Бахшҳо
26 мар 2013 09:47Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Порахӯрон бояд паронда шаванд?

Сиёвуш ҚОСИМЗОДА

Шиҷин Пинг, раиси ҳукумати нави Чин, гуфтааст, яке аз ҳадафҳои асосияш мубориза бо фасод хоҳад буд. Ба қавли ӯ, ин як муборизаи ҳамаҷониба буда, фасодкорон ба сазои аъмолашон хоҳанд расид. Ӯ гуфтааст, мақом ва рутбаи иҷтимоии афрод таъсире дар ин мубориза нахоҳад дошт.

Тоҷикистон ғӯтавар дар фасод

Мавзӯи фасод дар ҷомеаи Тоҷикистон низ яке аз мавзӯҳои доғ ва пурсарусадо боқӣ мондааст. Борҳо коршиносон аз мавҷуд будани фасоди густарда дар кишвар ба вижа дар сатҳҳои олии Тоҷикистон интиқод кардаанд. Ҳатто барои мубориза бо ин падида Агентии мубориза бо коррупсия ташкил шудааст, то бо фасод мубориза барад. Аммо акнун ҳудуди 7 сол аз фаъолияти ин ниҳод мегузараду ин агентӣ, бештар ба дастгир намудани фасодкорони хурд машғул мебошад. Минҷумла муаллимону табибон ва дигар табақаҳои ҷомеа, ки дар сутуҳи олии давлат фаъолият надоранд. То кунун боре ҳам нашуда, ки Агентии мубориза бо коррупсия вазиреро ба ҷурми даст доштан дар фасод дастгир карда бошад. Дар поёни ҳар сол дар рӯйхати фасодкорони дастгиршудае, ки ин ниҳод ироа медиҳад, бештар кормандони одии вазоратҳову идороти давлатӣ ба чашм мехурад. Бо таваҷҷуҳ ба ҳамин масъала коршиносон решакан шудани фасод дар Тоҷикистонро тақрибан амри маҳол арзёбӣ мекунанд.

Сӯҳроб Шарипов вакили парлумони Тоҷикистон мегӯяд, ки агар барои мубориза бо коррупсия қонунҳо дигар нашаванд, Тоҷикистон ба як давлати бо касалии бедаво мубаддал мегардад. Ба боварии ин вакили парлумон,коррупсияро намешавад дар асоси таъсиси сохтори давлатӣ ё таъини кадрҳо шикаст. Бинобарин дар ин самт бояд як муборизаи ҷиддӣ бурда шавад, ҳам системаи кадрӣ оҳиста – оҳиста дигар шавад ва ҳам қонунҳо ва ҳам фарҳанги сиёсии кормандон.

"Ҷуз кормандон фарҳанги мардуми тоҷик низ бояд дигар гардад.Зеро дар системаи коррупсионии феълӣ одам маҷбур аст дар ҳама ҷо 5 – 10 сомонӣ диҳад. Дар баъзе ҷоҳо боз бештар. Ҳама ин чизро медонанд, аммо пешгирии фасод дар мамлакат нашуда истодааст ва ҳақиқатан ҳам барои ин бояд ислоҳоти ҷиддӣ вуҷуд дошта бошад. Бояд нақшаҳои дигаргун сохтани ин система омода гардад", иброз дошт Сӯҳроб Шарипов.
Дар ҳоле Тоҷикистон солҳост аз мавҷуд будани фасод дар кишвар ранҷ мебарад, ки дар чанде аз кишварҳо алакай ин падида решакан ё ба камтарин ҳадди мумкини худ расидааст.Гурҷистон яке аз ин кишварҳост, ки бо методи радикалӣ ҳам бошад, фасодро аз байн бурдааст.

Муборизае, ки натиҷа намедиҳад


Дар Тоҷикистон албатта мубориза бо коррупсия анъанаҳои махсуси худро дорад ва агар роҳи ҳале дар ин маврид пайдо нагардад, фасод дар кишвар нобуд нашуданист. Ҳарчанд он барномаҳои рушди миллие, ки дар Тоҷикистон ҳастанд, бад набуда манофеи миллӣ ва дурандешии стратегӣ доранд, аммо чун ин система дар асоси принсипҳои на чандон аён амалӣ мегарданд, мушкилот дар ин самт хеле ҷиддӣ ҳастанд. Фасод дар ҳолате маҳв мегардад, ки тағйироти системавии мукаммал ба вуҷуд ояд. Ҳам сохторҳои давлатӣ ва ҳам худи системаи давлатӣ бояд дигар гардад мегӯяд, Сӯҳроб Шарипов, зеро дар ғайри ин сурат аз ин бунбаст баромадан имкон надорад. Дар инҷо ҳукумат ва сардори давлат доранд кӯшиш мекунанду ҳамзамон таъкид менамоянд, ки коррупсия барои миллат хатари амниятӣ дорад. Аммо амалӣ кардани ин роҳкорҳои сардори давлат мушкилоти ҷиддие дар пайи худ дорад ва анъанаҳои роиҷ дар Тоҷикистон иҷоза намедиҳанд, то бо ин падида мубориза бурда шавад.
Албатта қонунҳое дар кишвар дорад қабул мегардад, ки пеши роҳи фасод ҷиддитар гирифта шавад, ба монанди аз андоз озод кардани ширкатҳо. Вале дар инҷо низ мутахассисон бояд баҳои худро диҳанд. Ин яке аз амалҳои ҳукумат мебошад, ки мақсадаш шикастани системаи коррупсионӣ аст. Вале ба хотири ҳамон мавҷуд будани омили инсонӣ кор каме мушкил мебошад. Вақте тафаккури кормандон ва мардумро ҷиҳати даст назадан ба фасод наметавон дигар кард, беҳтар аст, то система дигар гардаду муносибати байни ҳукумат ва шаҳрвандон дигар шавад. Ҳукумати электронӣ, ки қабул шудаву дорад камобеш ҷорӣ мегардад, яке аз механизмҳоест, ки метавонад ба коррупсия зарбаи ҷиддӣ бизанад. Аммо дар инҷо маърифати кор кардани мардум бо ин системаи электронӣ баланд нест.

Алҳол дар Тоҷикистон коррупсия ба як мушкили мукаммал табдил шудаасту агар методҳои радикалии ислоҳотӣ барои мубориза бо он қабул нагардад, дар оянда ҳар ҳукумату шахсе, ки сари кор наояд, дар чорчӯбаи ҳамин система кор хоҳад кард ва ин система ҳамаи кори онро маҳдуд хоҳад кард. Имконият ҳам намедиҳад ҳамаи он идеяҳое, ки шахс дорад, амалӣ гардад. Худи президент ҳам борҳо барои мубориза бо фасод гӯшзад кардааст ва дар ин 10 соли ахир бисёр корҳо анҷом шудааст, аммо ҳамзамон низоми коррупсионӣ дорад қавитар мешавад. Коррупсия яке аз системаҳои самараноктарини Тоҷикистон мебошад, ки хеле ҳам хуб кор мекунаду барои он шахсони амалкунанда дар ин чорчуба фоидаи ҷиддӣ меорад.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки ҳукуматҳову наслҳои оянда ҳам бо ин система кор хоҳанд кард, вақти он расида, то роҳи мушаххасе барои мубориза бо коррупсия муайян гардад. Зеро имрӯз доманаи фасод дар Тоҷикистон ба қадре густарда шуда, ки дигар коршиносон коррупсияро омили рушд накардани тамоми соҳаҳои кишвар чи бахши иқтисодӣ ва чи бахши сиёсии мамлакат медонанд. Аз ин рӯ, барои аз байн бурдани фасод дар кишвар бояд коре сурат гирад.

Коршиносон мегӯянд, ки фано сохтани коррупсия кори як дуруза нест ва ҳиммати дастаҷамъонаи тамоми ақшори мухталифи ҷомеаро талаб мекунад. Хуб мешуд, ки агар аҳзоби сиёсӣ ҳам барномаҳои мушаххаси тағйир додани ингуна омилҳои манфии кишварро пешниҳод мекарданд. Зеро то имрӯз ягон ҳизбу сохтори ҷамъиятие барномаи мушаххаси аз байн бурдани коррупсияро пешниҳод накардааст, то таваҷҷуҳи мардуму мутахассисонро ба худ ҷалб кунаду онҳо тавонанд инро ҳамчун як лоиҳа дар амалӣ сохтани як системаи нав истифода баранд. Чун бо таваҷҷуҳ ба ин ки ҳатто қонунҳои қабул шуда барои мубориза бо коррупсия ба далели мушкилоти кадрӣ ба дурустӣ амалӣ намешавад, ин яке аз барномаҳои ҷиддитарин барои давлат мебошад. Аз ин хотир ин барнома бояд тавре бошад, ки анъанаҳои манфии роиҷ дар Тоҷикистонро ба монанди маҳалгароӣ, хешутаборбозӣ аз байн барад. Тавре бояд шавад, ки ягон хешутабори на наздику на дур дар сохторҳои давлатӣ кор накунад ва агар яке аз онҳо ошкор гардид, вазир боястӣ вазифаашро вогузор кунад. Чун агар касе вазир шуду хешу табораш дар вазорат ӯро таҳти фишор қарор доданд, вазир дигар нахоҳад тавонист кореро ба дурустӣ анҷом диҳад. Худи маҳалгароӣ як омили мутлақ мебошад, ки мубориза бо коррупсияро сахттар кардааст.

Ҳукми қатл фасодро аз байн мебарад?

Коршинос Абдулло Давлатов муътакид аст, бо ин ҳукумате, ки ба тариқи даврони шравӣ дар замони иқтисоди бозоргонӣ раҳбарӣ мекунад, дар ин самт беҳбудие намешавад. Коррупсия дар ҳама давру замон буду ҳаст ва дар ягон давлати дунё он пурра аз байн бурда нашудааст. "Аммо фасод на бояд ҳар шаҳрванди қаториро низ ба домаш кашад. Яъне дар мактабу бозору кчаву ҳама ҷо бошад. Аслан дар даврони шравӣ ва ё давлатҳои аксари дунё ба коррупсия тоҷирону мансабдорон гирифтор будаанд. Афсс, ки дар Тоҷикистон бекоррупсия қадам зада намешавад ва сабабаш он аст, ки дар боло гуфтам", афзуд Абдулло Давлатов.

Барои решакан намудани коррупсия дар дар Тоҷикистон, Абдуллоҳи Ашӯр таҳлилгари масоили иқтисодӣ пешниҳоди ҷолибе дорад. Номбурда мегӯяд, барои порадиҳиву порагирӣ ҳукми қатл эълон кардан даркор. Баъд шояд коррупсия аз ин диёр решакан шавад. Барои он ки ягон тоҷик аз таъсири маҳалгароиву хешутаборбозӣ дар ҳукумат озод шуда наметавонад.

Абдуллоҳи Ашӯр таҳлилгари масоили иқтисодӣ мегӯяд, ки дар Тоҷикистон ҷуз қатл дигар ягон методу усул кор намеояд: "Дар сурате, ки иродаи сиёсӣ пайдо шаваду ҳамин гуфтаи маро кунанд, фасод нобуд мешавад".
Ин ҳам дар ҳолест, ки Нозим Эшонқулов директори иҷроияи Маркази бозори озоди Тоҷикистон назорату истифода аз ҷазои сангинро барои кам кардани фасод самаранок намедонад ва дар суртаи иҷрои ин равиш фасодро ҳамон тавр тараққиёбанда унвон мекунад. Ба қавли номбурда барои нест кардани фасод бояд корманди давлат ба маблағҳои буҷет алоқамандӣ нишон надиҳад ва дастгоҳи давлатии амалдоронро боястӣ коҳиш дод.Ташкил намудани "Равзанаи ягона" барои бақайдгирӣ муносибати байни соҳибкорон ва корманди давлатро кам мекунад. Вақте пештар ин механизм набуд, соҳибкорон барои ба қайдгирӣ то 3 моҳ аз як мақомот ба мақомоти дигар, аз кабинет ба кабинет мерафтанду дар ҳар ҷо як чанд "чойпулӣ" ҳатман мепардохтанд.

"Дар Гурҷистон ҳукумати Сакашвилӣ ислоҳот дар соҳаи БДА гузаронид. Ҳукумати нав медонист ҳеч кас тафтиши техникии автомобилро ҳақиқӣ намекард. Дар натиҷа ҳукумат ин талабро нест кард бо андоз аз мусофирон, суғурта ва аз ҳама асостарин постҳои БДА дар роҳ. Дар ҳама ҷо видеокамера гузошт ва дигар касе аз мусофирон "чойпулӣ" талаб намекунад" гуфт, Нозим Эшонқулов.

Ба қавли Эшонқулов дар ҳар соҳа бо кормандони давлат муносибат ҳаст, ки дар ин сурат фасод пайдо мешавад. Ва чиқадар ин муносибат зиёд бошад, ҳамон қадар коррупсия рушд меёбад.
Мӯҳр
Агар ба таърих, аниктараш фаъолияту пошхурии бархе аз империяхову давлатхо назар афканем, ошкор мегардад, ки яке аз сабабхои асосии нокомию пошхурии онхо фасод мебошад. Аз чумла пошхурии Иттиходи Шурави то андозае ба рушди фасод дар он империяи азим рабт дошт.
Сабабгори асосии рушди фасод дар Точикистон ин режими имрузаи сиёсии Точикистон аст. То он рузе, ки ин режим дар сари кудрати Точикистон карор дорад, хама гуна мубориза бар зидди фасод бемантик аст.
Барои начоти миллат ва давлати Точикистон аз ин вабо (яъне фасод), дар мамлакат бояд интихоботи демократии Президенти баргузор шавад, ки Хукумати Точикистон ба чунин интихобот хавасманд нест. Ин хукумат хатто аз воридсозии тагироту иловахо ба конуни Конститутсиони "Дар бораи интихоботи Президенти Точикистон" тарси азим дорад. Вагарна агар чунин набуд, он пешниходи эътилофи азхоби сиёсии мамлакатро дар ин чода кабул мекард. Аммо хукумат хуб медонад, ки дар сурати баргузории интихоботи озоду шаффоф бой хохад дод. Аз ин ру тамоми хизбхои сиёси, сиёсатмадорон, коршиносон, тамоми он хамватанони азизи ман, ки хохони решакан кардани фасод мебошанд, бояд миёни кулли мардуми манфиатгумкардаи Точикистон ботамкинона барои баргузории интихоботи Президенти кушиш ба харч диханд, то нафаре сари кудрати сиёсии Точикистон биёяд, ки барои ташкилии хукумати мардумсолор асос гузорад. Танхо хукумати мардумсолор метавонад аз ин вабо миллат ва давлати Точикистонро начот дихад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)