Бахшҳо

Аҳмад Валӣ Масъуд: Дахолати кишварҳои абарқудрат сабаби нооромии Афғонистон аст

Омили аслии қазияи нооромӣ ва ҷангҳои тӯлонӣ дар Афғонистон ва  рӯи кор наомадани давлати муқтадири миллӣ дар ин кишвар ҷой доштани нигоҳҳои қавмӣ, рақобат байни давлатмардон ва дахолати кишварҳои абарқудрат дар Афғонистон аст.


Ин нуктаро зимни як ҳамойиши вижаи байналмилалӣ дар Душанбе  оид ба авзоъи Афғонистон Аҳмад Валӣ Масъуд, сиёсатшинос, дипломат ва ҳамзамон бародари қаҳрамони шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд иброз дошт. Нишасти мазкур, ки таҳти унвони  «Низоъ ва сулҳсозӣ дар Афғонистон: ҳолат ва дурнамо» ду рӯз боз дар пойтахти Тоҷикистон идома дорад, умдатарин масоили марбут ба ҳамсоякишвари моро матраҳ месозад.

Сайфулло Сафаров, муовини директори маркази тадқиқоти стратегӣ бар ин назар аст, ки қазияи Афғонистон танҳо мушкилоти ин кишвар набуда, он мушкилоти минтақа ва ҷаҳон аст. Масъули дигари ҳамин марказ- Абдунабӣ Сатторзода андешаҳои ҳамкорашро тақвият бахшида мегӯяд, то ҳанӯз роҳи одилонаи ҳалли қазияи Афғонистон муайян нашудааст, кишварҳои минтақа ва ҷаҳон набояд аз авзои феълии Афғонистон истифода намоянд, балки барои фароҳам овардани шароити сулҳу истиқрори миллӣ  ва таҳкими суботу бозсозию пешрафтҳо дар ин сарзамин мусоидат намоянд, зеро Афғонистон кафили сулҳ дар минтақа ва ҷаҳон аст. Иддае аз коршиносони масоили сиёсӣ мушкилоти Афғонистонро дар мавқеияти хоси ҷуғрофӣ ва стратегии он мебинанд. Зикр гардид, ки маҳз дар қалби Осиё қарор доштани Афғонистон ва дорои захираҳои бузурги табиӣ будани  ин кишвар таваҷҷӯҳи давлатҳои абарқудрати ҷаҳон ба ин сарзамин бештар гардида,  тӯли беш аз  30 сол аст, ки Афғонистон ҳамчун кишвари ҷангзада дар харитаи сиёсии ҷаҳон нуқтаи доғи сайёра маҳсуб мешавад…

Мусоҳиба бо бародари қаҳрамони миллии Афғонистон, шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд- Аҳмад Валӣ Масъуд бо нишонии зер қобили дарёфт аст: https://ozodagon.tj/suhbati-ruz/1191-2011-07-05-12-18-02.html

 

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)