Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 17:13

Нигаронии Достиев аз маҳалбозии диаспораҳои тоҷикон дар Русия

25 март 2013, 09:13

Абдумаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, аксари диаспора ва иттиҳодияҳои тоҷикон дар Русия аз рӯи маҳал созмон ёфтаанд ва бештар ба ҳимояи манфиатҳои шахсӣ машғуланд, на миллӣ.

Достиев дар суҳбат бо “Озодагон” сӯитафоҳумҳои роҳбарони иттиҳодияҳои тоҷикон дар Русияро шарҳ дода, афзуд, “ин як дарди тоҷикӣ аст. Ҳамон созмон ва ё диаспораҳое, ки мегӯем дар асоси маҳал ташкил шудаанд. Аз Тоҷикистон шояд чандон эҳсос нашавад, вале дар Русия ин гуна масоилро мисле, ки дар оинаи нилгун мебинӣ, равшану возеҳ аст. Чанде аз чунин диаспораву созмонҳоро раҳбарон бо ҳамсару фарзандон ва хешутаборонашон таъсис додаанд. Ин ба дарди муҳоҷирон намехӯрад. Диаспораҳоро бештар барои ҳимояи манфиатҳои худашон ташкил додаанд, на барои мардуми тоҷик.”

Ин изҳороти Достиев дар ҳолест, ки ахиран дар Маскав ду чеҳраи шинохта аз ҷумлаи раҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар Русия, Каромат Шарипов ва Изат Амон мухолифи ҳам баромада, эҳтимоли додгоҳӣ шудани баҳси онҳо ба миён омадааст.

Каромат Шарипов, раиси Ҷунбиши ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирини меҳнатии тоҷик», дар сомонаи ин созмон Иззат Амон, раиси Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон дар Русияро айбдор кард, ки гӯё мехост ҳамсари яке аз се муҳоҷири боздоштшудаи тоҷикро дар Русия фиреб карда, бо баҳонаи ироаи адвокат пул ба даст орад. Аммо Иззат Амон ин даъворо рад карда, гуфтааст, ба хотири дифоъ аз шаъну шараф ва ҳайсияти инсониаш ба додгоҳи шаҳри Маскав муроҷиат хоҳад кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам чаноби Достиев!.Дар хакикат хамин диаспорахо дар Россия хеч лозим нестанд.Аз дигар тараф Сафоратхонаи Точикистон дар Россия,имконияти онро надорад,ки тамоми ин микдори садхо хазорнафараи мухочирони Точикистонро да ин мамлакат назорат барад.Аз дигар чониб фикр карда бароем,ташкил кардани чунин чамъиятхо ва диаспорахоро дар Россия ягон конун манъ накардаасту намекунад.Хар як мухочир метавонад,ки хукукшиносеро хаки музд дихаду чунин "чамъиятчахо" ва "диаспора"ву "община"ро ташкил созад.Таълифу сабту тайёр кардани низомномаву дастури амалиёти чунин чамъиятхо,он кадар мушкилие надоранд.Факат,манзилгоху чои мувофик ёфтан, "рохбар"они ин "диаспора"хоро,саргардон месозад.Модоме,ки "диаспора"таъсис дода мешавад,акнун бояд "офис" хам бошад,"офис",ки пайдо шуд,боз автомашинаву,комьпютеру масолеххои харочотшаванда (когазу,каламу чихозоти канцляри) лозим мешаванд.Боз барои ичораи "офис"хо маблагхои калон зарур мешаванд.Барои ин сарчашмахои ёфтани маблаг пеш меоянд.Маблагдеххон кихоанд,худи мухочирони соддаву фиребхурда.Бинобар ин,Сафоратхонаи Точикистон дар симои шумо,метавонад,ба Вазорати Адлияи Россия мактуб навишта,мурочиат кунад,ки ба кайд гирии чунин "община"хо,"диаспора"хо ва "Чамъият"хоро манъ созад.Мухочирон,дар симои онхо гуё,мушкилкушоёну балогардонхоро мебинанд,ки хеч фоидае аз онхо ба гайр аз саргардони нест.Бехтараш роли Намояндагони Хадамоти Мухочирати Точикистонро дар маркази вилоятхо ва субъектхои Россия чиддитар кунед.Консулхои махсуси хизматрасонии Сафоратхонаи Точикистонро дар пойтахти вилоятхо ва шахрхои калони Россия тахти назорат гиред.Аз шумо хохиш мекунем,ки фаъолияти хама гуна диаспорахои точикистониро дар доираи бехудуди Россияи Федеративи,манъ созед.Бесарусомонихо аз хамин чойхо сар мезананд.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!