Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 20:33

Мизи мудаввари Шӯрои ВАО дар кумитаи телевизион ва радио

6 июл 2011, 03:00

Мизи мудаввари навбатии шӯрои ВАО-и Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ сурат пазируфт.


Дар ин бора ба «Озодагон» аз дастгоҳи марказии ин ниҳоди ҷамъиятӣ иттилоъ доданд. Бино ба қавли манбаъ,    дар нишаст намояндагони расонаҳои радио ва  телевизион, масъулини шӯрои ВАО ва кумитаи телевизиону радио ширкат карда, меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Дилафрўз Амирқулова, муовини райиси кумитаи телевизион ва радио дар сухани ифтитоҳӣ қайд кард, ки шабакаҳои радиову телевизиони расмӣ дар пуррасозии фазои иттилоотии кишвар нақши пешбаранда дошта, фаъолияташон барои пешрафти Тоҷикистон нигаронида шудааст. Ҳамчунин робитаҳои судманди кумитаро бо созмону муассисаҳои дигари эҷодиву касбӣ зикр намуд.

Раиси  шўрои ВАО Зинатулло Исмоилов қайд кард, ки «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар  Тоҷикистон»  мутобиқ ба қонунгузории ҶТ, суннатҳо ва дастовардҳои рўзноманигории муосир  таҳияву қабул шудаанд. Хушбахтона, ҷомеаи журналистони тоҷик торафт барои риояи ин меъёрҳо масъулияти бештаре нишон медиҳанд.

Дар охир аз тарафи ширкаткунандагони мизи мудаввар пешниҳод гардид, ки дар назди шўрои ВАО телефони боварӣ ташкил карда шавад, то ҳар нафар тавонад фикру андеша ва пешниҳодоташро дар бораи риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ баён созад. Ин пешниҳод бо мамнуният пазируфта шуд.  Манбаъи хабар меафзояд, дар наздиктарин фурсат «Шарҳи Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти  журналистӣ дар Тоҷикистон» нашр шуда, миёни журналистон паҳн карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки шўрои ВАО ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва  худтанзимкунии ВАО буда,  фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон санадҳои меъёрии байналмуллалӣ, оиннома ва меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад. Муассисони ин созмон иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, АМВОТ, АМВЭАОТ, Хазинаи гиромидошт ва  дифоъ аз  ҳуқуқи журналистон, ҶДММ «Оила», «Азия-Плюс», «Бонувони Тоҷикистон» ва СМТ мебошанд.{jathumbnail off}

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!