Бахшҳо

Шашмақомхони тоҷикро дар Озарбойҷон қадр карданд

Хуршед Иброҳимов, овозхони шашмақом, дар сеюмин Фестивали байналхалқии «Ҷаҳони Мугам» барандаи ҷоизаи Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Озарбойҷон шудааст.

"Азия-Плюс" мегӯяд, Иброҳимов дар озмуни "Беҳтарин сарояндаи "Карабах шикестеси" (Шикастаи Қаробоғ) соҳиби ҷоиза гардида, ба ӯ ифтихорнома ва мукофот ба маблағи 1000 евро супурда шудааст. Гуфта мешавад, дар баробари сарояндаи тоҷик дар ин озмун сарояндагони шинохтаи Озарбойҷон Элчин Ҳошимов ва Элнур Аҳмедов низ ҷоиза ба даст овардаанд. Ҷоизаи «ҷавонтарин сароянда»-и Иттиҳоди оҳангсозони Озарбойҷон насиби Орзу Алиев гаштааст.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ин озмун ҷойи аввалро Юлдуз Турдиева аз Узбакистон ба даст оварда, соҳиби ифтихорномаю мукофоти пулӣ ба маблағӣ 15 ҳазор евро ва нишони озмун гаштааст. Ҷойи дуюм ва сеюмро бошад, навозандаи эронӣ Муҳаммад Мутамаддӣ ва Мустафо Саид, шаҳрванди Миср ба тартиб касб намуда, инчунин ба онҳо ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ дода шудааст.

Дар кори симпозиум ҳудуди 30 донишманд, фаъолони мусиқӣ ва пешбарандагони мусиқии суннатии Шарқ аз Туркия, Эрон, Ироқ, Узбакистон, Қазақистон, Амрико, Фаронса, Канада, Бритониё, Либия, Бразилия, Испания, Италия, Олмон, Урдун, Ҷопон, Туркманистон, Русия, Хитой, Ҳиндустон, Тунис ва Миср иштирок доштаанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)