Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:40

Парвандаи Айёмбеков ва Муродов дар Душанбе баррасӣ мешавад

19 март 2013, 09:42

Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Муродов, сокинони шаҳри Хоруғ, ки бо тасарруфи амвол, аввалӣ ба 17 ва дуюмӣ ба 16 соли зиндон маҳкум шуданд, рӯзи 18-уми март аз болои ин ҳукм ба марҳилаи кассатсионии Додгоҳи олии Тоҷикистон муроҷиат кардаанд.

Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” вакили мудофеи маҳкумшудагон, Файзи Олӣ, хабар дода, афзуд, ки дар давоми даҳ рӯзи оянда бояд баррасии кассатсионии парвандаи нафарони зерҳимояаш оғоз гардад. Ба гуфтаи Файзи Олӣ баррасии кассатсионии парвандаи Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Муродов дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар мавриди он, ки оё зерҳимояҳояш ҳам ба Душанбе оварда мешаванд, Файзи Олӣ афзуд, ки онҳо то ҳукми қонунӣ гирифтани қарори додгоҳ дар шаҳри Хоруғ хоҳанд буд: “Мо аз додгоҳ хостем баррасии кассатсионии нафарони зерҳимояам бе ҳузури онҳо сурат гирад.”

Қаблан Додгоҳи олӣ дар шаҳри Хоруғ, Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Муродов, бародар ва ронандаи Толиб Айёмбековро, дар куштори раиси идораи амнияти Бадахшон, генерал Абдулло Назаров, гунаҳкор дониста, бо тасарруфи амвол аввалиро ба 17 ва дуюмиро ба 16 соли зиндон маҳкум кард.

Дар шарҳи ин қарор вакили мудофеъ ҳукми додгоҳро махсусан нисбати Ҳамза Муродов ноодилона хонд. Ба гуфтаи вакили мудофеъ гуноҳи Ҳамза Муродов дар он аст, ки аз қатли Абдулло Назаров ба мақомот хабар надодааст: “Худи Муродов дар ҳамла ба генерал Абдулло Назаров иштирок накардааст. Бино ба ин 16 соли зиндон ҳукми аз ҳад вазнин аст.”

Айбдоркунандаи давлатии парвандаи куштори генерал Абдулло Назаров барои Оқил Аёмбеков 17,5 ва Ҳамза Муродов 16,5 соли зиндонро талаб карда буд. Ба гуфтаи тафтишот тамоми иттиҳомот алайҳи Оқил Аёмбеков ва Ҳамза Муродов ба куштор, сӯиқасд ба ҷони намояндаи давлат ва тасарруфи силоҳ тасдиқи худро ёфтааст.

Вакили мудофеъ аз додгоҳ талаб карда буд, ки нисбати Оқил Айёбеков моддаи расондани зарари вазнини ҷисмонӣ, ки аз беэҳтиётӣ ба марг овардааст, татбиқ шавад. Ба таъкиди Файзи Олӣ куштор бо амри тасодуф ба вуқӯъ пайваста, зерҳимояҳояш аз лаҳзаи аввал барои наҷоти Назаров талош кардаанд.

Генерал Абдулло Назаров, сардори собиқи раёсати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон, рӯзи 21 июл дар мавзеи “Ниводак”, наздикиҳои шаҳри Хоруғ кушта шуд. Мақомот дар куштори генерал чор нафарро мутаҳҳам карда буданд, аммо нисбати ду нафари дигар, ба далели дар қайди ҳаёт набуданашон парвандаи ҷиноӣ қатъ шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!