Бахшҳо

SOS: Беморони Вич-СПИД дар Тоҷикистон афзоиш меёбанд

Аслиддин ДОСТИЕВ

Дар Тоҷикистон шумораи сироятшудагони бемории норасоии масъунияти одам ё ба истилоҳ Вич-СПИД, ҳамасола рӯ ба афзоиш ниҳодааст.

Тибқи омори расмӣ, барои нахустин маротиба ин беморӣ нимаи дуввуми соли 1991 дар ҷумҳурӣ сабт шуда буд. Он ҳангом танҳо як нафар барандаи Вич баъди ташхиси тиббӣ ошкор гардид. Соли 2008-ум шумули барандагони ин беморӣ аллакай наздик ба 1,5 ҳазор расид.

Ахиран, бино ба иттилои «Садои Русия», дар оғози соли 2013-ум барандагони Вич-Спид дар Тоҷикистон расман 4674-нафарро ташкил додааст. «Садои Русия» гуфтааст, аз ҳамин шумора беш аз 200-нафарашон кудакон будаанд, ки бо сабабҳои «барои табибони тоҷик номаълум» сироят аз ин мараз гаштаанд. Ба қавли ин родиои Русия, сар аз соли нав 4 тан аз кудакони душанбегӣ мубтало ба Вич гаштаву то ҳанӯз манбаи сироятии эшон номаълум боқӣ мондааст. Харчанд волидайни ин кӯдакон барандагони ин беморӣ нестанд, вале табибон бо иллати дер муроҷиат намудан, аз ошкор гаштани манбаи сироятӣ оҷиз мондаанд.

Дар Кӯлоб аз сирояти кудакони Вич бехабаранд. Дар навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, бино ба иттилои сардори Маркази мубориза алайҳи норасоии масъунияти одам Тоҳир Туманов, 596-нафар аз барандагони бемории Вич-СПИД расман ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин шумора, 144-нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Аммо дар мавриди гирифтори ин беморӣ гаштани кӯдакон, ҷаноби Туманов чизе гуфтан наметавонад. Ба иттилои манбаъ, сар аз соли 1991 (нахустин ошкори ВИЧ) то соли 2013-ум дар навоҳии минтақа 126-нафар аз барандагони Вич-СПИД ба ҳалокат расидаанд.

Туманов мегӯяд, ҳамасола ҳукумати ҷумҳурӣ барои ошкор ва ташхису табобати ин беморӣ ба Маркази минтақавӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо карда меояд. Танҳо барои соли 2013-ум аллакай 475-ҳазор сомонӣ ҷцдо гаштааст. Дар ҳамин маврид, ӯ меафзояд, барои ташхиси беморӣ ва табобати касалмандон аз ҷониби ташкилотҳои байналмиллалӣ таҷҳизоти тиббӣ ва доруву дармони ройгон кумак расонида мешавад. Пас, маблағе, ки аз ҳисоби ҷумҳурӣ дода мешавад, ба куҷо ва кадом мақсад сарф мешуда бошад? Ин дар ҳолест, ки дар назди Маркази мубориза алайҳи норасоии масъуният барои муолиҷа ва бистарӣ гаштани беморон ягон шароите мавҷуд нест. Вале, ба гуфтаи Туманов, 70-фисади ин маблағ барои маоши коргарону ходимони марказ нигаронида шудааст. Аммо саволи норӯшан ин аст, ки ҳамин ходимону коргарон ба чӣ фаолиятанд, ки гирифторони беморӣ на кам, ки зиёд гаштан доранду ҳам қурбон гаштан. Тибқи иттилоъ, Фонди глобалӣ дар нақша гирифтаст барои пешгирӣ ва табобати ин беморӣ барои чумҳурии Точикистон дар имсол 6-миллион доллар кумак намояд, ки ин иқдоми хубест. Аммо боз хубтар мебуд, ки ҳамин ташкилотҳо ва Вазорати тандурустии Точикистон аз болои маблағҳои чудогардида назоратро чорӣ мекарданд, то он ба суроғаи даркорӣ мерасид.

Дар ҳамин ҳол, бо ташаббуси беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб ва дастгирии ташкилотҳои хориҷии мададрасон, дар назди ин беморхона шӯъбаи табобати бемориҳои Вич-СПИД созмон дода шуда, сар аз даҳаи дуввуми моҳи марти имсол ба фаъолият оғоз намуд. Ба иттилои Эмомалӣ Бобохонов, мудири шуъба, дар ин муддат аллакай 5-тан аз беморони сирояти Вич барои муолиҷа муроҷиат карда, бистарӣ гаштаанд, ки 3-нафарашон занон будаанд. Бобохонов гуфт, аз ҳисоби фонди глобалӣ ба маблағи 7,5-ҳазор сомонӣ таъмири шӯъба анҷом дода шуда, инчунин ба маблағи 7,8-ҳазор сомонии дигар таҷҳизоти тиббӣ кумак расонда шуд. Инчунин, табобат ва таъмини доруворӣ барои маризон ройгон роҳандозӣ мегардад.

Бемории Вич-СПИД ҳанӯз солҳои 80-уми асри гузашта аз чониби табибони амрикоӣ кашф гашта буд. Дар Иттиҳоди Шуравӣ нахустин маротиба ин мараз соли 1988-ум, дар пойтахти чумҳурии автономии Қалмиқия, шаҳри Элиста, бо ошкори 32-нафар барандагони Вич, аз чумла 5-зан ва 27-тифл ба қайд гирифта шуда буд. Ҳамагӣ дар беморхонаи марказии шаҳр, аз беаҳамиятии табибон, ки аз шпритсҳои ночӯшонда (он ҳангом сӯзандоруҳои якбора мавҷуд набуд) истифода бурдаанд, сироят ёфта буданд. Манбаи сироят мутахассиси шӯравие, ки дар мамлакати африқоии Конго кору фаолият кардааст, дониста шуда буд. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 1-нафар кашф гашта буд. Баъдан, сироятёфтагони ин беморӣ ҳамасола зиёд гаштан гирифт.

Соли 2010-ум 1004-нафар, соли 2011 989 нафар ва соли 2012 зиёда аз 900-нафари дигар барои нахустин маротиба мубтало ба вируси Вич СПИД гашта, расман ба қайд гирифта шудаанд. Тавре гуфтем, тибқи иттилои расмӣ барандагони Вичи сироятӣ дар чумҳурӣ наздик ба 4700-нафар будаанд. Аммо ба иттилои ғайрирасмӣ, шумули ин тоифа ба маротиб зиёданд, ки муттаасифона, чуръати мурочиат ба Марказҳои мубориза алайҳи СПИД-ро надоранд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)