Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 07:15

Иванов хостори роҳандозии виза бо Тоҷикистон шудааст

18 март 2013, 09:47

Виктор Иванов, сардори Хадамоти федералии мубориза бо маводи мухаддири Русия ба ҷонибдории виза бо Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон баромад кардааст.

Иванов, ки тариқи шабакаи телевизионии “Русия 1” баромад мекардааст, кишварҳои Осиёи Миёнаро воридкунандаи асосии мухаддирот ба Русия арзёбӣ намуда, таъкид кардааст, ки роҳандозии виза бо Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон воридоти мухаддиротро ба Русия 30 баробар коҳиш медиҳад.

Тавре хабаргузории русии “РБК” аз қавли Иванов хабар медиҳад, низоми соддаи воридшавӣ ба Русия ба шаҳрвандони Осиёи Миёна имкон медиҳад, ки ба осонӣ мухаддиротро вориди Русия созанд: “Нашъаҷаллобон соле то 100 маротиба сарҳадоти Русияро убур мекунанд ва акнун замони он расидааст, ки ба ин раванд хотима диҳем.”

Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти Русия мегуфтанд, нияти ҷорӣ намудани виза бо кишварҳои Осиёи Миёнаро надоранд. Константин Ромадановский, сардори Хадамоти муҳоҷирати Русия, визаро бо кишварҳои Осиёи Миёна хилофи аҳдофи гузоштаи Владимир Путин гуфт, ки ният дорад, тавассути созмони Иттиҳоди Авруосиё ҳаракати бемонеаи пул, нерӯи корӣ ва сармоягузоронро дар минтақа таъмин намояд.

Аммо бархе аз сиёсатмадорон ва ҷомеаи шаҳрвандии Русия, аз ҷумла соҳибкори маъруфи ин кишвар, Михаил Прохоров барои коҳиш додани муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва интиқоли маводи мухаддир пешниҳод доранд, ки бо Осиёи Миёна виза ҷорӣ гардад.

Аз Тоҷикистон ба Русия ҳамасола то 1,5 миллион муҳоҷири корӣ мераванд ва маблағи интиқолдодаи онҳо сарчашмаи асосии муътадилии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ِВай-вай-вай, ин урусо ба гап набудай неким, пойгохшона си соли дигар ватани мо да мононданду аку виза...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба рости ман аз хамин тарзи усулхои сиёсату сиёсатгарони Россия дар хайрат мемонам.Гоххо сахт ба тааччуб меафтам.Чаноби Иванови сарвари Хадамоти Федералии мубориза ба мукобили пешгири кардани маводи мукаддир дар Россия,кариб як сол пештар барои Осиёи Маркази "дилсузихо"карда буд.У пешниход карда буд,ки барои бо кор таъмин кардани чавонону ахолии кобили кории мехнатии Осиёи Миёна миллиардхо маблаг чудо карда шавад.Таъкид мекард,ки саршумори чорво,чойхои кории саноати ва коркарди махсулотхои хочагии кишлок,дар шароитхои Осиёи Маркази хело мувофик аст.Иванов дар масъалаи сохтану ба истофода додани фермахои мургпарвариву фабрикахои парранадапарвари хам чидди мисолхо оварда буд.Яъне истехсоли тухму гушти парранда барои ахолии Осиёи Маркази фоидаи калон дошта аст.Ишора ба нишонахои биологи ва тибби карда буд,ки дар чисми одамони ин минтака гизоххои сафедидор(белки) намерасад.Ачабо ,генерали хизмати махсус,яку якбора иктисодшиносу ислохотчи гардид.Боз акнун матлаби дигарро аз ин комиссари генералии Хадамоти номбурда мешунавем.Соли 2013-умро дар Россия,акнун метавон соли визахо номид.Аз як тараф,Россия ба чониби Аврупои кухан руй гардонида рабудани визаро мехохад,аз чониби дигар мисли чавони шармгин ба "аруси ситорагарми шарки", наметавонад,рози ишкашро гуяд.Аз "аруси шарки ночавонмардона" нозу ношукри мекунад.Аврупо нисбати Россия мисли як "кампири солхурдаи чалочин" рафтор карда,уро ба канори худ гуё мекашад.Россияи "шохзода",байни ин ду минтака мондааст.Барои он,ки "шохписар",мухаббати "кампир"ро ноил шавад,аз "аруси чехрагарми шарки"-аш бояд канор истад.Тассаввур кунед,ки Аврупои солхурдаву кухан бо Амрикои ахриманрафтор хамхонаги дораду мехохад,ки Россиро хам ба бистари худ баргардонад.Барои хушбахтии "шохписари ошик",бояд тадбире чуст,ки "аруси шарки"дуртар истад.Виза акнун метавонад воситаи хуб шавад.Оё вакте ки институти виза пиёда шуд.магар маводи мукаддара нобуд мегардад?.Ё дар он сурат,шахрвандони чумхурихои Осиёи Маркази,луб луч ва барахнаи модарзод аз сархад мегузашта бошанд?.Магар онхо ба варакахое,ки дар онхо масъалахову дастурхои виза ва талаботи он дарч гардидааст,касам ёд мекунанд,ки ягон зарра мавод бо худ намегиранду намегузаронанд?.Бо чори кардани виза магар парвози тайёрахо ва рафтани каторахоро дар роххои охан ба чониби Россия манъ мекарда бошанд?.Дар микёси Россия,ахолии ихтироъкори он аллакай кайхо боз,бо усули лаборатори тайёру мухайё кардани ин маводи котилро омухтаанд.Хайр бигузор виза шавад,боз пас аз чанд соле мебинем,ки ин сиёсатдорони Россия ба мисли Иванов боз чи гуна чорахоро барои Осиёи Маркази медида бошанд.Хело хам хурсанд мешудем,ки виза,рустанихои маводи мукаддарро решакан мекард,чинояткорони маводбарро ба махкамахо мекашид.сафи нашъамандонро кам менамуд.Вакт нишон медихад.Боз бинем,чи мешуда бошад?

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!