Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:25

Раёсати Амонатбонк соҳиби Ҷоми «Наврӯз-2013» шуд

19 март 2013, 17:46

Сабқат миёни дастаҳои футбол аз 12 филиали «Амонатбонк» барои Ҷоми “Наврӯз 2013” бо ғолибияти Раёсати Бонк анҷом ёфтааст.

Тавре аз “Амонатбонк” хабар доданд, ин мусобиқа бо дастгирии раиси ин бонк Гулнора Ҳасанова аввали моҳи равон оғоз гардида, ахиран дар варзишгоҳи “Тоҷикстандарт” дар Душанбе ба анҷом расид. Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрии финалӣ барои дарёфти ҷоми «Наврӯз-2013» дастаи Раёсати Амонатбонк ва дастаи филиали Бонк аз ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ҳам рақобат намуданд ва дастаи Раёсати Бонк пирӯзӣ ба даст овард.

Манбаъ афзуд, аз тарафи роҳбарияти Бонк ҳамаи иштирокчиён бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд ваГулнора Кенҷаевна ҳозиринро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи хуҷастапай табрик намуда ба онҳо барору комёбиро дар кору рӯзгор таманно намуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!