Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 13:12

Аз Наврӯз то Наврӯз: Чеҳраҳои муҳиму баҳсбарангези сол

20 март 2013, 16:00

Абдулазизи ВОСЕЪ

Боз як соли дигарро ба гӯшаи таърих месупорем. Вале дар ин сол чеҳраҳо ва ҳодисаҳое буданд, ки намешавад онҳоро ба осонӣ аз ёд бурд. Нигоҳ ба ҳодиса ва чеҳраҳои муҳиму баҳсбарангези сол, ки аз Наврӯзи гузашта то Наврӯзи ҳозираро дар бар мегирад.

ҚУВВАТОВ ВА АБДУЛЛОҶОНОВ

Аз Наврӯз то Наврӯз: Чеҳраҳои муҳиму баҳсбарангези сол Боздошти ду мухолифи ҳукумати Тоҷикистон ҳама хабарҳои ТОП-ро ба “як нӯл зад” ва садрнишини саҳифаи аввали расонаҳо шуд. Боздошти Қувватову Абдуллоҷонов ҷои хабарҳои “бо маводи мухаддир дастгир шудани як шаҳрванди Тоҷикистон” ё “Боз як муҳоҷири тоҷик ҷиноят кард”-ро, ки бо матбуоти Русия гӯиё никоҳ шудаанд, “танг” карда, онҳоро ба чанд зина поин бурд.

Аз Наврӯз то Наврӯз: Чеҳраҳои муҳиму баҳсбарангези сол Ҳамин шабу рӯз ҳам доғтарин хабар марбут ба Қувватову Абдуллоҷонов аст. Ҳоло ҳама майна об мекунанд, ки Қувватов аз СИЗО-и Дубай ба куҷо “ғайб задааст”. Николай Николаев, вакили мудофеи Умаралӣ Қувватов шоми 19-уми март ба “Озодагон” хабар дод, ки нафари таҳти ҳимояташ чор рӯз боз бедарак аст. Николай Николаев мегӯяд, «ҳоло мехоҳем муайян кунем, ки Умаралӣ Қувватов зинда ҳаст, ё не. Дар куҷост. Ин кор барои ҳифзи ӯ буд, ё кори мақомоти махсуси Тоҷикистон. Умаралӣ Қувватов, раҳбари «Гурӯҳи 24», ки худро мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон эълом кардааст, 23-юми декабри соли 2012 дар фурудгоҳи Дубай дастгир ва дар боздоштгоҳи муваққат нигаҳдорӣ мешуд.

Дар мавриди Абдуллоҷонов. Қарор аст, 21-уми март дар Украина баррасии кассатсионии қазияи Абдуллоҷонов шурӯъ шавад. Андрей Федур, вакили мудофеи Абдумалик Абдуллоҷонов гуфтааст, аз болои ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шевченкои шаҳри Киев шикояти кассатсионӣ бурдаанд ва баррасии он фардо оғоз мешавад. Ахиран, Додгоҳи ноҳияи Шевченкои шаҳри Киев ҳукм кард, ки Абдумалик Абдуллоҷонов то як сол дар боздоштгоҳ хоҳад монд. Дар ин муддат бояд масъалаи истирдоди Абдуллоҷонов ба Тоҷикистон баррасӣ шавад. Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири пешини Тоҷикистон, ки баъд аз соли 1998 дар Иёлоти Муттаҳида ба сар мебурд, 5-уми феврали соли ҷорӣ дар фурудгоҳи Брисполи Украина аз сӯи Интерпол боздошт шуд. Мақомоти тоҷик ӯро дар куштор ва чанде дигар аз ҷиноятҳои вазнин муттаҳам медонанд ва аз Украина хостаанд, ки ӯро ба Душанбе таслим кунад.

ИЗЗАТУЛЛО ШАРИФОВ, ШИКАНҶА ВА ҚАСАМ БАР ХУДО

Аз Наврӯз то Наврӯз: Чеҳраҳои муҳиму баҳсбарангези сол Роҳбари Сарраёсати маҳбасҳои Тоҷикистонро маҳбусон «ситора»-и матбуот карданд. Иззатулло Шарифов шояд гумон ҳам намекард, ки рӯзе ба хабарсозтарин марди Тоҷикистон табдил мешавад. Аммо аслан чунин набуд, ки расонаҳо аз ин пеш ҷаноби Шарифовро умуман ном намегирифтанд, аммо дар як соли охир он ба ҳадди рекордӣ расид.

Исми роҳбари Сарраёсати зиндонҳо баъд аз марги мармузи Ҳамза Икромзодаи 27-сола сентябри соли 2012 дар зиндони№1-и шаҳри Душанбе моли расонаҳо шуд. Пайвандони Ҳамза мегӯянд, вай бар асари шиканҷа ба ҳалокат расидааст. Ба унвони далел онҳо аксҳоеро манзур карданд, ки пас аз марги вай бардошта шуда ва дар баданаш изҳои сӯхта ба назар мерасад. Ба қавли пайвандони Ҳамза, он изи дарзмол аст. Аммо масъулини зиндон иддао карданд, ки он на изи дарзмол, балки пизишкон ба хотири наҷот додани Ҳамза боклашкаи гарм истифода кардаанд.

Аммо дар маҷмӯъ комиссияи вижа сабаби марги Ҳамза Икромзодаро худкушӣ гуфт.
Наздикони Ҳамза ҳамроҳ бо чанд нафари дигар ба ҳузури Изатулло Шарипов омаданд ва роҳбари Сарраёсати зиндонҳо дар посух ба пурсишҳои модари Икромзода гуфт, ки қотилони фарзанди ӯро ҳатман Худо мезанад.

Ба дунболи қазияи Ҳамза бархе аз маҳбусон, ки гуфта мешуд, миёнашон шоҳидони марги ӯ ҳастанд ба маҳбаси Хуҷанд интиқол ёфтанд ва номи Изатулло боз расонаӣ шуд.
Ҳамон замон фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ дар интернет навиштанд, ки Иззатулло Шарипов бояд ба истеъфо биравад. Ахиран, ин пешниҳод аз сӯйи пайвандони бархе маҳбусон садо дод. Онҳо бо ирсоли як нома унвонии Эмомалӣ Раҳмон истеъфои ӯро талаб кардаанд. Зери мактуб 320 нафар имзо гузоштаанд. Бештари онҳо волидони маҳбусоне будаанд, ки тайи чанд соли ахир дар зиндон фавтидаанд.

ФЕЙСБУКИИ СОЛ -- МАҲМАДСАИД УБАЙДУЛЛОЕВ

Аз Наврӯз то Наврӯз: Чеҳраҳои муҳиму баҳсбарангези сол Шаҳрдори Душанбе дар ин сол низ чеҳраи хабарсоз боқӣ мондааст. Дар миёни ду Наврӯз Маҳмадсаид Убайдуллоев борҳо ба таври ҳамагонӣ дар расонаҳо ҳузур пайдо кард.
Вай нахустин мақомдори давлатӣ буд, ки дар Facebook саҳифа боз кард ва аввалин мансабдоре буд, ки бо корбарони ин шабакаи иҷтимоӣ мулоқоти рӯ ба рӯ дошт.
Ин мулоқот, ки “Бидуни миёнарав” ном дошт, моҳи август дар Маркази равобити пойтахт сурат пазируфт. Дар ин мулоқот бештар атрофи мавзӯъҳои муҳим ва мушкилоти шаҳри Душанбе суҳбат шуд. Фаъолони Фейсбук ҳам дар навбати худ ба Убайдуллоев суол ва пешниҳодҳои худро ироа доштанд. Ин мулоқот беш аз панҷ соат идома кард ва тайи ин муддат вай сари по истод.

Шаҳрдори Душанбе дар поёни суҳбат гуфт, ҳар нафаре дар ҳар мавзӯи муҳими марбут ба пойтахт пешниҳоду дархосте дорад, аз тариқи Фейсбук ба ӯ муроҷиат кунад. Исми Маҳмадсаид Убадуллоев, ки ҳамчунин раиси Маҷлиси Олии Маҷлиси олӣ ҳам ҳаст ва дуюмин нафари ҳукумат маҳсуб меёбад, замони оташсӯзии бозори Корвон бори дигар расонаӣ шуд. Вай бо теъдоди бузурги савдогарони ин бозор, ки молу колояшон ба коми оташ рафта буд, мулоқот кард. Шаҳрдори Душанбе дар ин суҳбат ваъда кард, тамоми соҳибкороне, ки аз бонкҳо қарз гирифта, машғули тиҷорат буданд ва дар сӯхтори ахири “Корвон” зарар дидаанд, мӯҳлати бозгардони қарзҳояшон тамдид хоҳад шуд. Убайдуллоев ҳамчунин ваъда додааст, ки зиёни соҳибкоронро аз ҳисоби амволу дороиҳои раиси бозор Нуршед Машрабов ҷуброн хоҳанд кард. Ҳамчунин, хабари ба додгоҳ кашидани Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили ин ҳизб дар парлумон, номи Убайдуллоевро дар сархатти расонаҳо қарор дод.

МАРГИ АБДУЛЛО НАЗАРОВ, АМАЛИЁТИ ХОРУҒ ВА БЕГ САБУРОВИЧ

Аз Наврӯз то Наврӯз: Чеҳраҳои муҳиму баҳсбарангези сол Ҳеч гоҳе қатли як генерал он гуна сару садо надошт, ки куштори Абдулло Назаров ба миён овард. Ва ҳеч низомии тоҷик баъд аз маргаш ин қадар расонаҳоро бо хабарҳои нав ба нав “таъмин” накарда буд.

Сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон 21-уми июли соли 2012 ҳангоми бозгашт аз сафари хизматӣ аз ноҳияи Ишкошим дар даромадгоҳи шаҳри Хоруғ кушта шуд. Ба дунбол субҳи 24-уми июл дар Хоруғ амалиёти мақомоти қудратӣ шурӯъ шуд, ки аз ду ҷониб 70 кушта бар ҷой гузошт. Бо иттиҳоми қатли генерал Назаров моҳи феврал Додгоҳи олии Тоҷикистон Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Муродов, ду сокини шаҳри Хоруғро ба мӯҳлати 17 ва 16 соли зиндон маҳкум кард. Аммо Файзи Олӣ, вакили дифои маҳкумшудаҳо гуфт, аз болои ин ҳукм шикоят хоҳанд бурд.

Дар пайи амалиёт иртибот бо маркази Бадахшони Куҳӣ қатъ шуд. Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, гуфт, ки як тир алоқа бо Бадахшонро кандааст. Ин ҳарфи ҷаноби Зуҳуров муддатҳо сайтҳои интернетӣ ва нашрияҳои давриро зеб медод. Баъдан, дар авохири соли гузашта дар пайи қатъи дастрасӣ ба Фейсбук ӯ гуфт, мехоҳад шахсан бо Марк Сукерберг, муассиси Фейсбук мулоқот кунад. Раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфт, мехоҳад, рӯшан кунад, ки Фейсбук чӣ қадар даромад дорад ва чаро ба онҳо андоз намесупорад.

“ЖУРНАЛИСТКӮБӢ”


Аз Наврӯз то Наврӯз: Чеҳраҳои муҳиму баҳсбарангези сол Аз дигар ҳодисаҳои «хотирмон»-и як соли охир мушкили журналистикаи тоҷик буд.
Аслан мушкили ҷиддии ВАО-и тоҷик аз оғози соли 2013 оғоз шуд. Қазияи Абдуқаюми Қаюмзод, як тан аз журналистони варзидаи тоҷик, барои он дар сархати расонаҳои хабарии ватанӣ ва хориҷӣ қарор гирифт, ки Вазорати умури хориҷӣ аз тамдиди сабти номи ӯ ба унвони корманди Радиои Озодӣ худдорӣ кард. Мавсуф, ки хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Тоқикистон аст, баъд аз анҷоми муҳлати аккредитатсияаш натавонист ба тамдиди он муваффақ шавад. Изҳороту нигаронии амиқи Сафорати Амрико дар Душанбе ҳам натавонист ин мушкилиро бартараф созад.

Гуфта мешавад, Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар поёни моҳи декабри соли гузашта Абдуқаюми Қаюмзодро огоҳ кардааст, ки сабти номаш тамдид намешавад ва ӯ дигар ҳаққи гузориш додан ба Радиои Озодиро надорад. Моҳи феврали соли равон Амруллоҳи Низом, хабарнигори Оҷонсии иттилоотии «Тоҷнюс» бо қарори додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба пардохти 280 сомонӣ ҷарима муваззаф шуд. Додгоҳ Амруллоҳро дар содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳкор донист. Хабарнигори «Тоҷнюс»-ро Кумитаи дини Тоҷикистон бо иттиҳоми дағалӣ, дашном додан ва беиҷозат вориди бинои ин ниҳод шудан айбдор карда буд.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бошад, 25-уми феврал баҳси додгоҳии Рустам Ҳукумов, писари раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон бо нашрияи «ИмрӯзNews»-ро ба нафъи дуюмӣ ҳал кард ва нашрияро ба пардохти 50 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ маҳкум намуд. Ҳукумов ягона рӯзнома дар Тоҷикистонро барои матлаби «Боқиев ва Ҳукумов «дарди сар»-и падарҳо шудаанд», ба додгоҳ кашид. Аммо ҳамин додгоҳ баҳс миёни кӯдакистони «Санҷобча» ва Радиои Озодиро ба нафъи радио ҳал кард. Соҷида Назарова, мудири нави кӯдакистони № 93, мавсум ба “Санҷобча” аз болои хабарнигори радиои “Озодӣ” Абдулло Ашӯров ба додгоҳи Исмоили Сомонӣ шикоят бурд ва барои зарари маънавӣ аз хабарнигор 50 000 сомонӣ талаб кард.

Моҳи март Абдураҳим Умариён, роҳбари дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз сӯйи афроди номаълум мавриди лату кӯб қарор гирифт. То ҳол ҳуввияти ҳамлагарон мушаххас нашудааст. 7-уми майи соли 2012 Далер Шарифов, роҳбари созмони “Қадам ба қадам” низ аз тарафи афроди ношинос мавриди ҳамла қарор гирифта буд, ки низ то кунун омилони ҳамла маълум нестанд.

ЧОРИЕВА-ВАРЗИШГАРИ СОЛ

Аз Наврӯз то Наврӯз: Чеҳраҳои муҳиму баҳсбарангези сол Ин бону нагузошт обрӯи Тоҷикистон миёни дигар кишварҳои дорандаи медали олимпӣ коҳиш ёбад. Вай ягона нишони олимпиро аз Лондон ба Тоҷикистон овард. Мавзуна Чориева муштзани тоҷик чеҳраи хабарсозтарини бахши варзиш дар соли рафта буд.
Аслан аз наврӯз то Наврӯз соли ӯ буд: медали биринҷии Олимпиадаи Лондон-2012-ро овард, соҳиби хонаву мошин шуд ва тӯй кард...

Воқеан, аз мошини ваъдагии “Ориёнбонк” хабаре нест. Масъулини ин бонки бонуфузи кишвар изҳор дошта буданд, ки ғолибони олимпиадаи Лондонро бо сабукрави “Лексус” қадр мекунанд. Аммо то ҷое ки медонем, он ҳанӯз ба Мавзуна нарасидааст. Дар ҷамъбасти соли нави мелодӣ нашрияи «Варзиш-Спорт» Мавзуна Чориеваро беҳтарин варзишгари соли 2012 эълон кард.

Мавзуна Чориева 27-уми октябри соли 2012 хонадор шуд ва изҳор намуд, ки баъди таваллуди фарзанд боз ба майдони ринг бармегардад, зеро бояд орзуи соҳиб шудан ба нишони тиллои олимпиашро амалӣ созад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • donno

  • 21 март 2013 11:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мачорои Муфти (рузи ошуро) бо Турчонзодахоро фаромуш кардед!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ба мавзуна шахсони хонаю мошин додагия нагуфтед.хизби нахзати исломи точикистон тухфа кард.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!