Бахшҳо
18 мар 2013 10:23Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Сайёҳон Қирғизистонро аз Тоҷикистон беҳтар мешуморанд. Чаро?

Сиёвуш ҚОСИМЗОДА

Тоҷикистон дар радабандии рақобатпазирии соҳаи туризми Маҷмаи ҷаҳонии иқтисод(WEF), ки 140 кишварро фаро мегирад, ҷои 114- умро ба худ ихтисос додааст. Шветсария, Олмон, Австралия, Испания, Англия, Амрико, Фаронса, Канада, Шветсия ва Сингапур ба тартиб 10 кишвари рақобатпазир дар соҳаи гардишгариро ташкил додаанд.

Тоҷикистон лоиқи рутбаи болотар нест?

Тоҷикистон дар соҳаи туризм 4 мавқеиятро ба даст оварда дар меъёри бизнеси миёна ва зерсохтор 2.69 бал, манобеи инсониву фарҳангиву табиӣ 3.26 балро касб кардааст. Кишварҳое чун Русия рутбаи 59 ва Қирғизистон ба ҷойгоҳи 101- ум ноил гаштаанд. Ин радабандии кишварҳо дар асоси 14 меъёр сурат гирифта, аз суботи қонуниву зистмуҳитӣ гирифта то амниятӣ ва захираҳои инсониву фарҳангиву табиӣ аз ҷумлаи меъёрҳои онанд.

Индекси рақобатпазирии соҳаи туризм ҳар ду сол баргузор мегардад. Барои таҳияи он маълумоти таркибии сарчашмаҳои дастрас ва иттилооти созмонҳову мутахассисони байналмилалӣ истифода мешавад. Фаррух Изатуллоев, сардори шӯъбаи туризми Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, мегӯяд, "ин радабандиро қабул дорам. Зеро форуми иқтисодии ҷаҳонӣ, ки дар хориҷи кишвар гузашт, барои соҳаи туризм хеле аҳамият дошт. Имрӯз Тоҷикистон аз байни 140 кишвар дар ҷойгоҳи 114 аст, пештар дар зинаи 118- ум қарор дошт."

Аммо барои рушди ин соҳа Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии кишвар иқдомотеро анҷом додааст, монанди иштирок дар чорабиниҳои байналмилалии туристӣ, ба чоп расонидани маводи таблиғотии туристӣ, минҷумла дискҳову филмҳои 15 дақиқаӣ дар бораи маконҳои диданибоби Тоҷикистон. Барои ҷазби туристон содагардонии раводиди воридшавии туристон ба Тоҷикистон ҳам ба анҷом расидааст. Меҳмонхонаву биноҳои замонавӣ низ дар ҳоли сохташавист. Ба гуфтаи сардори шӯъбаи туризми Кумитаи ҷавонон боло бурдани зинаи Тоҷикистон аз нигоҳи туризм аз меҳнати мутахассисон вобастагӣ дорад. Агар консепсияи "Рушди соҳаи туризм 2009-2019" амалӣ гардад, ин соҳа рушд меёбад. Ба қавли масъулини Кумитаи ҷавонони кишвар яке аз монеъаҳои асосӣ дар роҳи рушди соҳаи гардишгарӣ кадр мебошад. Чун мутахассисоне, ки донишгоҳҳо омода мекунанд, ҳанӯз ҷавонанду бояд забонҳои хориҷиро донанд, то бо туристон гуфтугӯ намоянд.

Наомадани туристон ба Тоҷикистон мушкили географист ё кадрӣ?

Давлат Ҳабибов, коршиноси соҳаи туризм, рутбаи поин гирифтани Тоҷикистонро ба ҷойгиршавии географӣ, набудани роҳҳову набудани соҳили баҳр марбут медонад, ки барои рушд додани соҳаи туризм мушкилоти зиёдеро барои кишвар ба вуҷуд овардааст. "Тоҷикистон барои тараққӣ додани ин соҳа маблағи зиёд лозим дорад, зеро агар рафту омад ба кишвар аз тариқи об бошад, он кишвар аз ҳама мамлакати пешрафтатарин дар соҳаи туризм мешавад. Агар дар гирду атрофаш роҳҳои зиёду ҳамвор бошад, рафту омад хеле хуб мегардад", гуфт Давлат Ҳабибов.

Ба қавли ин мусоҳиби мо, чун қисми зиёди кишвар кӯҳистон аст, на онқадар роҳҳои хуб байни Тоҷикистону ҳамсояҳост, то гардиши туристӣ байнашон зиёд шавад. Ба ҳамин хотир, ба гуфтаи ӯ, теъдоди зиёди туристони хориҷӣ имрӯз ба Тоҷикистон имконияти сафар надоранд.

Соҳаи туризм даромади Тоҷикистонро зиёд накардааст

Дар ҳоле аз таваҷҷуҳи зиёди ҳукумат ва яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ будани туризм дар Тоҷикистон гуфта мешавад, аммо ба назар намерасад ҳаҷми маблағи воридкардаи гардишгарон дар Тоҷикистон чизеро тағйир дода бошад. Мувофиқи меъёри байналмилалӣ овардани пул ба ҳисоби миёна аз тарафи туристон 500 доллар мебошад ва порсол ба Тоҷикистон 245 ҳазор гардишгар омадааст. Аз ин рӯ, пули овардаи ин 245 ҳазор турист ҳисоб гардад, ба 122 миллиону 500 ҳазор доллар баробар мешавад.

Бо ин вуҷуд, коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон манотиқи диданӣ дорад, вале шароит нест ва роҳҳо ҳама харобу валангор ҳастанд, ки ҳамин ҷалби ҳарчи бештари туристонро сахттар мекунад. Масъулини соҳаи сайёҳӣ Бадахшон ва Зарафшонро аз маконҳои дидании мамлакат меҳисобанд ва мӯътақиданд, ки барномарезии ширкатҳои туристӣ дар ин манотиқ хуб дида мешавад. Дар Тоҷикистон инчунин 87 ҳазор ширкати туристӣ фаъолият мекунанд, ки ҳамаашон ширкатҳои хусусиянд. Ин ширкатҳо қисмашон дар самти воридотӣ яъне ҷалб намудани туристони хориҷӣ ба ватан ва қисми дигарашон ба содир намудани шаҳрвандони ватанӣ ба ҳайси турист ба хориҷа машғуланд.

Бо ин ҳол, Нозим Эшонқулов -- мудири иҷроияи Маркази бозори озоди Тоҷикистон мегӯяд, рутбаи 114-ум ҷойгоҳи ҳақиқии Тоҷикистон аст ва аз он набояд шигифтзада шуд ва наметавон гуфт, ки соҳаи туризм дар Тоҷикистон хеле рушд ёфтааст. Сабаби кам рушд ёфтани соҳаи туризм ба ақидаи директори иҷроияи Маркази бозори озоди Тоҷикистон ба набудани озодӣ дар иқтисод марбут мешавад. Чун аз ин мушкил дигар мушкилот пайдо мешаванд минҷумла бюрократия, коррупсия ва шикастани қонунҳо. Бисёр намуди танзиму контрол аз тарафи давлат бюрократияро дар кишвар шиддат бахшидааст. Ҳар туристе ба Тоҷикистон хоҳиши омадан дорад, бояд виза гирад, ки ин виза вақту пул мехоҳад. Барои ҳамин виза бояд бекор карда шавад.

Ҳамин Қирғизистони ҳамсоя як қадам пеш гузошта визаро барои 45 давлатҳои хориҷӣ, ки аз онҷо туристон ба ин кишвар меоянд, бекор кардааст. Пеш аз ин кишвар Гурҷистон ҳамин корро карда буд. Барои ҳамин вақте барои турист рафтан ба Тоҷикистон ё Қирғизистонро пешниҳод мекунанд, табиист, ки турист ба Қирғизистон меояд на Тоҷикистон. Зеро ба Қирғизистон рафтан осонтару арзонтар буда шароити бурдани тиҷорат ҳам нисбат ба Тоҷикистон осонтар аст. Нозим Эшонқулов вазъияти фурудгоҳи Душанберо аз дигар авомиле медонад, ки туристонро аз омадан ба Тоҷикистон бозмедорад. Зеро фурудгоҳи Душанбе ягон намуд имконоту хидматрасонӣ надорад. Барои убури марз вазъияти коррупсионӣ аз хориҷиён пардохти пулро талаб мекунад. Аз ин гузашта таъсис додани корхонаи тиҷоратии туристӣ дар Тоҷикистон сабук нест. Барои ин кор литсензия бояд гирифт, ки ин ҳуҷҷат ҳам пулу вақт мегирад.

Тоҷикистон аз нигоҳи географӣ дар бунбаст қарор дорад ё надорад, техникаву мутахассисаш мерасад ё намерасад, дар ҳар сурат вақте ҳукумат ин соҳаро аз бахшҳои афзалиятноки иқтисодии кишвар унвон кардааст, пас бояд Беҳтар аст, то ҳарчи зудтар роҳҳои валангору хароб ва пур аз санги Тоҷикистон беҳтар шаванд ва дигар имконот фароҳам оварда шавад, зеро дар ҳолати ғайр суръати ҷалби туристон зиёд нахоҳад шуд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)