Бахшҳо

Эшони Нуриддинҷон: Манъи издивоҷҳои хешутаборӣ роҳи ҳал нест

Нуриддин Тураҷонзода, маъруф ба Эшони Нуриддинҷон, руҳонии маъруфи Тоҷикистон дар мавриди издивоҷи хешутаборӣ изҳори назар кардааст.

Эшони Нуриддинҷон дар матлабе, ки сомонаи «turajon.org» нашр кардааст, мегӯяд, шариати Паёмбари охирин алайҳиссалом барои издивоҷ ва ихтиёри ҷуфти худ якчанд қавонини худро гузоштааст. Чунон, ки дар сураи Нисо ояти 24 омадааст, Худованд издивоҷи чанд гуруҳ занонро ҳаром донистааст, ки аз ҷумлаи онҳо; модар, хоҳар, хола, амма, хоҳари ширхора ва ғайра мебошад. Худованд дар охири ин оят издивоҷи дигар занҳоро барои мард ҳалол донистааст. Яъне издивоҷ бо духтари хола ва ё амма аз назари шариати ислом мамнуъ нест.

«Дар ин ояти муборака сароҳатан зикр шудааст, ки издивоҷ бо духтари хола ё амма, тағо ё амак ҷоиз аст. Шариати ислом дар масъалаи издивоҷ зану мардро мухайяр гузоштааст ва он чи ки барои шариат муҳим аст ин аст, ки дар масъалаи куфъ аҳамият диҳанд. Куфъ яъне зану мард бояд муносиби ҳам бошанд ва марди мусалмон ва намозхон бояд ҳамсареро барои худ ихтиёр кунад, ки солиҳа ва муъмина бошад»,-навиштааст, руҳонии маъруф.

Ахиран, Саодат Амиршоева, вакили Маҷлиси Намояндагон пешниҳод кард, никоҳи хешутаборӣ дар Тоҷикистон аз роҳи қонун манъ карда шавад. Вай дар далели ин пешниҳод гуфт, издивоҷҳои хешутаборӣ бештар боиси бо нуқсон ба дунё омадани тифлон шуда, мояи азияти рӯҳии худи ин кӯдакон ва ҳам хонаводаи онҳо мегардад.

Аммо Эшони Нуриддинҷон аз Паёмбар Муҳаммад (с) мисол задаст, ки бо духтари аммаи худ Зайнаб бинти Ҷаҳш издивоҷ кард ва духтари худро ба никоҳи писарамуяш ҳазрати Алӣ даровард: «Аз ҳазрати Алӣ ва Фотимаи Заҳро фарзандоне ба дунё омад, ки ҳам донишманд ва ҳам шахсиятҳои нотакрори майдони ислом буданд. Ҳасан ва Ҳусайн ду писари ҳазрати Алӣ ва Фотима беҳтарин улгу ва намунаи хирад ва донишу илм буданд. Бинобар ҳамин ин суханҳо, ки гуё издивоҷи хешовандӣ сабаби носолим таваллуд шудани фарзанд мешавад аз назари тиб ба шакли қонуни тиббӣ собит нашудааст. Балки ин ҳолатҳо нисбӣ аст. Ҳолатҳои нисбӣ, ки гоҳо дар баъзе ҳолатҳо рух медиҳад ва дар ҳолатҳои дигар на, наметавонад қонуни қатъии тиббӣ гардида бошад».

Эшони Нуриддинҷон дар идомаи матлаб навишта, ки табибон баён доштаанд, дар сад фоизи ҳолатҳои таваллуди фарзанди маъюб ва ё носолим нисбати издивоҷи хешовандӣ 3 ё 4 фоизро ташкил мекунад. «Магар ин нисбат дар 94%, ки ношӣ аз майзадагӣ ва ё нашъамандӣ ва фоҳишагӣ аст, ки ба чашми душманони дин хурд, ки имруз сару садо баланд кардаанд. Мо намегӯем, ки ҳатман бояд инсон бо духтари хола ва амаки худ издивоҷ кунад, ҳамчуноне, ки дар баъзе аз диёнатҳои ҳиндусӣ чунин аст, ки бар онҳо чунин навъ издивоҷ воҷиб аст, вале ҳаргиз ҳам розӣ бар он нестем, ки ҳалоли Худованд ботил дониста шавад. Ин ҳақро ба мо ҳамчун мусалмон на Худо додааст ва на Паёмбар алайҳиссалом»,-меафзояд руҳонии саршинос.

-Он чи боиси ба дунё омадани фарзандони носолим мешавад танҳо издивоҷи хешовандӣ набуда, балки як ваҳми бегонагон, хусусан масеҳиён аст, ки имруз дунёро аз назари моддӣ ва набардӣ маълумотӣ контрол мекунанд. Мо то ҳол дар кишвар ягон шакле аз оморҳову пажуҳишҳои солими илмӣ дар ин маврид надорем, ки исбот кунад, ки аксари фарзандони носолим таваллудшудаи ҷомеаи мо натиҷаи издивоҷи хешовандӣ аст. Фақат одате бар мо ва бар забонҳои мо часпидааст, ки он чи аз ғарб ва ё фарҳанги ғарб дикта мешавад, бе ягон тафаккури солим қабулаш дорем. Ҳоло он, ки ба гумонам ин қабил издивоҷҳо дар ҷомеаи мо зиёд ҳастанд. Зеро ҷомеаи кишвари мо суннатӣ аст ва мардуми суннатӣ аслан бештар пойбанди таомули хешовандӣ ва падару модарсолорӣ ҳастанд. Аммо то ин дам мушкилии густариши фарзандони носолим аз ҳисоби издивоҷӣ хешовандӣ нигаронкунанда нанамудааст,-менависад Эшони Нуриддинҷон.

Вай аз профессорҳои машҳур Ален Битлерз, мудири маркази генетикии инсонӣ дар шаҳри Перси Австарилия далел овардааст, ки баъди пажуҳиш дар гуруҳи бузурге аз кӯдакони дорои ноқисии модарзодӣ ба хулосае омадааст, ки эҳтимоли таваллуд шудани фарзандони ноқис ва носолим дар издивоҷҳои бегона 2 дар садро ташкил мекунад ва дар издивоҷҳои хешовандӣ 4 дар сад: «Яъне ин маънои онро дорад, ки издивоҷи хешовандӣ танҳо сабабгори таваллуд шудани фарзандони носолим нест. Балки дар ҳолатҳое, ки дар генҳои падару модари хеш беморие вуҷуд дошта бошад, эҳтимоли интиқол ёфтани он ба фарзанд чанд дар сад зиёд аст. Худи у чунин мегуяд: «Мардум бидуни ин, ки таҳқиқоти лозим дар ин замина анҷом диҳанд ин гуна издивоҷҳоро мамнуъ эълон мекунанд ва ҳоло он ки ин тавр нест». Ӯ пешниҳод кардааст, ки барои пешгирӣ аз таваллуд шудани фарзандони носолим хуб мешавад, ки марду зан қабл аз издивоҷ ташхиси генетикӣ супоранд. Агар дар сурате, ки дар генҳои ҳардуи онҳо бемориҳои ирсӣ вуҷуд дошта бошад аз чунин издивоҷ худдорӣ кунанд».

Эшони Нуриддинҷон мегӯяд, роҳи ҳал ин нест, ки пеши роҳи издивоҷи хешутаборӣ аз роҳи қонун гирифта шавад, зеро таваллуд шудани фарзанди носолим метавонад аз падару модаре низ бошад, ки аслан ба ҳам қаробати хешӣ надоранд. «Агар воқеан ояндаи насл барои давлатдорон муҳим аст, бояд, роҳҳои анҷоми ташхисҳои генетикиро ба роҳ бимонанд ва ҳатто ин озмоишҳоро бепул анҷом диҳанд. Сониян оё манъкунандагони ин издивоҷ метавонанд кафолат диҳанд, ки дар сурати манъи издивоҷи хешовандӣ дигар фарзандони носолим дар ҷомеа таваллуд намешаванд? Магар оморҳои бесару нуги кишварҳои ғарбро наменигаранд, ки чӣ қадар фарзандони маълул ва носолим аз пушти падару модари майзада ва нашъаманад таваллуд шудааст ва чӣ қадар ин амал боиси нигаронии он кишварҳо гардидааст»?

Дар поении навишта вай мегӯяд, шариати ислом аз издивоҷи хешовандӣ дифоъ накарда ва онро низ ҳаром надонистааст. Балки ин амр ба худи шахсони издивоҷмекарда вобаста аст.
-Ҳатто дар ривояте омадааст, ки ҳазрати Ибни Умар ҷавононро тавсия карданд, ки бо бегонагон издивоҷ кунанд. Инчунин фақеҳони ислом гуфтаанд: «Издивоҷ бо хеш сабру таҳаммул мехоҳад ва бо бегона сабабгори таваллуди фарзандони наҷиб мешавад. Яъне агар инсон бо хеш издивоҷ кунад ба хотири силаи раҳми хешӣ сабру таҳаммулҳои зиёд бояд дошта бошад ва издивоҷ бо бегона фарзанди наҷиб мебахшад. Ба ҳар ҳол мо, ки мусалмон ҳастем ва дидгоҳи мо дар асоси ислом бошад ва назари ислом ва тамоми фақиҳони ислом ин аст, ки издивоҷ бо хеш ҷоиз аст ва ҳеҷ касе ҳуқуқи манъи инро надорад. Аммо дар ҳолати вуҷуд доштани бемориҳои ирсӣ, ки баъди ташхиси генетикӣ маълум мешавад, новобаста он ду ҷуфт хеш бошанд ё бегона, беҳтар аст аз чунин издивоҷ худдорӣ шавад.
Мӯҳр
Конунгузорони "найза бар ласти" мо,ки аз хирфаият фарсххо дуранд,ба асосу беасос,санчидаву носанчида ин гуна конунхо кабул мекунанд.Кабули конунхо дар бораи "Озодии вичдон ва иттиходияи дини", "Танзим...". "Масуляти падару..."ва дигарон ба ин мисол шуда метавонад.Ба чойи манъ кардан,бояд фархангу маърифати мардум боло бурда шавад.

Ассалому алайкум хонандагони азиз! Албатта чойи таассуф аст, ки мухтарам вакилони мо конуноеро пешниход менамоянд, ки аслан аз мантик берун аст. ман намефахмам ин пешниходхо фармоишист ё аз руйи хавову хавас. Эшон гарчанде муллост аммо бо далелхои равшани илмию дини чавоб долдааст. ин аст мантик ва тарзи баёни масъала. Бояд мо дар кабули конун аввал акли солимро ба кор гирем на фикри шахсии хешро. ин конун танхо барои хонум Амиршоева нест, балки барои 8 миллион мардуми кишвар аст. ононеро, ки мо хамчун намоянда интихоб намудем оё акли солимро ба кор намебаранд, ки чигуна ин конунро хуб истикбол менамоянд ва ё онхо он ваъдаву масъулиятхои хешро фаромуш кардаанд...Мухтарам вакилон ва намояндагони халк илтимос масъулияти хешро фаромуш накунед ва барои мардуми хеш содикона хизмат намоед!!! Пеш аз пешниходи конун якбор андеша намоед, ки оё ба мантик ё ба тахкикоти илми дуруст меояд ё на. вой аз дасти шумо вой.

Ман бар пешниходи конун гузорон рози нестам чун, ки имрузхо дар ватани мо сабаби 85% хона вайрони ва кудакони носолим бадуне омадан, надонистани оиладори мебошад.
Масалан; Хангоми хомиладор шудани модар вайро бояд хам аз чихати гизо ва хам аз чихати психологи таъмин кардан лозим. Ва муаммои клон тарин ин УЗИ аст, ки имруз дар дехоту дар минтакахои дур даст дастраст нестан ва халк пуле надорад ки аз чунин хизматрасонихо истифода барад. Имруз чавонон дар шахри русия 2-3 сол кор карда хонадор мешаванд. Ва пас аз азон худашон намедонанд зиндагиро читавр пеш баранд.
Аз ин дида конун гузорон рохи халли инро ебанд хубтар мешуд.

Маълуми Домуллои мухтарам бод, ки андешахои онкас решаи 1300 сола дорад. Илм ба пояе расид ки барномаи ирсият( программа наследственность) кашф шуд. Барои кашфи он Кларк ва Уинстон чоизаи Нобель шуданд. Исбот шуд, ки издивочи хешовандони наздик(духтару писари хола, амак, холак) боиси таваллуди фарзандони бемору осебпазир мешаванд. Ачиб аст ки турку мугул бо наздиконашон издивоч намекунанд. Яке аз решахои кундаклию бефахмии мо дар издивочи хешу табори аст. Агар Давлати Точикистон бо Конун садди ин шарри нангин шавад барои тозагии Миллат хизмати шоиста мекунад.

Андешахои ин рухони андешахои асри хафт на асри 21. Ин дуюм коментариям оиди ин масъала. Аввалашро чоп накардед.

Нормахмад
Ох, эшони махмадаонои мо! Хама чизеро медонад....

Сотим
Худованд дар хифзаш нигах дорад бобои эшона бехтарин! Офарин

Бояд гуфт, ки суханони Эшони Нуриддинчон сад фоиз дуруст аст. Ин хама таблиготи манъи издивочхои хешутабори аз насрониёну яхудиён аст ва депутатхои мо тахти таъсири шадиди он мондаанд. Агар чунин конуне кабул кунанд, зидди фармудахои Худо хоханд рафт, чун назари Эшони Нуриддинчон бар пояи фармудахои Куръон аст. Сархади никох ва алокаи чинси дар Куръон омадааст ва хар кас метавонад онро гирифта хонад хам дар тарчумаи руси хам точики.

Эшон бехтарин суханон.
Юсуфбеков ин суханони рухони не ин суханони аллох аст, ки тарики пайомбараш бамо гуфтааст. Ин сухан хо аз он китобе хаст, ки чуноне дар харчизе мехари муалиф созкунандаи он чиз (схема) навиштааст аз руи он истифода мекуни аз хамон китобе офаридор офаридаст моро ва анахамин (схемаро) пешниход кардааст,ки зиндаги кунед. Ту аз илми ким кадом гумрох сухан мекуни боз дар минбар овоз баланд карда . Бахшиш хакикат талхаст......

Ба Нормахмад. Куръон решаи 1300 сола надорад, Куръон решаи абади дорад, мисли Худованд кадим аст, он сухани Худо аст. яъне хамеша вучуд доштааст, то зухури пайгамбар Мухаммад (с) хам. ба пайгамбарони то Мухаммад низ омадааст, аммо пайравон онро тахриф кардаанд ва бори охир ба пайгамбари мо ба таври пурра ва комил омадааст, ба ин хотир хотам-ул-анбиё аст. Ба ин мусулмон бояд бовар кунад, вазифадор аст, ки бовар кунад, албатта агар худро дар хакикат мусулмон шуморад. дар акси хол бехтараш ягон дин ё идеологияи дигарро пайрави намояд. пас дар масъалаи издивочхои хештабори низ, дар масъалаи сархади онхо низ ё мусалмон ба фармудахои Худо бовар дорад ё не. Худованд дар китоби худ ягон чизе ки зидди рухи инсонхо бошад нафармудааст. падару модари ман низ хеш хастанд ва мо 6 фарзанд хамаги сихату саломат, маълумоти олинок ва баъзе аллакай номзаду доктору мутахассиси кори худ шудаем. ва зиёд хастанд мисли мо, аксари миллат хастанд. пас ин хама таблиготи бардуруги зиддисломи ва зиддимилли чи лозим! Хамчунон ки бо мансаб гирифтан кас баобру намешавад чун барои обру солхо кор кардан лозим аст, хамчунон бо кабули конунхои сохта пеши рохи суннату анъанахои милли ва дини хеч гох гирифта нахоханд шуд. Куръон-ро хеч кас наметавонад манъ кунад, як харфашро дигар кунад, аммо ин конунхои сохтаро хохед дид баъди чанд сол худи миллат бекор мекунад...

Боки Исрофилов
Ман ба гуфтахои Эшони Нуриддинчон, ки оиди издивочи хешутабори аз нуктаи назари дини шарх додаанд розиам ба фикрам хочат ба ташхиз нест зеро ки, ки ба дунё меояд чи кадар ризк ва чи кадар умр мебинад вай солим мешавад ё носолим мешавад танхо ба Зоти Пок маълум аст.

Nek
Пешниходи чунин конун як намуди муаррифи кардани Амиршоева дар байни оммаи мардум мебошаду халос!!! чунин конун кабул шавад хам, дар амал татбики он ба проблемахо меоварад ва харгиз ичро нахохад шуд.

Суханхои Эшон 100% рост ва дуруст аст!

Alloh dar hifzash nigoh dorad sheri islomro

Ба фикри шахсии ман фарзанд ин доди Худо аст ва солим ё носолим тавлид ёфтани он санчиши Худо аст,ки оё бандаи ман ба додаи ман шукрона мекунад ё на.Гуфтахои бобои Эшон хак аст.Хешу таборон пеш аз издивоч кардан аз ташхиси табибон гузаранд,то ин ки дар дил шубхае намонад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)