Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:16

Фардо қазияи Абдуллоҷонов бозбинӣ мешавад

20 март 2013, 09:43

Андрей Федур, вакили дифои Абдумалик Абдуллоҷонов, собиқ нахуствазири Тоҷикистон, ки ҳамакнун дар Украина боздошт шудааст, аз болои ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шевченкои шаҳри Киев шикояти кассатсионӣ бурдааст.

Тавре хабаргузориҳои Украина аз қавли Федур хабар медиҳанд, баррасии кассатсионии қазияи Абдуллоҷонов фардо, 21-уми март, ба нақша гирифта шудааст.

Додгоҳи ноҳияи Шевченкои шаҳри Киев, маркази Украина, ҳукм кардааст, ки Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири пешини Тоҷикистон, то як сол дар боздоштгоҳ хоҳад монд. Ин ҳукмро рӯзи ҷумъаи 15-уми март додрас Владимир Бугин эълон карда ва гуфтааст, дар ин муддат масъалаи истирдоди Абдуллоҷонов ба Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд.

Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири пешини Тоҷикистон, ки баъд аз соли 1998 дар Иёлоти Муттаҳида ба сар мебурд, дар оғози моҳи феврали соли ҷорӣ дар фурудгоҳи Брисполи Украина аз сӯи пулиси байналмилалӣ ё Интерпол боздошт шуд. Мақомоти тоҷик ӯро дар куштор ва чанде дигар аз ҷиноятҳои вазнин муттаҳам медонанд ва аз Украина хостаанд, ки ӯро ба Душанбе таслим кунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!