Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 23 май 2017, 15:43

Баррасии ҳамкорӣ байни сохторҳои қудратии Чину Тоҷикистон

19 март 2013, 16:00

Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, бо сафири Чин дар Душанбе, Фан Сянжун ҳамкориро дар бахши таъмини амният баъди хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон баррасӣ кардаанд.

Тавре аз Вазорати умури дохилӣ ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, зимни ин мулоқот ҷонибҳо «Барнома оид ба тақвият бахшидан ба ҳамкорӣ байни Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар соли 2013»-ро мавриди муҳокима қарор додаанд. Манбаъ афзуд, дар рафти вохӯрӣ Фан Сянжун намояндаи расмии Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин дар Душанбе ҷаноби Бян Юйтсзеро муаррифӣ намуд.

Зимни вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории дуҷонибаро дар мавриди мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, терроризм ва экстремизм, инчунин таҳдиду хатарҳое, ки эҳтимол аст пас аз хуруҷи нерӯҳои ТҲАШ (НАТО) аз Афғонистон ба миён оянд, баррасӣ намуданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!