Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:15

Уммон ба наздикони Муаммар Қаззофӣ паноҳгоҳ додааст

25 март 2013, 15:30

Уммон ба хонаводаи Муаммар Қаззофӣ, собиқ раисҷумҳури Либия ҳаққи паноҳандагӣ додааст.

Тавре нашрияи «ал-Аҳром»-и мисрӣ менависад, мақомоти Уммон ба шарте ба ҳамсар ва як духтару ду писари Қаззофӣ унвони паноҳандаи сиёсии ин кишварро додаанд, ки аз ҳаргуна фаъолиятҳои сиёсӣ алайҳи давлати кунунии Либия даст бикашанд. Манбаъ афзуда, ки давлати Уммон дар ин бора бо мақомоти Либия ва Алҷазоир ҳамоҳангӣ намудааст.

Манобеи хабарии Алҷазоир, ки то кунун хонаводаи Қаззофӣ дар ин ҷо умр ба сар мебурданд, мегӯянд, мақомоти Алҷазоир нияти супоридани ин хонаводаро ба пулиси байналмилалӣ ё худ Интерпол надоштанд. Аз ин рӯ аз онҳо хоҳиш карданд, то ин кишварро тарк намоянд ва дар ниҳоят Уммон бо паноҳандагиашон мувофиқат кард.

Айни ҳол яке аз фарзандони дигари Қаззофӣ, ки аз ӯ Сайфулислом ном мегиранд, ҳоло дар боздошгоҳе дар Либия нигаҳдорӣ шуда, интизор меравад, моҳи оянда муҳокимаи он сурат бигирад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!