Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 14:36

Нигаронии Шӯрои уламо аз афзоиши никоҳҳои муваққат (мутъа)

19 март 2013, 16:44

Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, бо мурури афзоиши шаҳрвандони Эрон дар кишвар сабти никоҳҳои сиға ё муваққат низ афзоиш ёфтааст.

Атоулло Қосимов, сухангӯи Шӯрои уламои Тоҷикистон, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, бо назардошти афзоиши шаҳрвандони Эрон дар кишвар бояд занҳои тоҷик ҳушёр бошанд ва ба издивоҷҳои муваққат розӣ нашаванд. Ба гуфтаи Қосимов “чанде пеш ғайрирасмӣ, яъне бе ариза, ба Шӯро ду-се зан муроҷиат карданд, ки бо шаҳрвандони Эрон никоҳ бастаанд. Аммо баъд аз чанде шаҳрвандони Эрон аз Тоҷикистон рафта дигар барнагаштаанд. Вақте занҳои тоҷикашон телефонӣ бо онҳо дар тамос мешаванд, онҳо ҷавоб медиҳанд, ки никоҳҳои сиға бастаанд.”

Қосимов афзуд, ки барои ҷилавгирӣ аз чунин ҳодисаҳо Шӯрои уламо давоми шаш моҳи охир тавассути домуллоҳои кишвар ва ВАО, аз ҷумла хабаргузории “Озодагон” мехоҳад ба шаҳрвандони Тоҷикистон фаҳмонад, ки никоҳҳои сиға дар мазҳаби ҳанафӣ дуруст нестанд ва бояд аз онҳо канорагирӣ кард.

Беш аз навад дарсади сокинони Тоҷикистон мусалмонанд ва қисмати бузургу аслии онҳоро пайравони мазҳаби ҳанафӣ ташкил медиҳанд. Рӯҳониёни тоҷик мегӯянд, аз нигоҳи фиқҳи ҳанафӣ никоҳе, ки барои муддати муайян баста мешавад, ҳаром аст ва қабул нест. Пайравони мазҳаби исмоилия, ки қисме аз сокинонии мусалмони Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, низ мегӯянд, аз назари онҳо никоҳи муваққат дуруст нест ва онҳо ҳангоми бастани никоҳи шаръӣ ваъда медиҳанд, ки то охири умр дар канори якдигар хоҳанд буд.

Никоҳи муваққат дар миёни пайравони шиа дар Эрон роиҷ аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар руи дуньё аз мардуми точик,ба хусус точики кухистон дида,мусулмони поктинату худотарсро надидаам.Солхои 1997-98 дар махаллаи Сахарови назди шахри Тверь биноеро месохтем.Баъд аз кор гоххо бегохихо ба масчиди шахри Тверь рафта намоз мехондем.Ба масчиди шахр,ба гайр аз чавонони точику ду се чеченхову догистонихо хеч касро дигар намедидем.тоторхои солхурда факат рузхои чумъа намози чумъахони меомаданд.Аксар вакт,студентони мусулмони мамлакатхои Африко,Хиндустон ва Покистон хам меомаданд.Точикони мухочир мизбону муаззину хизматгори ин масчид буданд.Масчид таърихи садсол зиёдро дошт.Ягон ирониро намедидам.Як вактхо арабхо хам пайдо шуданд.Дар руи дуньё аз хамин арабхо бадахлокро хамончо дидам.Хар руз як фохишадухтари русро хар кадоме ба масчид меовард.Аз муллои пешдарои мо,ки чавони точик буду хамаги 20-21солро дошт,талаб мекарданд,ки онхоро никохи муваккати(мутьа) намояд.Муллои чавон ба араби хамгох-гох сухан мекард.Ба онхо гох ба забони руси ва гох ба лафзи руси мефахмонд,ки ин дар мазхаби мо раво нест,мефахмонид,ки чи тавр яку якбора онхо хамдигарро шинохтанду ба ин кор омода шудаанд.Онхо якрави мекарданд,ки хатто мехоханд,онхоро бо худ ба мамлакаташон баранд.Боре иронии точире аз шахри Санкт-Петербург,бо ду фура ба шахри номбурдаро мевахои цитрусиву мевахои ирониро овард.Моро дар чои корамон омада илтимос кард,ки борхояшро фарорем,ба мо музди корамонро медихад.Мо аз бригадирамон ичозат пурсидем ва ба анборе,ки дар собик базаи райпои шахр буд рафта борхояшро фаровардем.Хангоми борфарори назди мо як зани тахминан 30-35-сола омада,хамчун "товаровед" ба кабули онхо шуруъ кард.Бо мо бо руси харф зад.Ин иронии точир дар сонияе ба у дил дод.Моро безор кард,аз гуфторхо,"бигуш,ки ба ин хонум,ки курбони чашмош мешаме,бигуш тухфааш инъом кунам,бигуш чашмонаш зибост,ман точир хастам,сармоядор хастам,тарчумаш кунед..бигуш,бигуши у дар чонамон зад.Баъди чанде хонуми рус хисобу китоб карду суи идорааш рафт.Мо касдан ба ирони дурушту дагал гуфтем,ки о ту чи хел мусулмони,ки ин кадар бигу,бигуш карди.Ин хонум зани пулиси минтакави аст,фахмонидемаш.Точири ирони моро таъкид сохт,ки дар ин рузхое,ки инчост,як зани муваккатиаш ёбем.Мо,ки худ,ба гуфти баъзеи чавонони мухочир "сарзадаву пачак" будем,кариб чазои "бигуш,бигуш"ро медодем.Вакте ки муллоимоми чавони мо аз шахри Тверь ба Маскав омад,ба чои у Фарид-абзии тотор пешнамоз мешуд.Баъдтар у хочи хам шуд.Боз як гурух арабхо бо арусони рустабору украинтабори худ,пайдо шуданд.Мо абзиро пешаки огох сохтем,ки бо тамкин бошад.Чанд вакт гузашт.ногох як рузи чумъа,як марду як зани руси калонсол назди масчидро гирифтанд.Онхо талаб карданд.ки духтарашонро арабе ба зани гирифтаасту дар хуччатхои акди никох навиштаанд,ки бояд 10-хазор доллар хамчун махр ба онхо дихад.У духтарашонро партофаасту рафтааст.Абзи фахмонид,ки никох муваккати буд.ин проблемаи шумост.Чанд мох судбозихо шуд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бад аз Салом. никохи Мутъа дар замони хазрати расулулуллох (с) халол буд ва Хазрати Умар (рз)он ро харом кард. ва ин масъаларо метавонед аз шурои уламо бипурсед.
дувуман ин ки никохи муваккат факат дар ерон нест. балки хеле аз кишвархо ки шиа хастан роич аст. монанди Ерон Ирок, Афгонистон Покистон Хиндустон Лубнон ва базе аз кишвархои европа. дар ахли суннат хам ба тозаки никохи мутъа бар халол будан фатво дода шуд ва номаш факат "мисёр" аст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Албатта ривочи мутъа кори бадест.боиси нигаронист. Вале Шурои уламоро ривочи бесобикаи зино ва омилхои ба он мусоидаткунанда чаро ба ташвиш намеорад? Сониян адади мутъахо шояд ангуштшумор бошаду ШУ вохима карда шахсони намедонистагиро хам ташвик ба он карда истодааст. Алокахои гайришаръй дар кишвар баръакс хеле зиёданду ин шуро боре хам ин проблемаро ном намегирад. Шояд аз касе метарсад. Бенамозй, бесатрй, манъи масочиду тадриси динии хучравй ва даххо проблемахои мухимро боре хам баррасй намекунаду гохе чанд чавони толибилмро ба салафигй муттахам мекунад, гохи дигар ба эшонхои маъруф, мислм турачонзодахо тухмат иншо мекунад ин Шуро. Худо хидоятшон кунад аъзои ин шуроро.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
номахкул карди ба ин гапи гуфтагит
мутъа ин зинои конунист
шумо девона шуден магар

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!