Бахшҳо
20 мар 2013 07:09Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

3 нигоҳ ба 1 масъала: Манъи никоҳи хешутаборӣ дуруст аст?

Ахиран вакили Маҷлиси Намояндагон, Саодат Амиршоева, пешниҳод кард, ки никоҳи хешутаборӣ аз роҳи қонун манъ гардад. Ӯ дар шарҳи пешниҳодаш гуфт, никоҳҳои хешутаборӣ сабаби бо нуқс ба дунё омадани атфол мегарданд. Ин пешниҳоди хонум Амиршоева аз тарафи вакилон ху истиқбол ёфта, ҳоло барои таҳияи тарҳи ислоҳот ба Кодекси оила дар ин замина гурӯҳи корӣ ташкил шудааст. Вале дигарон чӣ мегӯянд?

Қобилҷон БОЕВ, раиси собиқи шӯъбаи фатво дар Шӯрои уламо:

“Ин хости Худост, ки фарзанди солим медиҳад, ё носолим. Издивоҷҳои хешутаборӣ аз замони паёмбар роиҷ буд, ки духтари худро ба Алӣ (с) писари амакашон доданд. Агар хешутаборӣ намешуд, пайғамбар манъ мекард ва Худо мегуфт, ки духтаратро ба хешутабор насупор. Ҳастанд оилаҳое, ки духтари амак, тағо ва хола гирифтаанду фарзандонашон солим аст. Яке донишгоҳи исломӣ тамом кард, яке дигараш донишгоҳи миллӣ. Ҳастанд оилаҳое, ки зан аз дигар минтақа асту худаш аз минтақаи дигар, вале фарзандонашон носолиманд. Паёмбар гуфтааст, ки аз бегона низ гиред.”

Марҳабо ЗУНУНОВА, сарвари ташкилоти ҷамъиятии "Никоҳ ва оила":


“Кӯдакони маъюб бештар аз ингуна оилаҳо мебароянд. Барои ҳамин, ташвиқ кардан лозим, вале ғайриқонунӣ кардани он як омили дигаре барои коррупсия мешавад. Бояд филм гиранд, ки издивоҷҳои хешутаборӣ чӣ дар пай дорад. Дар як оила ҳатто то 7 маъюб ҳаст. Омӯзиши ин масъала кори якрӯза неву чандсола аст.”

Зубайдуллоҳи РОЗИҚ, раиси Маҷмаи уламои ҲНИТ:

“Агар мақсад аз манъ кардани издивоҷҳои хешутаборӣ насли солим бошад, мо ҳам тарафдорем. Вале мақсад насли солим нест. Балки мақсад дохил кардани муқаррароту равияҳои динҳои бегона дар қонунгузорӣ, урфу ҳувияти миллии мост. Барои ҳамин аламовар аст. Агар насли солим мехоҳанд, қонун бароранд, ки то саломатияшон ба воситаи ташхиси тиббӣ гузаронда нашавад, никоҳ сурат нагирад.”
Мӯҳр
Ин сурати ки бошад?.Сурати Саодат Амиршоева аст,ё ягон хонуми дигар?.Бисёр хам бо рангуруи тииб ва чехраи бегамона инъикос шудааст.Дар бораи проблемахои занхои Точикистон мегуянду,худашонро бинед.Э кам нашавед,дар Точикистон проблемаи занхо вучуд надорад,ба ин расм нигох карда.

Бемаънитар аз ин пешниходро кам вохурдаам. Хонума ё бо супориши нафаре аз хорич ё аз руи миш-мишхои кампирхои лаби чуй лоихаи конунеро пешниход кардааст, ки мухолифи меъёрхои Сарконун аст. Зеро издивоч кардан ё накардан ва интихоби хамсар чузъи хукукхои фитрии инсон аст, ки ДАХЛНОПАЗИР аст! (м.5) Аз нигохи илми тиб факат дар сурати вучуд доштани беморихои ирсй издивочи хешовандон эхимоли ошкор шудани онро меафзояд. Вале он ракамхое ки вакила овардааст дуруги махз аст, чунин тадкикотро кй ва кай дар кучо гузаронидааст? Рохи дурусти пешгирии чунин беморихо - боло бурдани сатхи донишу тачрибаи мутахассисони генетик ва дастрас кардани тачхизоти муосири муайянкунандаи беморихои ирсй байни нав хонадор-шавандагони хешутаборидошта аст. Дар Ирон чунин марказхои маслихатгоххои тиббии генетикй бешуморанд, кй гуфта метавонад,ки дар Точикистон як чунин марказе хаст? Масоили ба саломатии инсон дахлдорро бояд вакиле аз чумлаи пизишкон пешниход кунад ва агар чунинхоро ба порлумон рох надода бошем, акаллан маслихати ононро пешакй бояд гирифт.

chizero,ki shariat ijozat dod he kas haq nadorad,ki dar in bora gap zanad. khub meshud, ki amirshoeva fikri digar problemahoro mekard...........

Шахсан худи ман духтари холаамро ба зани грифтаам ва сохиби ду писарчаи солимам адхамдулиллох ва хушдоманам яъне холаи ман бошад бо писархолааш издивоч кардааст ва сохиби панч фарзанди солиманд. Ахсан ба Шумоён вакилони азиз ки хама чихата пешрафти Точикистонро дида ва хама проблемахоро хал карда дигар аз бекори дилгир шуда охир ба ин карор оиадед ки бояд гами халкро хурд ва ончунон донову хаким шудед ки гуё аз хама гузаштед дар доноги.... охир мпн дигар намедонам бо Шккумоён чигуна ахсану офарин гуям........

ман хамчун як донишчу мегуям ба баъзе коргарони ТЧ конунхои беандеша ва бемаъни набароред илтимос обу руи набудагира нарезонен!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)