Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:43

Беш аз 50 депутати қирғиз бо худ силоҳ доштаанд

27 март 2013, 12:21

Ирина Карамушкина, намояндаи мардумӣ аз Ҳизби сотсиал-демократи Қирғизистон, аз он изҳори ташвиш кардааст, ки як гурӯҳ вакилон бо силоҳ муҷаҳҳазанд. Тавре «АКИpress» хабар медиҳад, Ирина Карамушкина бо такя ба иттилои Вазорати умури дохилии ин кишвар гуфтааст, 58 вакили қирғиз, ки дар миёни онҳо занон низ ҳастанд, беш аз 154 силоҳи оташфишон доранд.

Қаблан Ирина Карамушкина лоиҳаи қонунеро пешниҳод намуда буд, ки ворид шудани вакилонро бо силоҳ ба ҷаласаҳои парлумонӣ манъ менамояд ва он ҳам аз тарафи Кумитаи парлумони Қирғизистон оид ба қавонин ва ахлоқи вакилон ҷонибдорӣ шуда буд. Хонум Карамушкина дар посух ба яке аз ҳамтоёни худ, ки вакилон силоҳҳои худро ҳангоми ворид шудан ба ҷаласаи парлумонӣ дар куҷо мегузоранд, гуфт, омодааст, дар ин маврид сандуқи худро дар хидмати эшон гузорад.

Гуфта мешавад, ин ҳама зери назорати ҷиддӣ қарор додани вакилони қирғиз пас аз тазоҳуроти моҳи октябри соли 2012 мебошад, ки дар рафти он аз Содир Ҷаъфаров, яке аз вакилони қирғиз тапончаи навъи Макаров дарёфт намуда буданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!