Бахшҳо
23 мар 2013 10:07Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Магистрҳо «облава» мешаванд?

Дар даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ барои магистрантҳои вилояти Суғд мушкиле пеш омад, зеро онҳоро низ ба хизмати Ватан даъват намуданд. Ҳатто 8 нафари онҳо ба хизмат сафарбар шуданд. Оё ин мушкил дар давраи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ низ сар мезанад?

«Облава» сабаби қатъ гардидани дарс


Андарқул Отаев соли аввал аст, ки дар магистратураи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳсил мекунад. Ӯ мегӯяд, дар даъвати баҳорӣ яке аз пароблемаҳое, ки барои онҳо сар зад, ба сафи қувваҳои мусаллаҳ даъват гардиданашон буд:
- Воқеан ин мушкил дар даъвати тирамоҳаии соли гузашта вуҷуд дошт ва то ҷое, ки мо шунидем ва иттилоъ пайдо кардем, чанд нафар магистарнтҳои ДДХ низ ба сафи артиш гусел карда шуданд. Ва ин мушкил то андозае сабаб гардид, ки дар як муддати муайян дарсҳо низ қатъ гардад,- мегўяд, Андарқул Отаев. Ӯ дар идомаи суханаш афзуд: «Фикр мекунам ин масъала ҳалли худро бояд ёбад, зеро дар даъвати баҳорӣ низ имкон дорад, ки дарсҳо боз ҳам қатъ гардад».

Мактуб ба Вазорати маориф ва Вазорати мудофиа


Бояд гуфт, дар ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 168 нафар магистрҳо аз рўи 22 ихтисос таҳсил мекунанд. Алъон аксари донишгоҳои олии кишвар ба системаи бисёрзинагии таҳсил гузаштаанд. Матлуба Хоҷаева, муовини ректор оид ба илм мегӯяд, ДДХ соли аввал аст, магистрҳоро қабул кардааст ва раванди таълими онҳо идома дорад. Дар иртибот ба суоли мо, ки оё магистрҳо дар даъвати баҳорӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳ сафарбар мегарданд, чунин посух дод:
- Аз баски ин раванди таълим ба тозагӣ шурӯъ шуд ва ҳанӯз дар қонунгузорӣ таваҷҷуҳ зоҳир нашуда буд, бинобар ин мо ба Вазорати маориф бо мактуби расмӣ муроҷиат кардем ва посух гирифтем, ки онҳо ба Вазорати мудофиа оид ба ин масъала муроҷиат кардаанд ва гуфтанд, ки рӯзҳои наздик посухи дақиқи роҷеъ ба он ки ин зинаи дуввум ҳам идомаи таҳсили донишҷӯии онҳо ба ҳисоб меравад, бояд ба мо низ расад.
Аммо дар як суҳбати телефонӣ Фаридун Маҳмадалиев, сардори маркази матбуотии Вазорати мудофиа аз чунин як мактуб изҳори бехабарӣ кард. Дар мавриди даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳ номбурда гуфт: «Қонун ҳуқуқи ба таъхир андохтан ва ҳуқуқи озод будан аз хизмати ҳарбиро мушаххас кардааст. Дар қонун нависта шудааст, он нафароне, ки дар муассисаҳои олии касбӣ таҳсил мекунанд ва аспирантҳо ҳуқуқи ба таъхир гузоштани хизмати ҳарбиро доранд».

Номафҳумиҳои қонун


Сабаби аслии ба хизмати ҳарбӣ даъват гардидани магистрҳоро кормандони комиссариати ҳарбӣ дар он асоснок намудаанд, ки калимаи магистр дар қонун вуҷуд надорад. Хуршеда Раҳимова, собиқ ҳуқуқшиноси Ташкилоти ғайридавлатии ҳуқуқшиносони ҷавон «Ампаро» гуфт, ки ба онҳо 5 нафар магистрҳои ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров муроҷиат намуда буданд. Пас аз он ин ташкилот доир ба ин масъала таҳлил гузаронида буд:
- Маълум гашт, ки тибқи моддаи 9-уми Қонун дар бораи муассисаҳои олии касбӣ ва баъд аз муассисаҳои олии касбӣ дар кишвари мо ду шакли таълимоти олии касбӣ мавҷуд аст. Якум бисёрзинагӣ, ки дар он бакалавриат ва магистратура дохил мешавад ва дигар ин таҳсилоти анъанавӣ мебошад. Тибқи ин қонун магистратура ва бакалавриат ба мафҳуми маълумоти олии касбӣ дохил мешаванд,- иброз дошт ҳуқуқшинос Хуршеда Раҳимова. Вай ҳамчунин афзуд, ки «ин мафҳум дар Қонун «Дар бораи уҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» истифода шудааст. Яъне, донишҷўёни ин гуна муассисаҳои таълимӣ набояд, ки ба хизмат даъват карда шаванд. Бояд гуфт, ки ин гуна кирдори комисарриати ҳарбӣ ғайриқонунӣ буд».
Бино ба иттилои ғайрирасмӣ ин мушкил танҳо дар вилояти Суғд сарзада буд. Дар дигар минтақаҳои кишвар бошад магистрҳоро ба хизмати ҳарбӣ даъват накардаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар саросари Тоҷикистон як қонун амал мекунад.

Дилошуб ОРИФЗОДА

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)