Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:17

Имсол муҳоҷират аз Тоҷикистон 24 дарсад афзоиш ёфтааст

20 март 2013, 14:40

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, мегӯяд, тайи ду моҳи аввали соли равон аз кишвар 152 ҳазору 871 нафар ба муҳоҷират рафтаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 24 дарсад бештар аст.

Ба иттилои ин ниҳод миёни шаҳрвандони аз Тоҷикистон рафта, 127 ҳазорашонро мард ва 25 ҳазорашонро зан ташкил додаанд. Дар маҷмуъ теъдоди тоҷикон дар Русия беш аз як миллион нафар арзёбӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол Созмони милали муттаҳид дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисоду савдои Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки аз хориҷа ба Тоҷикистон дар ду моҳи аввали соли равон ҳудуди 360 миллион доллар маблағ ворид шудааст.

Тибқи иттилои Бонки марказии Русия дар соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон 3 миллиарду 651 миллион доллари амрикоӣ ворид шудааст, ки нисбати соли пешӣ ҳудуди 20 дарсад бештар аст. Аз рӯи ҳаҷми маблағҳои аз Русия воридшуда Тоҷикистон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ баъд аз Узбакистон дар ҷои дуюм меистад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!