Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 03:13

Боздошти шаҳрванди тоҷик бо 33,6 кило героин дар Қирғизистон

25 март 2013, 11:57

Дар вилояти Чуйи Қирғизистон як шаҳрванди Тоҷикистон бо 33,6 кило героин боздошт шудааст.

Тавре Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Қирғизистон хабар медиҳад, ин табааи тоҷик, ки 46 сол дорад, 23-уми март барои қоҷоқи мухаддирот дастгир гардидааст. Бино ба иттилои мақомоти қирғиз, зимни кофтукови шахсӣ аз 2 ҷузвдони ин шаҳрванди Тоҷикистон 37-адад бастаҳои селофанӣ, ки дар дохилашон 33 килою 660 грам маводи нашъадори «героин» будааст, дарёфт ва мусодира гардидааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Дар мавриди ному насаби шаҳрванди боздоштшудаи тоҷик дар иттилоияи мақомоти қирғиз чизе гуфта намешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Киргизхо хам аз русхо ёд гирифтаанд,-ку!!! "шахрванди Точикистонро даст гирифтем, аммо ному насабашро намегуем". о бо 33 кг агар боздошт мекардед, хамчунон бонг мезадед, ки на ин ки оламро аз ному насаб, балкиаз 7 пушти ин точики "условный" хабардор мекардед...

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!