Людмила Никулинаи 45-сола, ки сокини кӯчаи Қаҳҳорови шаҳри Душанбе аст, бо гумони куштор аз сӯи кормандони милиса боздошт гардид.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ВКД, ин хонум як рӯз қабл дар манзили истиқоматии худ бо ҳамзисташ, Владимир Ҷабборов муноқиша карда, ӯро бо корди хоҷагӣ чанд маротиба захмдор мекунад.Ҷабрдида пас аз бардоштани ҷароҳатҳои сангини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Феълан, далели шайъӣ, корд мусодира гашта, тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ идома дорад. {jathumbnail off}
Мӯҳр