Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:21

"Хонаҳои бадахшӣ сар то по рамзҳои зардуштӣ доранд" (Акс)

19 март 2013, 08:57

Пажуҳишгоҳи байналмилалии Heritage ё худ пажуҳишгоҳи “Насл” хонаҳои мардуми Бадахшонро омӯхта, санаи пайдоишашонро ба аҳди Шоҳ Ҷамшед, яке аз шоҳони машҳури ориёӣ рабт додааст.

Тавре пажуҳишгарон дар сомонаи расмии созмонашон менависанд, хонаҳои мардуми Бадахшон на танҳо беҳтарин шароит барои зиндагӣ дар сахтиҳои куҳистон доранд, балки хазинаи ғании фарҳангу маданияти қадим мебошанд. Ба навиштаи пажуҳишгарони созмони “Насл”, ҳанӯз дар хонаҳои Бадахшон рамзҳои аз замони оташпарастӣ нигоҳ дошта шудаанд. Онҳо мегӯянд, хонаҳои Бадахшон аз чӯб, лой ва санг тавре сохта шудаанд, ки агар деворҳои хона пурра вайрон гарданд ҳам, боми он намеафтад, чун боми хонаҳои бадахшӣ асосан ба панҷ сутун такя мекунад, ки рамзи қаҳрамонҳои замони оташпарастиянд.

Ин панҷ сутуни хонаҳои Бадахшон рамзи Суруш, Меҳр, Аноҳита, Замйод ва Озар арзёбӣ мегарданд. Сутуни рамзи Суруш нигоҳдорандаи замину руҳ ва сутуни Озар, нигоҳдорандаи оташу ҳақиқат ба ҳам наздиктаринанд ва бо чӯбе бо ҳам пайвастанд, ки асосан бо рамзҳои замони зардуштӣ, аз ҷумла офтоб нақшу нигор ёфтаанд.

"Хонаҳои бадахшӣ сар то по рамзҳои зардуштӣ доранд" (Акс)


Ин панҷ сутун дар болояшон ду сутуни дарози дигарро нигоҳ медоранд, ки якеаш рамзи ҳаёти ҷисмонӣ аст ва дигаре нишон аз руҳ мебошад.

Равзана дар маркази хонаҳои бадахшӣ аз чор чоркунҷа, рамзҳои замин, ҳаво, об ва оташ тавре сохта шудааст, ки равшаниро даруни хона дар чор фасли сол таъмин мекунад. Инчунин пажуҳишгарони Heritage Institute, мушоҳида кардаанд, ки мардуми Бадахшон зимни ороиши хонаю либос аз рангҳои сурху сафед бисёр истифода мекунанд ва инро ҳам ба замони зардуштӣ рабт медиҳанд. “Ранги сафед, ки рамзи равшанӣ, тозагӣ, поктинатӣ аст ҳамроҳ бо ранги сурх, рамзи офтоб, оташ ва хун аз тарафи зардуштиён имрӯз ҳам дар Ҳиндустон аз ҳама зиёд истифода мешавад”,- менависад Heritage Institute.

Дар ҳамин ҳол, Heritage Institute хонаҳои бадахширо яке аз қадимтарин нишонаҳои маданияти олӣ ва хирад дар ҷаҳон арзёбӣ мекунад.


"Хонаҳои бадахшӣ сар то по рамзҳои зардуштӣ доранд" (Акс)

"Хонаҳои бадахшӣ сар то по рамзҳои зардуштӣ доранд" (Акс)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам ОЗОДАГОН
Ман ба шумо мехохам расонам, ки ин хона "Хонаи Бадахшони" нест, вале "Хонаи мардуми Помир" аст. Бадахшон аслан дар тарафи Афгонистон (Бахорак, Файзобод ва гайра) аст. Мардуме, ки дар ВМКБ - Точикистон зиндаги мекунанд, аз чихати этники "помирихо" хастанд ва хар чизхои мадани ва фархангие, ки ба хамин мардум таалук дорад, "помири" аст. Масъалан: Мардуми помир, фарханги помир, токии помир, забонхои помир, хонаи помири, чурубхои помири, халки помир ва оказох... ВА НА ФАКАТ МАРДУМИ ПОМИР, вале ТОЧИКОНИ ПОМИР.
Бо эхтиром
Алибек
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз биниатон боло гап мезани ку Алибек. Номаъкул карди. ВМКБ- Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон аст ва мардуми ин сарзамин бадахшони. Помир куххои он мантакаро гуянди. Ок?
Посух додан
  • халима

  • 14 январ 2016 10:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бисер хушхолам ,ки хонаи зебои помири имруз дар чахон муарифи шудаааст ,мардуми бояд аз ин чиз бифахранд чунки бехтарин ва зеботарин хона дар чахон мо мардуми помир дорем.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!