расидааст, метавонад номзадияшро пешниҳод кунад. Вале сифати ин номзадҳо ва рақиби ҷиддӣ шудан ба номзади эҳтимолии ҲХДТ бисёр душвор аст. Зеро он ҳизби пурқувват аст ва аъзои он ҳам мардуми шинохтаи тоҷик ва таъсиргузоранд. Аз ҷиҳати молию моддӣ низ ин ҳизб пурзӯр мебошад. Ин ҳамаро ба назар нагирифтан кори нодуруст аст. Дар сиёсат бояд, натанҳо як романтизми сиёсӣ, як фантазия вуҷуд дошта бошад. Чи тавре мебинем, аҳзоби сиёсӣ дар ин 20 ё 15 соле, ки арзи ҳастӣ доранд, ягон ҳуҷҷати ҷиддию алтернативии роҳи рушди Тоҷикистонро надоранд. Кӯчак баромад мекунанд дар ин ё он масъала, алоҳида-алоҳида. Масалан, Раҳматулло Зоиров масоили ҳуқуқиро бештар матраҳ мекунад. Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бархе масъалаҳои идеологию озодии виҷдонро мегӯяд. Аммо як барномаи ҷадиду комил надоранд, ки фардо сари қудрат оянд, чигуна давлатро идора мекунанд. Он барномаҳои ҳизбие, ки вуҷуд доранд, дар як шакли тезисӣ ва хело ҳам норавшан мебошанд. Аммо барномаи мушаххас надоранд.»



-Чи хеле Шумо кори аҳзоби мухолифро танқид кардед, аҳзоби мухолиф низ дар навбати худ ҳукуматро ба он айбдор мекунанд, ки дар бист соли гузашта натавонистааст мушкили сокинонро ҳал кунад. Дар ҳоле ки ахиран раиси ҲСДТ гуфт, омодааст дар давоми шаш моҳ Тоҷикистонро аз бӯҳрони энержӣ бираҳонад...

Сӯҳроб Шарифов: «Ман гуфтанӣ ҳастам, ки ҳизбҳо ингуна изҳороти афсонавию хаёлӣ накунанд. Он изҳороте, ки раиси Ҳизби умумиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон намуда буд, ки то моҳи марти 2014 Тоҷикистонро аз бунбасти энергетикӣ мебарорем, ин чизҳо афсона мебошанд ва ингуна афсонаҳоро бояд лидерони аҳзоби сиёсӣ нагӯянд. Инро танҳо бо як роҳ кардан мумкин аст, ки манфиатҳои Тоҷикистонро фурӯхтан ва рафта ба давлати ҳамсоя сархам кардан, ки он ба мо барқ диҳад. Идора намудани давлат кори шӯхӣ нест. Барои мисол, ман дар ним ё як сол аз буҳрони иқтисодӣ ё энергетикӣ Тоҷикистонро мебарорам, ингуна афсонаҳоро бас кунанд. Ба ингуна масъалаҳо ҷиддитар, бо ҷалби коршиносони мушаххас дар ин соҳа назар карда, ба мардум пешниҳод кунанд. Худи идора намудани давлат, механизми ба сари қудрат омадани президент баъд аз интихоб шуданаш, муайян месозад, ки дар ним сол ҳоло ҳукуматро ба миён овардан мушкил мебошад, ҳоло ягон барномаро амалӣ кардан он тараф истад. Инҷо масъалаҳои зиёди вазнине барои ҳизбҳо баъд аз интихобот пайдо мешаванд. Агар он ҳизбе, ки биояд сари қудрат бо ин 18 ҳазор вазирону коркунони давлатии кунунӣ кор кунад, ягон дигаргунии ҷиддӣ дар Тоҷикистон намешавад. Ҳоло номаълум, ки ин вазирону раҳбарон бо он розӣ мешаванд кор бикунанд ё не. Бисёриҳо мегӯянд, ки ҲХДТ метавонист, номзади дигареро пешниҳод кунад. Вале ман бори дигар мегӯям, ки дар ягон давлати ҷаҳон, ҳизби сиёсие, ки як сиёсатмадори бонуфуз ва дорои маҳбубияти мардумро дар тамоми кишвараш ноил аст, дигар касро пешниҳод нахоҳад кард. Инҷо дигар ягон ҷои экспримент нест.»

-Аз ин бармеояд, ки ҲНИТ-ро ҳам бо бештар аз 40 ҳазор аъзояш рақиби ҲХДТ намедонед?

Сӯҳроб Шарифов: «Ҳизби наҳзатро мо нисбат ба коммунистҳо рақиби ҷиддӣ мешуморем. Аммо интихоботи президентӣ нозукиҳои худро доро мебошад. Дар инҷо муборизаи шахсиятҳо вуҷуд дорад, нафақат аҳзоб. Агар мо тамоми он ашхосе, ки дар ҳизбҳои дигар ҳастанду эҳтимол муқобили Эмомалӣ Раҳмон бираванд, фикр мекунам, агар Эмомалӣ Раҳмон таблиғоти худро оғоз кунад, тамоми мардум ӯро дастгирӣ хоҳанд кард. Аз сӯи дигар, ягон давлати ҳамсоя омода нест, ки ин ҳизбро дар сари қудрат дар Тоҷикистон бубинад. Ягон давлат, ба ҷуз Афғонистон. Агар давлатҳои собиқ Шӯравиро мисол биорем, онҳо муқобил мебошанд, ки намояндаи ҲНИТ сари ҳокимият биояд. Инро ҳам бояд ба назар гирифт. Яъне қувваҳои беруна вуҷуд дорад, ки пеши роҳи ингуна корҳоро мегиранд ва ҲНИТ ҳам инро дарк кардааст ва мегӯяд мо ҳоло омода нестем.»

-Яъне, гуфтанӣ ҳастед, ки дар чунин мавридҳо низ кишварҳои ҳамсоя дахл мекунанд ё даст доранд?


Сӯҳроб Шарифов: «Албатта, саҳм мегузоранд. Бе ин сиёсат намешавад. Ҳамаи он давлатҳое, ки манфиатҳои худро дар Тоҷикистон доранд, ҳатман гӯем як «субъект»-и иштироки ин интихобот хоҳанд буд. Албатта, инро бо роҳҳои пӯшида анҷом медиҳанд. Зеро қонун инро манъ менамояд.»

-ҲХДТ аз қабл эълон карда буд, ки номзадаш дар интихобот ширкат мекунад ва он ҳам раисиҷумҳури феълист. Аммо дар ин давра чи тағйиротеро интизор будан мумкин аст?

Сӯҳроб Шарифов: «Ба фикри ман, ислоҳоти ҷиддиеро дар баъзе аз соҳаҳои рушди ҷумҳурӣ аз қабили иқтисодиёту муҳоҷират, озодиҳои ҳуқуқии мардум, масоили озодии виҷдону сухан хоҳад буд. Аз ҷумла тағйири бархе аз қавонин.»

-Ҳафт соли пеш ваъда бар ин буд, камбуди нерӯи барқ рафъ мешавад. Вале ин мушкил ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад. Ин масъала дар барномаи қаблазинтихоботии Эмомалӣ Раҳмон шомил хоҳад буд?

Сӯҳроб Шарифов: «Масоили энергетикӣ, албатта, хоҳад буд. Зеро се стратегияе, ки мо ва раисҷумҳур пешниҳод карда будем, ҳоло ҷомаи амал напӯшидаанд.»
Мӯҳр
Ана шербачахои Рахмон сар карданд.....Зоиров ...Кабири...ва дигарон...сар ба сар шавед....то интихобод хело шуморо озор медиханд....

Шамс
Таҳлиле ки тамоман ҳамаро ноумед мекунад. Албатта ин таҳлил бис

Шамс
Таҳлиле ки ҳамаро ноумед мекунад. Албатта ҷоиз аз дарҷ намоем, ки доктор Шарипов, ки аъзои ХХДТ ва парлумони кишвар ҳастанд наметавонанд аз доираи идеологияи ҳизбӣ берун по гузоранд ва воқеъбин бошанд. Аз таҳлили эшон бармеояд, ки боз мардуми кишварро чандсолаҳои дароз ҳаёти талху пурмашаққат мунтазир аст.

Дар давраи таърихи навини точикон барои бунёди дар давлат хизмати Эмомали Рахмон хеле калон аст. Тамоми дастовардхои точикон махз аз талошхои у вобаста аст. Пеш танхо фикри нону амниятихудро менамудем. Имруз шукрона рушд намуда истодаем. Ба фикри Сухроб Шарифов розиам- номзади арзанда нисбати Эмомали Рахмон нест. Гап дар бораи ХХДТ намеравад. Гап сари шахсият меравад. Арзанда аст.

нуриддин
Окой Шарипов фикр мекунад модари Точик 100 сол боз мешавад " санд " аст, ки дигар фарзанд намекунад гаир аз хамин якто.

Ymyman man rozi hastam ,bo Syhrob Sharipov...ana dar Rossiya. ba Pytin...raqib nabyd...holo on ki siesatmador...pyr dorad....dar Tojikiston nis hamin hel..lekin barobari Rahmon nest...

Vatanxox
In Sharipov ki vazifa dorad tarifi prezident mekunad. Bas ast akun lagandbardori. Xatto xinduxo kayxonro sar kardand mo akkalan svet nadorem. Xatto dar kayxoni vase baroi joi baxs ast ammo tojik (.....) tanxo moshin katej va ..../// mon digar kas shavad binem yagon pehsravi meshavad yo ne. Man sad dar sad rozi nestam ba nomzadii prezidenti feli.

Ин гуфтахои С.Шарифов дуруст нест. Аксари мухочирони корие,ки бо онхо сухбат караам,аз сиёсати давлат норози.Инро хукуматдорон нагз мдонанд. Бинобрарон ба конуни интихоботи президенти тагйиротро кабул накарданд.Худо мегуям,такдири рахбари Точикистон мисли такдири Л.И.Брежнев нашавад.Он вакт войи ин миллату ин давлат хохад буд.

Аксарият аз гуфтахои С. Шарипов рози нашудаанд, лекин ягон нафар ракиби арзандаро пешниход карда метавонад, ки Точикистони азизамон ба пеш равад??? Агар ха ки ва бо кадом рох Точикистонро ба пеш мебарад!

Шумо магзи гапи Шариповро фахмед...ракиб метавонад буд...лекин баробари президент намешавад..дуруст аст....ХНИТ хамсоя не дурихо низ намемонанд ба сари кудрат биёяд....мехохед чанг шавад...ташкил мекунанд узбакхо...ва русхо..амрико..нахзатихо не Кабири мефахмад ин чизро...

Шумо магзи гапи Шариповро фахмед...ракиб метавонад буд...лекин баробари президент намешавад..дуруст аст....ХНИТ хамсоя не дурихо низ намемонанд ба сари кудрат биёяд....мехохед чанг шавад...ташкил мекунанд узбакхо...ва русхо..амрико..нахзатихо не Кабири мефахмад ин чизро...

Хамаи гуфтахои Шарипов рост...гапхои модари точик мезояд.ё не сафсата..ба замин фароед..як бубинед ки чи шуда истодааст...Рахмон мужикай..боша...ягон как нестай..Кабири агар аъзои хизби дигар мебуд овозуш медодум ХНИТ ба не..намедонанд чи мехоханд...

хами Шарипов вазироя танкид куна хаматон рози..гапи роста мега..ягон бор дуруг намега....хозирам рост мега бачаи ростай..кандаша хура....

Чандин мусохибахои Шариповро хондам ҳар даъфа бо муболиға сухан мекунад баъзан-баъзан ошкоро мегуяд лекин камбудиҳои ҳизби худаш ва президентро нодида мегирад...
Ба ҷаноби Шарипов гуфтаниям,ки ҳамаи афсонаҳои беҳтаринро президент гуфтаасту боз мегуяд оиди барнома бошад аз ҳамин хел барономҳои афсонвии монанди ҳизби шумо ки яконтояш амаои намешавад набошад бехтар...

Vatanxoh
Ey insonxoi nofaxm sadkai Islom shaved sadkai xizmatxoi Nurivu Kabiri shaved. Agar Islom namebud medidi ki xamsaratu xoxarat chixo kororo mekardand. Shukri Islom kun. Kabiri mardest Xudodod. Prezidenti tu yo ki sharipovi tu ba mardum chi kardast ki bo kunad. Uak bor az ogushi modarat berun baro insonxo chixo koro karda istodaand. Mo tojiko fakat poraxuriu durugguiu tarif. Charo dar digar davlatxo tarifi raisi xukumat umuman nestu fakat dar mo. 21 sol guzasht xozir xam mardunm se vakt chou noni kok mexurad. Kabiri mard ast va mard memonad va Naxzati Islomi maksadash Islomi kardani jumxuri nest balki xizmat kardan ba mardum ast tu besavod Kbiriro tankid mekuni oyo vazirxoi tu va on shikamdamxo begunox xastand. Charo Alimardonov nimi Xisorro giriftaast xej gap ne ba Kabiri xizmat dar roxi xalk mekunad ganda budast. Mured sharmandaxoi lagandbardor.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)