Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 02:15

Роҳбари созмони “Гурӯҳи 24” аз худ дарак дод (САДО)

27 март 2013, 16:53

Умаралӣ Қувватов, роҳбари “Гурӯҳи 24”, бо пахши изҳороте ба сокинони Тоҷикистон аз вуҷуди худ дар зиндони Дубай дарак дод. Ин изҳороти ӯ баъд аз он расонаӣ мешавад, ки рӯзи 19 март вакили мудофеаш Николай Николаев эълом дошт, нафари таҳти ҳимояти ӯ аз зиндони Дубай “нопадид шудааст”. Иддаое, ки ҷониби Тоҷикистон, аз ҷумла дафтари Интерпол дар Душанбе онро рад намуданд.

Ҷаноби Қувватов дар муроҷиати тозаи худ ба сокинони Тоҷикистон гуфтааст, се моҳ боз бегуноҳ ва бо далелҳои бофтаву сохта дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ қарор дорад. Ӯ дар ин кор хонаводаи раисиҷумҳури Тоҷикистонро муттаҳам дониста ва гуфтааст, “онҳо диданд, ки наметавонанд маро аз Дубай ба Тоҷикистон истирдод кунанд, алайҳи ман аз шиканҷа кор мегиранд. Маро дар миёни чаҳор девор нигоҳ медоранд. Мехоҳанд аз ҷаҳони берун канда бошам ва умед доранд, ки аз ин тариқ руҳияи маро мешикананд...”

Як пора аз муроҷиати садоии Умаралӣ Қувватов, ки тавассути вакили мудофеаш ба дасти мо расид:



Дар ин муроҷиати Умаралӣ Қувватов, ки шакли садоии он низ дар сафҳаи Фейсбуки вакили мудофеаш Николай Николаев гузошта шудааст, даъват бар он шудааст, ки мардум бештар барои дифоъ аз ҳуқуқи худ садо баланд кунанд.

Умаралӣ Қувватов моҳи декабри соли гузашта дар фурудгоҳи Дубай боздошт ва то ҳол дар маҳбас нигаҳдорӣ мешавад. Мақомоти Дубай гуфтанд, ҷаноби Қувватов бо дархости ҷониби Тоҷикистон боздошт шудааст, ки ӯро дар дуздии 6 миллион доллар маблағи ширкати Тоҷирон муттаҳам медонанд. Тоҷикистон аз мақомоти Дубай хост, дар зудтарин фурсат Қувватовро ба Тоҷикистон таслим кунад. Аммо додгоҳи Дубай ин дархости Тоҷикистонро рад карда, мурофиаи додгоҳиро то 10 апрел мавқуф гузоштааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!