Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:06

Виза бо Русия ба Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?

25 март 2013, 14:19

Мусо Асозода, таҳлилгар

Эҳтимоли ҷорӣ кардани низоми раводид барои ворид шудан ба ҳудуди Русия ба манфиати худи ҷомеаи мо мешавад. Ин амал ба манфиати Тоҷикистон мешавад. Қабл аз ҳама он сару садоҳое, ки атрофи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳастанд, аз байн меравад. Он мисолҳое, ки Тоҷикистон ва муҳоҷирони мо гуиё тирезае барои ворид гардидани маводи мухаддир дар Русия ҳастанд бе чуну чаро гум мешаванд. Дар ин маврид шояд афроде бошанд, ки аз ворид кардани низоми раводид интизориҳои манфӣ доранд. Аз нигоҳи ман онҳо куллан иштибоҳ мекунанд. Ҳар давлате, ки бо кишвари дигар дар доираи низоми раводид ҳамкориашро ба роҳ мемонад, бурд мекунад. Давлатҳои муттамаддин аз ин равнад гузаштанд, мо ҳам бояд бигзарем.

Исмоил Раҳматов, коршинос

Дар ин маврид чизе гуфтан хеле мушкил аст. Бояд гуфт, ки чунин пешниҳод аз ҷониби гурӯҳҳои миллатгарои рус бештар садо медиҳад. Бештар маврид Жириновский чунин пешниҳод мекунад, ин навбат ин пешниҳодаш аз ҷониби комунистҳо дар Думаи давлатӣ дастгирӣ ёфт. Ворид кардани низоми раводид бо Тоҷикистон хеле мушкил аст. Мо онҷо муҳоҷирони зиёд дорем. Илова бар ин пойгоҳи низомии Русия инҷо мустақар аст. Ин маънои онро дорад, ки раводид барои Русия ҳам хароҷоти зиёдро талаб мекунад. Мушкилоти бештар на барои Тоҷикистон, балки барои худи Русия эҷод хоҳад шуд. Ҳамаи ин пешниҳодот беасосу бебунёд ҳастанд.

Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия

Масъалаи ҷорӣ намудани низоми раводидро дар Русия гурӯҳе аз мансабдорон ва сиёсатмадорон ҷонибдорӣ мекунанд. Барои мисол чанде пеш комунистҳои Думаи давлатӣ низ гуфтанд, ки Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд раводидро ҷорӣ намояд. Вале ман мутмаинам, ки ҳукумати Русия ба ин кор даст намезанад. Ба кадом хотир? Ба он хотир, ки дар сурати амалӣ кардани ин барнома нуфузи Русия кам шуда, ин давлат бори дигар аз кишварҳои ба худ наздик дур мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мушкилихо мешаванд,на бисёр.Имрузхо дар Россия,аз хар як махаллу нохияхои Точикистон,мухочирони кори,ки акнун имрузхо шахрванди ин мамлакат хастанду зодаи Точикистонанд,нихоят бисёр шудаанд.Кариб аз хамаи дехахову шахрхои Точикистон,мухочироне хастанд,ки на танхо сохиби шаходатномаи шахрвандии Россия,балки сохибу манзилу точирони миёна хисоб мешаванд.Онхо метавонанд,хешу таборони худро бо тарики виза ба Россия даъват кунанд.Мушкили танхо дар он аст,ки акнун ташвишу тарраддуди ин шахрвандон зиёда мешаванд.Барои даъват ба Россия акнун даъватгарро лозим меояд,ки ба шуъбахои нохиявиву шахрии Хадамоти Федералии Мухочират рафта,навбат гиранд,маблагхои алохида ба ракамхои махсуси Хадамоти Мухочират супоранд,ба саволхои хизматчиёни хадамот чавоб диханд ва бо онхо сухбат кунанд.Мушкилихои дигар дар он аст,ки кордехон,акнун дар асоси квотаи махсуси аз чониби хукумати вилояти ва шахри додашуда,амал мекунанд.Яъне фирмахо ва сохибкорони фарди дар асоси микдори иштироки коргарони хоричи,ки дар доираи квота аз идорахои боло,тасдик шудаанд,имконияти даъвати хоричиёнро доранд.Пахлуи дигари монеахо дар он аст,ки кисми бисёри мухочирон,бо усули патент кор мекунанд.Ин гурух мухочиронро ки даъват мекарда бошад?.Кампири нафакахури дехаи дурдастро лозим меояд,ки барои 4-5-сар бузхои чушогиаш,сареро созанд.Ин кампири корафтода чи кор мекарда бошад?Ин хели корхои майда чуйдаву лекин зарур дар Россия бехад бисёр аст.Аз афташ холо дар бораи чори кардани виза чидди ва васеъ андеша накардаанд.Даъваткунанда метавонад,ки хешу табори худ,ё хамватанашро,фардан даъват кунад.Баъд мухочири даъватшуда,метавонад,худаш патент гираду баъдан кайди худро давом дихад.Яъне шуъбахои нохиявиву шахрии ХФМ(ФМС),и Россия дар асоси патент ва додани маблаги андози кайдшуда,мухочирро тадричан ба кайд мегиранд.Дар ин соха марказхои агентии ба кор чалбсозии мухочирон зиёд шуда.конуни фаъолтар мешаванд.Як нуктаи агентии мазкур метавонад,то хазор нафарро даъват созад.Чунин марказхо акнун бурдхои калони маблагиро доро мегарданд.Агар,максади Россия аз чори кардани виза ба Точикистон,танхо ба максади кам воридшавии маводи мукаддара бошад,ин тамоман хандаовар аст.Маводи мукаддара ба воситаи каналхои махсусе ба Россия дохил мешанд,ки,барои ин хар як мухочирро аз даричаи рентгени хам гузаронидан шарт нест.Маводгарону маводбарону маводкабулкунандагону маводхарони тарафайн,чи кор карданашонро худи онхо медонанд.Виза танхои буччаи Россия ва киссахои бисёр касонро бой мегардонаду халос.
Посух додан
  • ahmad

  • 21 апрел 2013 10:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
teztar viza kunand rasiaro ki rafta vatani khudro obod kunem du milion gulom dar rassia ast ba vatan bargardand
Посух додан
  • Дилшод муҳоҷир

  • 25 май 2016 17:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои шарики стратегии мо тамоми мушкилоте. ки дар масъалаи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ ба вуҷуд меояд, раводид як василаи таҳдид ба шумор меравад. Ин суханон аз забони сиёсатмадорони воломақоми Руссия садо медиҳад. Ба фикри ман аввало ин раводид ба манфиати Руссия нест, зеро дар сиёсати геополитикӣ Россия таъсири худро дар Осиёи Миёна танг менамояд. Дуввум масъалаи раводид солҳои зиёд ҳамчун як дастак аз ҷониби Руссия барои таҳдиди Тоҷикистон истифода бурда мешавад. Бигузор раводидро ҷорӣ намоянд. Шояд дар аввал барои мардуми мо душвори эҷод намояд, вале ин боис мешавад, ки Ҳукумати мо роҳҳои нави рушди иҷтисодиёти давлатро ҷӯстуҷӯ намуда, дар як муддати муайян мардумро бо ҷойи корӣ таъмин намуда, шароити зиндагии шаҳрвандонро хуб намоянд. Зеро мардуми шарафманди тоҷик дар тӯли таърих бисер ҳолатҳои барои мардум вазнинро паси сар намуданд ва боварии комил дорам, ки ин ҳам як василаи рушди иқтиодиёти мо гашта, қувваи корие, ки имрӯз дар муҳоҷират аст, барои обод намудани Тоҷикистони азизи мо истифода мегардад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!