Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:21

Ифтитоҳи сохтмони Терминали нави Душанбе

19 март 2013, 14:57

Имрӯз, 19-уми март, маросими гузоштани санги аввали терминали нави Фурудгоҳи Душанбе баргузор гардид.

Тавре Муҳаммадюсуф Шодиев, котиби Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ дод, то имрӯз дар терминали нав иншооти ёрирасонро бунёд кардаанд ва акнун бевосита бо гузоштани санги аввал корҳои сохтмонӣ дар терминал шурӯъ мегардад. Ба иттилои Шодиев анҷоми сохтмони терминали нави Фурудгоҳи Душанбе 28-уми декабри соли 2014 дар назар аст.

Шодиев афзуд, ки маблағи умумии сохтмон 39 млн евроро ташкил медиҳад, ки мувофиқи шартномаи байниҳукуматӣ пардохти 20 млн ҷониби Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва 19 млн Евроро ҷониби Фаронса бар ӯҳда гирифтаанд. Дар иншооти мазкур алъон 10 нафар мутахассисони фаронсавӣ ва 131 нафар сохтмончиёни тоҷикистонӣ фаъолият доранд.

Пас аз ба истифода додан, терминали нав қодир мешавад дар як сол ба 1,5 миллинон мусофир хизмат расонад. Хизматрасонӣ дар як соат 500 мусофирро фаро хоҳад гирифт. Айни ҳол хизматрасонӣ дар фурудгоҳи Душанбе дар як соат ба 130 мусофир соат расидааст.

Сохтмони терминали навро ширкати сохтмонии «Винчи Конструксён Гран Проже» ба уҳда дорад, ки яке аз ширкатҳои сохтмонии бонуфузи ҷаҳонӣ буда, то имрӯз дар сохтмони 13 фурудгоҳ иштирок намудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!