Бахшҳо
20 мар 2013 10:43Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Шабдолов: Чаро ширкатеро аз андоз озод намоем, ки кори мардумро мушкил мекунад?

Парлумони Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбеи 20-уми март бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни буҷа барои соли 2013 ширкати “Контгруп Тоҷикистон”-ро, ки зери тамғаи “Осиё Экспрес” фаъолият мекунад, аз пардохти 7 миллион сомонӣ озод кард.

Бар пояи ин қарори парлумон, “Осиё Экспресс” бе пардохти 7 миллион сомонии боҷи гумрукию андоз ба Тоҷикистон 40 сабукрави "Тойота кемри" ва 20 автобсусро ворид мекунад.

Зимни баррасӣ Шодӣ Шабдолов, вакили парлумони Тоҷикистон аз Руҳулло Ҳакимов, муовини вазири молияи кишвар, ки ин қарорро муаррифӣ мекард, пурсид, ба чӣ далеле ҳукумат ва парлумон бояд ба “Осиё Экспресс” ин имтиёзҳоро ироа кунад? Шабдолов аз он изҳори нигаронӣ кард, ки тибқи мушоҳидаҳо хизматрасонии ширкати мазкур ба маротиб гаронтар аст: “Ҷое, ки бо 3 сомонӣ мерафтем, таксиҳои “Осиё Эскпрес” ба ивази 25 сомонӣ мебаранд. Пас, суоле ба вуҷуд меояд, чаро ба чунин ширкатҳое, ки ба мардум ба ҷои сабукӣ вазнинӣ меоранд, имтиёз медиҳем?”

Руҳулло Ҳакимов дар ҷавоб ба Шабдолов изҳор дошт, ҳадафи аслӣ аз ироаи чунин имтиёзҳо дастгирии соҳибкорон ташкили ҷои кор ва чалби сармоягузорӣ мебошад.

Тибқи иттилои расмӣ ширкати “Осиё Экспрес” барои таъмиру навсозии бинои "Автовокзал"-и Душанбе 140 миллион сомонӣ харҷ кардааст ва барои анҷоми корҳои боқимонда 70 миллион сомонии дигар харҷ хоҳад шуд. Моҳи октябри соли гузашта низ Маҷлиси Намояндагон як қисми таҷҳизоте, ки ин ширкат аз хориҷ ба Тоҷикистон ворид карда буд, аз андоз озод намуд. Он вақт Рӯҳулло Ҳакимов, муовини вазири молияи Тоҷикистон, гуфта буд, ки ҳукумат аз 40 автобуси воридкардаи ин ширкат танҳо 20 адади онро аз молиёт ва боҷи гумрукӣ озод кардааст 5 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Мӯҳр
НАБОЯ ЯГОН ШИРКАТ АЗ АНДОЗ Ё МОЛИЁТ ОЗОД КАРДА ШАВАД БОЯД ХАМАРА БО ЯК ЧАШМ НИГОХ КАРД.ИН ЧИ ГАП ФАЛОН КОРХОНА АЗ АНДОЗ ОЗОД КАРДА ШАВАД ФАЛОН ШИРКАТ ОЗОД КАРДА ШАВАД ХАМАИ ИНХОРО ОЗОД КУНЕМ ПАС КИ АНДОЗ МЕСУПОРАД МАРДУМИ,КИ БЕ ИНХАМ БО АЗОБЕ РУЗИ ХУДРО МЕГУЗАРОНАД.ПАС АДОЛАТ ДАР КУЧОСТ??????????????????????????????ИЛТИМОС ЧОП КУНЕД!!!!!!!!!

Хамин паралумони Точикистон барои чи лозим аст?.Парлумонро тезтар бархам дихед,аъзоёни собикашро ба мухочирати кори ба Россия фиристонед.Ман интизори кабули онхоям.

ораш
оё парлумон 1 вакил дорад?

said
salom inho khudashol haq megiran ki az moliyoti davlati ononro ozod mekunand chi ma,ni dorad
boyad ba manfiati millatu davlat kor kunand na ba manfiati digaron inro ya besavodam medona ki dar chunin holat chi ast asli maqsad//////pas asian express noma,loom reshaash az kujo sarchashma dorand????????

muhamad
salom . shumo medoned barochi on shirkati aftobushoro az andoz ozodkardan baroyki az avlodi khudashonhast.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)