Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 11:50

Сарпарастон ба таъмиру тармими парваришгоҳҳо шурӯъ карданд

6 июл 2011, 04:28

Таъмиру тармим дар муассисаҳо ва хона-парваришгоҳҳои тобеъи вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон идома дорад.



Зимнан, аз ин вазорат ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, ки бо ин мақсад дар иншоотҳо корҳои таъмирӣ босуръат   ҷараён доранд. Баҳри боз ҳам  беҳтар намудани хизматрасонӣ ба бошандагон  бо иқдоми  Маҳмадамин Маҳмадаминов, вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз ҳисоби  соҳибкорони ватанӣ  шӯрои сарпарастон таъсис ёфта, ба ҳар як хона - интернат вобаста карда шуданд. Ҳоло аз ҳисоби онҳо дар хона-интернати шаҳри Турсунзода таъмири як қисмати бино, дар хона-интернати ноҳияи Ҳисор гузаронидани хати алоҳидаи оби нӯшокӣ идома дошта, коркарди чортоқи бинои хона-интернати ноҳияи Восеъ бо маҳлули кимиёвии зиддисӯхторӣ давом доранд.
Манбаъ афзуд, дар ин давра нақшаи чорабиниҳо  ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла иди Наврӯз, рӯзи Ғалаба,  иди Ваҳдати миллӣ таҳия гардида, тибқи он ҷашни иди Ваҳдати миллӣ дар муассисаҳои давлатии хона-интернатҳо ва марказҳои будудбоши рӯзона дар доираи риояи қонунҳои марбута сурат пазируфтанд.{jathumbnail off} 


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!